Манфибоф набошем

37

Манфибоф набошем

Манфибоф ба чӣ маъност ва чаро набояд манфибофӣ кунем?

Манфибофӣ чӣ зарарҳое дорад?

Гуфтугӯи манфии дарунӣ – мунтақиди дарунӣ

Гоҳе вақтҳо мо бо худамон ҳарф мезанем. Гӯё касе аз дурун моро нақд мекунад. Ба ин нируи дарунӣ, ки моро нақд мекунад, дар истилоҳи равоншиносӣ мунтақиди дарунӣ гуфта мешавад.

Мунтақиди дарунии мо гоҳе моро аз зарару зиёнҳо нигаҳ медорад ва ҳифз мекунад, ки ин хуб аст, аммо гоҳе ҳам моро аз корҳои муҳим дар зиндагиамон боз медорад.

Масалан мо хӯрокеро мехӯрем, ки зарар дорад, мунтақиди даруниамон ба мо ҳушдор медиҳад, ки ин хӯрок барои саломатии мо зарар дорад ва набояд бихӯрем.

Гоҳе моро аз корҳои бад бозмедорад, ки ин хуб аст, аммо гоҳе вақтҳо мунтақиди дарунии мо, моро аз корҳои хубу муфид ва риск кардан ҳам бозмедорад.

Ба гуфтаи равоншиносон, бештари вақтҳо мунтақиди дарунии мо, бар зарари мо кор мекунад ва вориди майдони манфибофӣ мешавад.

Манфибофӣ сабаб мешавад, ки мо дар мавриди ҳама кор манфинигар ва бадбин шавем.

Мунтақиди дарунӣ бо манфибофиҳои худ сабаб мешавад, ки мо дар мавриди ҳама чиз ва ҳатто худамон нигоҳи манфӣ ва бадбинӣ пайдо кунем:

“Ман дар ин маврид хуб нестам!”

“Ман ҳаргиз наметавонам кореро дуруст анҷом диҳам!”

“Ман дар риёзӣ хуб нестам!”

“Ман дар дарсхонӣ заиф ҳастам!”

“Ман наметавонам ба донишгоҳ қабул шавам!”…

Ин суҳбатҳо метавонад худбовариро аз мо бигирад. Сабаб мешавад, ки мо дар назди худамон кучаку беарзиш шавем. Эҳсоси беарзишӣ кунем. Худамонро сарзаниш кунем. Дар ниҳоят, ин нигоҳҳои манфӣ боис мешавад, ки инсон гирифтори бемориҳои равонӣ бишавад.

Ангезаҳои моро аз байн мебарад. Инсон фикр мекунад, ки ҳеч кореро наметавонад дуруст анҷом диҳад, бовар ба худашро аз даст медиҳад, ноумедӣ ва афсурдагӣ (депрес) суроғаш меояд.

Чӣ гуна метавон мунтақиди дарунро мудирият ва маҳор кард?

Барои раҳоӣ аз ин мавзӯъ, аввалин қадам ин аст, ки ин гуна фикр карданро мутаваққиф кунем. Худамонро аз ин гуна фикр карданҳо манъ кунем.

Зеҳнамонро контрол кунем ва ҳар вақт фикрҳои манфӣ ба зеҳнамон омад, бо фикр кардан ба чизҳои дигар, фикру зеҳнамонро маҳор ва ба самти дигар ҳидоят кунем.

Ёдамон наравад, ки агар мушкилоти мо бузург бошанд, Худованде, ки муроқиби ҳар лаҳзаи мост, бузургтару азимтар ва нерумандтару қудратмандтару меҳрубонтар аст!

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.