Дар лаҳза зиндагӣ кунед

65

Дар лаҳза зиндагӣ кунед

Зиндагӣ кардан дар лаҳза ба чӣ маъност?

Ман бовар дорам, ки баъд аз ҳар шодӣ, як шодии бузургтаре дар роҳ аст!!!

Дирӯз таърих буд, гузашта буд, фардо рамзу роз аст, чун наомадааст ва намедонем, чӣ хоҳад шуд ва имрӯз як ҳадя аст; пас имрӯзро бояд зиндагӣ кунам!

“Коре, ки ҳамин ҳоло метавонед анҷом диҳед, анҷомаш диҳед. Ва лозим нест хеле нигарони гузашта ё оянда бошед. Дар иваз, аз гузаштаи худ ёд бигиред ва аз ояндае, ки мехоҳед илҳомбахш бошад, истифода кунед”. (Нигарон – ин ҷо ба маънои хавотирӣ, дилвопасӣ, дилҳура, тарс аз оянда).

Бояд ёд бигирем, ки дар лаҳза зиндагӣ кунем. Яъне дар ҳамин алъон дар ҳамин лаҳзаи умрамон зиндагӣ кунем ва аз он лаззат барем.

Вақте аз таътилоти худ бо хонавода лаззат мебаред, нигарони кори худ набошед. Нигарон набошед, ки фардо бояд дар маҳалли корам ҳозир шавам…

Вақте машғули кор ҳастед, аз фикр кардан ба як тафреҳу саргармӣ худдорӣ кунед. Мардуми муваффақ афроде ҳастанд, ки дар лаҳза зиндагӣ доранд. Онҳо бидуни нигаронӣ зиндагӣ мекунанд.

Оё медонед, ки инсон ба далели нагаронии беш аз ҳад, дучори стрессу изтироб мешавад?

Инсонҳо стресзо ва изтиробзо ҳастанд. Зеро нигарони оянда ва чизе ҳастанд, ки наметавонанд онро контрол ва мудирият кунанд ва бо фикри он чиз худро нигарон мекунанд.

Инсонҳо нигарони ин ҳастанд, ки шуғлашонро иваз кунанд, нигарон ҳастанд, ки оё пули кофӣ барои пардохти қарз то поёни моҳ доранд, ё на?

Тарси онро доранд, ки агар натавонанд ба ҳадафҳои худ бирасанд, чӣ кор хоҳанд кард?

Инҳо тарсу изтироб ва нигарониҳое ҳастанд, ки мо наметавонем ҳамин имрӯз ва ба зудӣ роҳи ҳалле барои онҳо пайдо кунем. Агар мехоҳед зиндагии шод дошта бошед, аз ин нигарониҳо халос шавед ва лаҳза ба лаҳза зиндагӣ кунед.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.