Ҳикмати ташкили оила

83

Оромиши равонӣ

Қуръон

Яке аз нишонаҳои ў ин аст, ки аз худатон ҳамсароне барои шумо офарид, то бо онҳо ором гиред ва дар байни шумо дўстию меҳр ниҳод. Оре, дар ин барои мардуме, ки меандешанд, яқинан нишонаҳое (аз қудрату раҳмати Худо) аст.[1]

Ўст он зоте, ки шуморо аз нафси ягонае офарид ва ҷуфти вайро аз он падид овард, то ба он ором гиред.[2]

Ҳадис

Тафсири Саълабӣ ба нақл аз Машиха: Марде хидмати Паёмбари Худо (с) омаду гуфт: Эй Паёмбари Худо! Аз коре дар шигефтам ва ба ростӣ ҳам шигефтовар аст! Марде бо зане издивоҷ мекунад, ки ҳаргиз на ў он занро дидааст ва на он зан ўро, аммо ҳамин ки издивоҷ сурат мегираду мард бар зан ворид мешавад, бо якдигар дўсту ҳамдам мешаванд ва ҳеҷ чиз барои он ду, маҳбубтар аз дигарӣ нест. Паёмбари Худо (с) фармуд: «Ва Худованд дар миёни шумо меҳру дўстӣ қарор дод».[3]

Муҳаммад ибни Яҳё аз Аҳмад ибни Муҳаммад аз Алӣ ибни Ҳакам аз Муовия ибни Ваҳаб: Аз Имом Содиқ (а) шунидам, ки мефармуд: Паёмбари Худо (с) аз сарияе[4] бармегашт, ки дар он шуморе аз мусулмонон кушта шуда буданд. Занон, пеш омаданду аз куштаҳояшон пурсиданд. Зане наздик шуду гуфт: Эй Паёмбари Худо! Фалонӣ чӣ шуд? Паёмбар (с) фармуд: Ў бо ту чӣ нисбате дошт? Гуфт: Падарам буд. Фармуд: Худоро сипос бигузору истирҷоъ кун (инно лиллоҳ бигў), ки ў ба шаҳодат расид. Он зан ҳам чунин кард. Онгоҳ гуфт: Эй Расули Худо! Фалонӣ чӣ шуд? Фармуд: Ў бо ту чӣ нисбате дошт? Гуфт: Бародарам буд. Фармуд: Худоро ситоиш куну истирҷоъ намо, ки ў ҳам ба шаҳодат расид. Он зан боз ҳам сипос гуфту истирҷоъ намуд. Сипас гуфт: Эй Расули Худо! Фалонӣ чӣ шуд? Фармуд: Ў бо ту чӣ нисбате дошт? Гуфт: Ҳамсарам буд. Фармуд: Ҳамди Худоро ба ҷой овару истирҷоъ кун, ки ў низ шаҳид шуд. Зан фарёди вовайло сар дод. Паёмбари Худо (с) фармуд: Гумон намебурдам, ки зан шавҳарашро то ин андоза дўст дошта бошад, то ин ки ин занро дидам.

Аҳмад аз Муҳаммад аз Муаммар ибни Халлод: Аз Имом Козим (а) шунидам, ки фармуд: Паёмбари Худо (с) ба духтари Ҷаҳш фармуд: Тағоят, Ҳамза кушта шуд. Духтари Ҷаҳш истирҷоъ намуду гуфт: Инро дар пешгоҳи Худо подош ба шумор меоварам.

Онгоҳ Паёмбар (с) ба вай фармуд: Бародарат низ кушта шуд. Ў истирҷоъ намуду гуфт: Инро низ дар пешгоҳи Худо подош ба шумор меоварам.

Ва баъд Паёмбар (с) ба ў фармуд: Ҳамсарат ҳам кушта шуд. Ў дасташро бар сараш гузошту шеван сар дод. Паёмбари Худо (с) фармуд: Барои зан, ҳеҷ чизе бо шавҳар баробарӣ намекунад.

Имом Содиқ (а) дар баёни офариниши Одам ва Ҳавво фармуд: Худои Таборак ва Таоло, онгоҳ ки Одам (а)-ро аз гил офарид ва ба фариштагон фармуд, ки барояш ба саҷда афтоданд, ўро дар хоб фурў бурд. Сипас Ҳавворо барояш офарид… Чашми Одам (а), ки ба ў афтод, офаридаи зебое дид, ки ба шаклу шамоили худи ўст, аммо мода буд. Бо ў сухан гуфт ва Ҳавво ҳам бо забони худи ў ба вай посух дод. Одам пурсид: Ту кистӣ? Гуфт: Ҳамон тавр ки мебинӣ, махлуқе ҳастам, ки Худоям офаридааст.

Дар ин ҳангом Одам гуфт: Худовандо! Ин махлуқи зебое, ки дар канори ў будану нигаристан ба ў, мўҷиби унси ман аст, чист?

Худои Таборак ва Таоло фармуд: Эй Одам! Ин канизам Ҳаввост. Дўст дорӣ, ки ҳамдаму ҳамсухани ту бошаду аз дастурҳои ту пайравӣ кунад?

Одам (а) гуфт: Оре, эй Парвардигори ман! То зиндаам, туро барои ин кор сипос хоҳам гуфт.

Имом Алӣ (а): Се чиз мояи унс аст: Зани созгор, фарзанди шоиста ва дўсти ҳамроҳ.

Имом Зайнулобидин (а): Ҳаққи ҳамсар ин аст, ки бидонӣ Худои азза ва ҷалла ўро мояи оромишу унси ту қарор додааст ва бидонӣ, ки ин худ неъмате аст аз ҷониби Худои азза ва ҷалла ба ту. Пас ўро гиромӣ бидорӣ ва бо ў меҳрубон бошӣ.

Имом Содиқ (а) фармуд: Панҷ чиз аст, ки ҳар кас яке аз онҳоро надошта бошад, пайваста зиндагияш талху фикраш парешон ва дилаш машғул аст: аввал, тандурустӣ; дуввум, амният; севвум, вусъати ризқ; чаҳорум, ҳамдами созгор.

Ман гуфтам: Ҳамдами созгор чист?

Фармуд: Зани хуб, фарзанди хуб ва ҳамнишини хуб. (Сипас идома дод:) Ва панҷумини онҳо, ки ҷомеи ин чаҳортост, осоиш аст.

[1] Сураи Рум, 21.

[2] Сураи Аъроф, 189.

[3] Сураи Рум 21.

[4] Сария: ҷанге, ки Паёмбар (с) дар он ширкат карда бошанд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.