Супоришоти ахлоқии Паёмбар(с)

46

Супоришоти ахлоқии Паёмбар(с)

Паёмбари Акрам(с) фармудаанд:

Дар рафтор бо занон аз Худо битарсед ва он чи дар бораи онон шояд, аз некӣ дареғ нанамоед.

Парвардигори ҳама якест ва падари ҳама яке. Ҳама фарзанди Одамед ва Одам аз хок аст. Гиромитарини шумо назди Худованд парҳезгортарини шумост.

Бадтарини мардум касе аст, ки гуноҳро набахшад ва аз лағзиш чашм напӯшад ва боз аз ӯ бадтар касе аст, ки мардум аз газанди ӯ дар амон ва ба некии ӯ умедвор набошанд.

Масали мӯъминин дар дӯстӣ ва дилбастагӣ ба якдигар, масали пайкаре аст, ки чун узве аз он ба дарде биёяд, боқии аъзо ба таббу бехобӣ дучор мешаванд.

Фақре сахттар аз нодонӣ ва сарвате болотар аз хирадмандӣ ва ибодате волотар аз тафаккур нест.

Донишмандон ташнаи омӯхтананд.

Дасти Худо бо ҷамоат аст.

Парҳезгорӣ ҷону танро осоиш мебахшад.

Ҳар кас чиҳил рӯз ба хотири Худо зиндагӣ кунад, чашмаи ҳикмат аз дилаш ба забон ҷорӣ хоҳад шуд.

Бо хонаводаи худ ба сар бурдан, аз гӯшаи масҷид гирифтан, назди Худованд писандидатар аст.

Беҳтарин дӯсти шумо он аст, ки айбҳои шуморо ба шумо бинумояд.

Донишро ба банди навиштан дароваред.

То дил дуруст нашавад, имон дуруст нахоҳад шуд ва то забон дуруст нашавад, дил дуруст нахоҳад буд.

То ақли касеро наозмудаед, ба ислом овардани ӯ вақъе нагузоред.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.