Кӯдакон рост мегӯянд

45

Зарурате надорад, ки мо аз берун дар кӯдакон хубиҳоро корем, бояд коре кард, то ниҳолҳои хубӣ аз даруни худи онҳо сар занад. Ҳамчунин набояд мо он ниҳолҳоро бишкуфонем, зеро шукуфондан монеи шукуфтан аст ба қавли олими динӣ боғбон ҳеҷ гоҳ ғунчаро намешукуфонад, боғбон коре мекунад, то ғунча худ шукуфта шавад.

Шукуфондани ахлоқ ҳунар нест, ҳунар заминасозӣ барои шукуфта шудан аст. Набояд бо дасти худ гулбаргҳои ғунчаро боз кунем, то бишкуфад, агар чунин кардем, фоиле ҳастем, ки дар феъли худ ангехтаи гиёҳ дахолати беҷо кардаем ва сабаби пажмурда шуданаш гаштаем. Шукуфондан боиси пажмурда шудан аммо талош барои шукуфтан сабаби боландагист. Таваҷҷӯҳ дошта бошед, ки арзишҳои ахлоқиро бо иҷбор наметавон ба кӯдак омӯхт, онҳо худ фитратан (даруни) ин чизро доро ҳастанд. Ахлоқро наметавон бо зур наҳодина кард, чун ахлоқ дар кӯдак аз ҳамон аввал вуҷуд дорад.

Наҳодина кардан (ҷо кардан) ба амри берунӣ марбут аст, амри даруниро намешавад ба иҷбор ёд дод. Мисли ин мемонад, ки мо хоҳем ба иҷбор ба касе гурусна шуданро омӯзонем дар ҳоле, ки гурусна шудан худ амри ғаризаи ҳаст ва намешавад онро ҷо кард.

Ахлоқ, яъне ростгӯӣ

Кӯдакон ростгӯ ҳастанд ва ниёзе нест, то ростгуфтанро ба онҳо ёд диҳем, бояд талош кард, то кӯдакон ҳамингуна ростгӯ рушд кунанд. Кӯдакон зотан бе риё ва ростгӯ ҳастанд, онҳо дурӯғ гуфтанро аз мо бузургтарҳо меомӯзанд, вале худи онҳо содиқ ҳастанд, мо бояд коре кунем, то дурӯғ нагуфтанро аз даст надиҳанд.

Нуктаи қобили таваҷҷуҳ ин аст, ки кӯдакон рафторҳои наздикони худро ба унвони улгӯ такрор ва анҷом медиҳанд ва падару модар дар амалкарди худ бояд диққат кунанд, то ахлоқҳои писандидаро ба фарзандони худ интиқол намоянд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.