Иқтисод чист?

210

Инсонҳо барои боқӣ мондан ва ҳаёти худ ниёз ба чизҳое доранд, аз он ҷумла таому либос, маскан ва ҷои зиндагиро метавон номбар намуд. Ҳамчунин ғайр аз инҳо ниёзҳое доранд, ки зану фарзанд, ниёзҳои фарҳангӣ, маънавию динӣ, сиёсию иҷтимоӣ ва ғайра мебошанд. Иҳтиёҷоти инсон дар соҳаи сиёсат ҳамон давлату ҳукуматдорӣ ва он чӣ барои он лозим аст ва дар соҳаи иҷтимоӣ ҳам масъалаи қазовати ҷурму ҷиноятҳо ва мукофоти хатокорон ва барнома-резиҳои фарҳангӣ метавонад бошанд.[1] Дар байни ниёзмандиҳои инсон, иқтисод муҳимтарин ниёз аст ва бидуни он дар ҳаёти иҷтимоие, ки дорад наметавонад давоми зиндагӣ диҳад.[2]

Агар фарз бар он бошад, ки дар як замоне инсон танҳо зиндагӣ карда ва ҳеҷ гуна широкату ҳамроҳиеро барои он тасаввур накунем, дар он замон дигар иқтисодро наметавон матраҳ намуд ва аз заруриёти зиндагии он наметавонад номида шавад, чун худаш ва худаш аст, ки ниёзҳояшро ба даст оварда ва дар ҳақиқат мекораду мехӯрад.

Аммо аз он ҷиҳат, ки инсон аз аввал камтарин ҳолате, ки бар он тасаввур мегардад зиндагии хонаводагие аст, ки ҳарчанд хӯрду калон дар корҳо ва касби маоши зандагӣ тақсими корҳое доштааст. Масъулияти таъмини ниёзҳои хона аз берун ба души мардону сарпарастони хонавода буда ва бо доду ситаду кишту кор ва…, касби зиндагиро барои занони хона, ки идораи манзилро доранд осон мекардааст. Ин робита мумкин аст бо кору тавлид бошад ва ё истифода аз табиат ва он чӣ дар он рӯидааст, ки ҳар дуи он дар робитаи иқтисодии он иҷтимоъ тасаввур мешавад. Масалан як гуруҳ моҳиҳоро аз об сайд мекунанд ва гуруҳи дигар меваҷоту сабзиҷотро аз кӯҳу ҷангал таҳия намуда бо ҳамдигар мубодила ва истифода менамоянд. Дар инҷо метавон қайд намуд, ки равобити иқтисодии инсонҳо вақте эҷод мегардад, ки равобити иҷтимоӣ барқарор бошад. Хоҳ ин робитаҳо тасовӣ ва бо таодул бошад ва ё каму зиёд бар асосӣ қудрату фазилат ва ё… . Албатта дар инҷо метавонад ҳолате ҳам мутасаввир гардад, ки ниёзҳо он қадар зиёд бошад, ки дигар ниёз ба мубодила набошад, чунон ки аз боду ҳаво истифода мешавад, дар амри маошу таом ва дигар ниёзмандиҳо ҳама битавонанд истифода бибаранд, дигар ҷое барои амри иқтисодӣ боқи намемонад ва моликияти шахсӣ ва умумӣ матраҳ намегардад. Равобити иқтисодӣ ҳамчун дигар робитаҳои иҷтимоӣ як амри қарордодӣ аст. Дар робитаҳои иҷтимоӣ мафҳумҳое ҳамчун раис ва маръус, фармон ва фармонбардор ва ғайра пеш меояд ва дар равобити хосси иқтисодӣ бошад моликият ва мамлукият, ҳаққ ва талаб, мубодила ва доду ситад. Яъне бо пайдо шудани иштирок ва тақсими кор дар умури ҳаётӣ, худ ба худ қарордодҳоеро, ки гуфта шуд эҷод мекунад ва лозим мегардад то муқарраротеро, ки ҳар кадом мафоҳиму маонии худро дорад таъйину қабул гарданд, ки агар дар бахши иқтисодии он бошад ба равобити иқтисодӣ номбар мегарданд.

