Фоидаҳои ширбиринҷ

56

Ширбиринҷ :дар хидмати саломатӣ ва лоғарӣ

Манфиатҳои ширбиринҷ барои варзишгарон

Ширбиринҷ барои ҳамаи одамоне, ки ҳамеша машқ мекунанд, беҳтарин аст.  Агар шумо ширбиринҷро пас аз машқ истеъмол кунед, барқароршавии мушакҳои шумо зудтар анҷом дода мешавад.

Биринҷ

Барои тайёр кардани ширбиринҷ шумо метавонед биринҷи сафед ё қаҳваранг истифода баред.  Биринҷи сафедро ҳазм кардан осонтар аст, зеро он нахи камтар дорад, аммо биринҷи қаҳваранг солимтар аст.  Албатта, ҳарду намуди ин биринҷ дорои карбогидратҳо мебошанд ва имкони мувозинати захираҳои гликогенро таъмин мекунанд, ки одатан пас аз машқҳои вазнин дар сатҳи пасттарин қарор доранд.

Шир

Агар шумо ба лактоза ё шакари табии шир аллергия дошта бошед, шумо метавонед шири бодом ё шири кокосро истифода баред.  Аммо агар ширбиринҷи худро бо шири гов омода кунед ва нияти аз даст додани вазн дошта бошед, ҳатман аз шири камравған истифода кунед.  Шир манбаи хуби сафедаҳо ба монанди казеин ва зардоб ва инчунин лактоза мебошад, ки барои барқарор кардани захираҳои гликоген кӯмак мекунанд. Ин нӯшокии табиӣ ва муфид инчунин аминокислотаҳои муҳимро дар бар мегирад, ки дар тамоми равандҳои барқарорсозии бадан иштирок мекунанд.

Дорчин

Ин адвия  ба ширбиринҷ таъми форам бахшида, хосиятҳои хуб дорад.  Тавсия дода мешавад, ки варзишгарон ба парҳези худ дорчин илова кунанд.  Ин ҳанут (адвия) зидди илтиҳобӣ буда, фишори баланди хун ва нишонаҳои зуком, холестирин ва қанди хунро коҳиш медиҳад.  Дар ниҳоят, дорчин дорои хосиятҳои антиоксидантӣ буда, ба ҳозима мусоидат мекунад. Ширбиринҷ як ширинии пур, серғизо, сабук ва нерубахш аст, ки барои аз даст додани вазн кӯмак мекунад.  Ба шарте, ки шумо онро пас аз машқ ё ҳар рӯз ҳангоми хӯроки обед истеъмол кунед.  Агар шумо яке аз он одамоне бошед, ки обед хӯрдан намехоҳед ё наҳори серғизо хӯрда наметавонед, ширбиринҷ интихоби хубест, агар шумо дар ҷустуҷӯи субҳонаи гарм бошед.  Илова бар ин, тавсия дода мешавад, ки ширбиринҷро пас аз машқҳои варзишии худ бинӯшед, зеро он шуморо бештар аз мева ё шарбат тароват медиҳад.  Шумо метавонед ширбиринҷро тайёр карда, дар яхдон барои 3 рӯз нигоҳ доред.

Тайёр кардани ширбиринҷ махсуси шолй

Як литр шир

Як пиёла биринҷи сафед ё 200 грам биринҷи қаҳваранг

Ширинкунандаи дӯстдоштаатон дар ҳолати зарурӣ

Дорчин

Усули омодагӣ:

Як пораи дорчинро дар деги  шир гузоред.  Агар хоҳед, пӯсти лемонро реза карда, ба ширу дорчин илова кунед.

Ширро ҷӯшонида баъд биринҷи қаблан тар кардашударо илова кунед ва дар оташи паст пухтан бигзоред.  Биринҷро гоҳ-гоҳ бо қошуқи чӯбин омехта кунед, то ба поён наафтад .

