Умедворӣ дар сахтиҳо

38

Дарсҳое аз Наҳҷулбалоға

Умедворӣ дар сахтиҳо

Ҳазрати Алӣ (р) фармуд: Вақте сахтиҳо ба ниҳоят расад, кушоиш падид меояд ва он ҳангом, ки ҳалқаҳои бало танг шавад, осоиш фаро мерасад. (Наҳҷулбалоға, ҳикмати 351).

Дар ноумедиҳо басе умед аст

Поёни шаби сияҳ сафед аст.

***

Хостан аз Худо

Ҳазрати Алӣ(р) дар ҳикмате фармудаанд: Ҳар гоҳ аз Худои Субҳон дархосте дорӣ, аввал бар Паёмбари Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дуруд бифирист, сипас ҳоҷати худро бихоҳ, чун Худо бузургвортар аз он аст, ки аз ду ҳоҷати дархостшуда якеро бароварад ва дигариро боздорад. (Ҳикмати 361).

***

Ҳамоҳангии илму амал

Илму амал пайванди наздик доранд, пас касе, ки донист, бояд амал кунад. Чаро ки илм амалро фаро хонад, агар ҷавобаш дод мемонад вагарна меравад ва фаромўш мешавад. (Ҳикмати 366)

***

Равиши бархўрд бо дунё

Аз ҳазрати Алӣ(а) нақл шудааст, ки дар мавриди дунё фармуданд:

“Эй мардум, моли дунё монанди баргҳои хушкидаи вабохез аст, пас аз он дурӣ кунед, ки дил кандан аз он лаззатбахштар аз итминон доштан бар он аст ва ба қадри зарурат аз дунё бардоштан беҳтар аз ҷамъоварии саврати фаровон аст. Касе, ки аз дунё зиёд бардошт ба фақр маҳкум аст ва касе, ки худро аз он бениёз кард дар осоиш аст. Ва касе, ки зевари дунё чашмонашро хира кунад, дучори кўрдилӣ шавад ва касе, ки ба дунё ишқ варзид, дарунаш пур аз ғам шавад ва ғаму андўҳҳо дар хонаи дилаш бирақсанд, ки аз тарафе саргармаш кунанд ва аз тарафи дигар раҳояш кунанд, то он ҷо, ки гулўяшро гирифта дар гўшае бимирад, рагҳои ҳаёташ қатъ шавад. Нобуд кардани ў бар Худо осон ва ба гўр андохтани ў ба дасти дўстон бувад.

Аммо мўъмин бо чашми ибрат ба дунё менигарад ва аз дунё ба андозаи зарурат мебардорад ва сухани дунёро аз рўи душманӣ мешунавад, чаро, ки то гўянд сарватманд шуд, гўяд фақир шуд. Вақте дар зиндагӣ шод мешавад, бо расидани марг ғамгин мешавад ва ин ҳоли дунёи онҳо аст ва рўзи парешонӣ ва ноумедӣ ҳанўз нарасидааст. (Наҳҷулбалоға, ҳикмати 367).

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.