Тавилид

Инсон бо бештари ҳайвонҳо ин фарқиятро дорад, ки онҳо маошу таоми худро аз табиат касб мекунанд ва тақрибан ҳеҷ қудрате барои тавлиди он ниёзи худ надоранд. Аммо инсон ин қудратро дар худ дорад ва бар ҳамин асос ночор аст барои касби маоши зиндагӣ талошу кӯшиш намояд ва тавлиди ниёзҳояшро ба ӯҳда бигирад. Дар ҳақиқат дар хилқаташ байни ӯ ва он кору талошаш робитаи вуҷудӣ барқарор аст. Ҳамонтавр, ки гуфта шуд бештари ҳайвонот ин имкониятро надоранд аммо ғайр аз инсон махлуқоте ҳамчун занбӯри асал бо кору талош касби маош мекунанд ва номи тавлидгарро ҳам ба онҳо метавон гузошт. Занбӯру мӯрчагонро метавон аз он гуруҳ махлуқоте донист, ки ҳам тавлид доранд ва ҳам домдорӣ!.[3] Дар масъалаи тавлид ҳам амри иҷтимоъ ва ҳамроҳӣ лозим аст ва ин ниёз ба муқаррароте хоҳад дошт. Бинобар ин робитаи иқтисодӣ ва қонунӣ дар иҷтимоъ наметавонад фақат ба равобите гуфта шавад, ки амри тақсиму тавзеъ ва масрафи васоилу ниёзмандиҳои зиндагии инсонҳоро доро бошад. Балки робитаҳое дар ҷараёни ин амр эҷод мегардад, ки шомили равобити иқтисодии иҷтимоъ мешаванд, ҳамчун робитаи коргару корфармо, дар робита бо додани ҳаққи кор ва музд ва… . Пас метавон гуфт: робитаи иқтисодӣ аз як тараф ба сабаби тавлид ва аз тарафи дигар ба сабаби тавзеъ ва пахши сарват ва дороиҳо дар як иҷтимоъ эҷод ва барқарор мегардад. Дар ҳақиқат сарват бояд аввал тавлид гардад ва баъд байни иҷтимоъ пахш шавад ва аз тарафе ҳама дар ҳаёташон ба он ниёзманд ҳастанд, лизо зиёд нест ва ниёз ба талош ва навъе робитаи хос дорад, ки ҳамон робитаи иқтисодӣ номбар мешавад. Равобити тавлид марбут аст ба робитаи он бо арзиши кор ва арзиши кор ба корҳои тавлидӣ ихтисос надорад. Чун корҳои ғайри тавлидӣ ҳамчун корҳои фарҳангӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ ҳам арзиш доранд. Дар ҳақиқат наметавон гуфт, ки арзиши кор бар асоси ниёзи иқтисодии инсонҳо аст, балки милоки арзишгузории корҳо бар асоси ниёзҳои фитрӣ ва табиии инсон аст ва иқтисод ҳам, чун як амри лозим барои ҳаёти инсон аст, арзиш гузорӣ мешавад. Дар ин мавзӯъ боз ҳам бо хости Худо дар фасли (Арзиш) баҳс хоҳем дошт.

Ду навъ робита

Равобити иқтисодӣ ду навъ аст: робитаҳои таквинӣ ва табиӣ ва робитаҳои эътиборӣ ва қонунӣ. Дар ҳақиқат метавон бар ин асос гуфт; дар робитаи иқтисдӣ ду навъ робита дорем, ки яке табиӣ ва яке барномаӣ номида мешаванд. Робитаи табиӣ робитаҳое аст, ки хоста ё нохоста дар миёни равобити инсонӣ пайдо мешаванд, дар навъи робитаи иқтисодӣ амри арза ва тақозои бозор, баҳо ва қиматҳо, афзоиши арзиши пул ва аз ин қисмро метавон номбар намуд. Аммо дар робитаи қонунӣ ва эътиборӣ қавонине дар назар аст, ки ба ҳуқуқ ва моликиятҳои шахсӣ ва умумӣ бармегарданд.

Таъсири равобити табиӣ ва қарордодӣ дар якдигар

Аз ҷумла масъалаҳое, ки кобили диққат аст таъсири робитаҳои табиӣ ва эътиборӣ бар якдигар мебошад.