Пас аз он ки ширбиринҷ ба таркиби қаймоқ ва ғафс мерасад, оташро хомӯш кунед.  Шумо метавонед миқдори ками асал ё шарбати хурмо ё шарбати ангурро барои ширин кардани ширбиринҷ истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки вазни худро гум кунед, ҳангоми истифодаи ширинкунандаҳо эҳтиёт шавед.  чуби дорчинро хориҷ кунед ва дар зарфи дилхоҳ гирифта истеъмол кунед.

Шумо метавонед бо ворид кардани ширбиринҷ ба парҳезоти ҳаррӯзаи худ вазни худро камтар кунед.  Бешубҳа шумо наметавонед аз ин ғизо аз ҳад зиёд бихӯред.  Мо тавсия медиҳем, ки ҳар рӯз машқ кунед ва об бинӯшед.

Нақшаи пурраи хӯрок барои аз даст додани вазн бо ширбиринҷ

Наҳорӣ (обед):

1 пиёла ширбиринҷ ва як пиёла чой

Газак (миёнваъдаи ғизои)

Шафтолу ва себ

Хӯроки нисфирӯзӣ

50 грам мурғ ё моҳӣ, хӯриш аз помидору сабзӣ ва як пиёла ширбиринҷ ҳамчун ширинӣ.

Меваи нисфирӯзӣ

Як кивӣ ва як грипфрут

хӯроки шом

Як пиёла ширбиринҷ ва як пиёла чой

Ширбиринҷ ҳар қадар, ки мехоҳед

пеш аз хоб

Як пиёла чой

Агар ширбиринҷро дӯст надоред, “ширбиринҷ”-ро ёбед.

Баъзе одамон ширбиринҷро истеъмол кардан намехоҳанд. Ин одамон метавонанд ивазкунандаи мувофиқи ширбиринҷро истифода баранд, то онҳо аз хосиятҳои ин ғаллаи муфид баҳра баранд.

Шири аз биринҷ омодашуда ивазкунандаи мувофиқ аст, ки он низ серғизо аст.  Илова бар ин шумо бояд бидонед, ки ширбиринҷ назар ба шири ширӣ ё сабзавотӣ бештар калсий дорад.  Ин навъи шир алтернативаи муносиб барои гиёҳхорӣ, инчунин занони пас аз менопауза(ёисаги) ва ҳомиладор, ки шир намехоҳанд, ҷойгузини муносиб ҳисобида мешавад.

Ширбиринҷ барои сӯхтани калорияҳо кӯмак мекунад, зеро он нӯшокиест, ки бидуни равғанҳои транс ва лактоза озод аст.  Ин масъала инчунин барои кам кардани миқдори холестирини бад дар хун мусоидат мекунад ва аз пайдоиши бемориҳои устухонӣ пешгири мекунад ва ҳамзамон фаъолияти системаи баданро беҳтар мекунад.

Натиҷаҳои таҳқиқоти ахир нишон доданд, ки шири биринҷ дорои манфиатҳои детоксикатсия буда, ба бадан миқдори зиёди витамини D медиҳад ва ба обшавии чарбиҳои бадан кӯмак мекунад.  Аз ин рӯ, ширбиринҷ яке аз нӯшокиҳои муфид барои аз даст додани вазн маҳсуб мешавад, ки дар таркибаш витаминҳои А, В12, Е ва маъданҳои монанди оҳан, магний ва селен низ мавҷуд аст.

Дар хотир доред, ки ширбиринҷ нисбат ба дигар ширҳо, хоҳ шири растанӣ ва хоҳ шири ҳайвонот осонтар аст.  Аз ин сабаб, он барои одамоне, ки аз мушкилоти ҳозима азоб мекашанд ё рефлюкси кислота доранд, тавсия дода мешавад. Ин навъи ширро барои афроде, ки ҷарроҳӣ шудаанд ва ё заиф ҳастанд, низ тавсия медиҳанд.  Микроэлементҳои таркиби ин навъи шир низ барои таҳкими системаи масуният муфиданд.  Аз ин рӯ, он муқовимати баданро бар зидди вирусҳо ва бактерияҳо зиёд мекунад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.