Афкоратонро зери назар бигиред

44

Афкоратонро зери назар бигиред

Барои расидан ба муваффақиятҳои бузург бояд аз тағйироти кучак оғоз кунем. Муҳимтарин роҳи эҷоди тағйироти кучак, таҳти контрол гирифтани афкорамон аст.

Афкори шумо сарчашмаи эҳсосоти шумост; эҳсосоти шумо сарчашмаи аъмол ва рафторҳои шумост.

Ҳар фикр, як навъ энержӣ аст, ки дар ҷиҳати некӣ ё бадии худамон эҷод мекунем.

Бо андешидан ба афкори биҳиштӣ бо нируе муртабит мешавем, ки шодиро эҳсос мекунем ва офтоби суруру шодиро ҳар ҷо ки равем, метобонем.

Ёд бигирем, ки эҳсосотамонро аз тариқи афкори мусбат маҳор кунем.

Барои ин кор, бояд ба диққат афкорамонро зери назар бигирем ва ҳангоме ки як фикри манфӣ ҳуҷум овард, ба ҷои он як фикри мусбат ҷойгузин кунем.

Зеҳни мусбат ва хушбин авзои мусбат ва хушеро ба худ ҷалб мекунад.

Ба хотир дошта бошем, ки олам ба нияти мо посух медиҳад.

Афкор ва ақоиди мо ба сурати энержӣ аз вуҷудамон ба атроф пахш мешавад ва ба ҷаҳони берн роҳ меёбад ва муҳит саъй мекунад ончиро ки мехоҳем, ба мо ҳадя кунад.

Рози тавфиқ ва комравоӣ он аст, ки мизони энержии худро дар ҷиҳати мусбат ва пешрафт ба кор бигирем ва афзоиш диҳем ва барои худ ва дигарон ҳамеша беҳтаринҳоро бихоҳем ва орзу кунем.

Чаро ки ҳатто агар дар мавриди дигарон нияти бад ва манфӣ дошта бошем, осори вайронгари он гиребонгири худамон мешавад.

Чӣ зебост, ки беҳтарин ниятҳо ва орзуҳо ва афкорро барои худ ва дигарон дошта бошем то ба авҷи оромишу шодӣ бирасем.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.