Равобити табиӣ бо кору санъат ва комил кардани асбобу абзори тавлид ва рақобату диққатҳо дар иртибот аст ва ба бовари марксистҳо комил шудани асбоби тавлид, худ сабаби қарордоду муқаррарот ва тағйири қавонини иқтисодӣ мешавад. Ба иборати худи он тафаккур (Такомули асбобу абзори тавлид сабаби тағйиру дигаргӯнӣ дар робитаи ҳуқуқии афрод мегардад), робитаи қарордодиро тобеи абзори тавлидӣ медонанд, ки ҳоким ва сабаби робитаҳои табиӣ-иқтисодӣ мебошад. Такомулу рушди асбоби тавлидиро сабаби тағйир дар робитаҳои инсон ва иҷтимоъ мешуморанд, ки худ хоҳу нохоҳ тағйири қавонину муқаррароти иқтисодиро ба ҳамроҳ дорад. Асосан ҳар қонуне аз қонунҳои иқтисодӣ дар ин тафаккур дар натиҷаи як марҳила аз такомули асбобу абзори тавлид эҷод гаштааст. Аз назари марксистҳо шояд таъсири равобити эътиборӣ дар равобити табиӣ дар иқтисод мафҳуме надорад, чунон ки шояд аз назари гуруҳе таъсири равобити табиӣ дар равобити иқтидосӣ мафҳуме надорад. Аммо ба назари мо ҳеҷ кадом саҳеҳ нест, балки ҳам муқаррароту қавонини иҷтимоии хос сабаби эҷоди ҷараёноти табиӣ-иқтисодӣ аст ва ҳам равобит ва осори табиӣ хоҳу нохоҳ сабаби эҷоди муқаррароти хоссе мегардад. Вале матлаби асосӣ ин аст, ки оё муқаррароти иқтисодӣ, яъне равобити эътибории иқтисод? мабно ва асосе ҷуз асбоби тавлид надорад? Ё ин ки ин муқаррарот, ки силсилае аз муқаррароти иҷтимоӣ ҳастанд баромада аз ҳуқуқи табиӣ ва мустақиллу ҷудо аз асбобу абзори тавлид аст? Дар ҳақиқат ихтиллофи назару бардошти мо бо тафаккури марксистӣ дар ҳамин қисмат аст.

[1] Албатта дар таърифи масоили иқтисодӣ ва ҷудо намудани он аз дигар масъалаҳо наметавон бо лафзи ниёзҳои моддӣ ва ниёзҳои маънавӣ онро расонд. Чун ғайр аз ин ки тамйизу ҷудоӣ байни моддӣ ва маънавӣ зиёд саҳеҳ нест , ниёзҳои инсон нисбати издивоҷу зиндагии зану шавҳарӣ амре аст моддӣ на иқтисодӣ. Аммо дар зоҳир масоилеро иқтисодӣ мегӯянд, ки башар нисбати онҳо моликият дошта бошад ва дар иҷтимоъ ҳаққи мубодила ва хариду фурӯши онро доро бошад. Дар ҳақиқат намешавад гуфт: моликият, ҳаққи истифода ва каспи манфиат ва… ро наметавон таърифи иқтисод донист, чун зан ва мақому мансаб ҳам гоҳ то онҳад мерасад, аммо амри иқтисодӣ гуфта намешаванд!. Дар инҷо вуҷуди пулро ҳам наметавон асл барои номидани як масъала ба номи иқтисод донист. Яъне агар шахсе бо сарвте, ки дорад чандин занро ҳам ба худ ихтисос диҳад, боз намешавад амри иқтисодӣ рӯи амали он номгузорӣ шавад. Аммо агар гуфта шавад нишонаи иқтисод тавлиду таксири чизе аст, ки байни мардум тавзеъ мегардад, аммо боз метавон чизҳоеро ёфт, ки тавлиди инсон нест, мисли маъдану конҳое, ки як амри иқтисодӣ шинохта мешаванд. Дар ҳақиқат тавлиди чизе барои таърифи иқтисод сидқ намекунад, чунон ки фарзанддор шудану заношӯӣ ки ҳам номи тавлидро дорад ҳам номи тавзеъу пахшро, вале иқитсодӣ нест. Пас агар гуфта шавад милоку нишонаи аслӣ мубодила ва хариду фурӯш аст, ки инҷо дар кишварҳое, ки иштирок дар сарвтҳо асос аст дигар иқтисоде вуҷуд надорад. Дар посухи ин матлаб бояд таваҷҷӯҳ шавад, ки ҳатто агар гуруҳе дар коре иштироки саҳму саман дошта бошанд, боз ҳам намешавад гуфт мубодила аз байн рафтааст, балки мубодила ҳамчунон ҳаст. Дар ҳақиқат чунон ки гуфтаем иқтисод як ҷузъе аз робитаи иҷтимоии инсонӣ аст.

[2] Аз ин таъриф ба номи таърифи комил наметавон истифода намуд, чунон ки сарват ҳамааш аз лавозиму заруриёти ҳаёт нестанд ва аз тарафе баъзе ниёзҳои зиндагии инсон дар иқтисод намедаромаданд.

[3] Китоби Рози офариниши инсон, тарҷумаи Муҳаммад Саидӣ

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.