Кӯдак ва бозиҳои кӯдакона

51

Кӯдак ва бозиҳои кӯдакона

Бозӣ дар синни кӯдакӣ чӣ аҳамияте дорад?

Чаро кӯдак бозӣ мекунад?

Чаро бояд кӯдакро ба бозӣ ташвиқ кунем?

Аз назари ислом, бозии кӯдак бисёр масъалаи боаҳамиятест ва дар сира ва рафтори Расули Худо низ, мо борҳо дар аҳодис ва ривоёт бармехурем, ки чӣ гуна Паёмбар бо кӯдакон ба бозиҳои кӯдакона мепардохтаанд.

Муҳаббат ва унсу дӯстии Расули Худо(с) бо кӯдакон ба гунае буд, ки лутфи Паёмбар дар ҳамаи замонҳо шомили онҳо мешуд. Ҳатто Расули Худо(с) пас аз бозгашт аз сафарҳои худашон, ба суроғи кӯдакон мерафтанд ва бо онҳо бозӣ мекарданд.

Сираи Расули Худо бар он буд, ки ҳар гоҳ аз сафар бозмегаштанд, ба суроғи кӯдакон мерафтанд ва ба бозӣ бо онҳо машғул мешуданд.

Бозӣ барои кӯдак яке аз муҳимтарин ва заруритарин масоил барои рушди руҳӣ ва ҷисмии онон ба шумор меравад. Албатта дар ин миён, нақши падару модар ва мураббиёну бузургтарҳо дар ҷиҳат додан ва интихоби бозиҳо барои кӯдакон ва ташвиқи онон ба бозиҳои муфид бисёр муҳим ва муассир аст.

Бозӣ кӯдаки моро барои рӯёрӯӣ бо зиндагӣ дар оянда омода мекунад.

Аз тарафи дигар, мамониат ва маҳдуд кардани кӯдак аз бозӣ метавонад осебҳоеро ба ӯ ворид кунад.

Бозӣ барои кӯдакон фоидаҳои зиёде дорад, ки аз ҷумлаи онҳо метавон ба шаклгирӣ ва беҳбуди робитаи отифии байни падару модар ва фарзандон ишора кард.

Вобаста ба давраҳои синнии кӯдак, навъи бозӣ низ тағйир мекунад, ки дар навиштаҳои баъдӣ ба ин мавзӯъ пардохта хоҳад шуд.

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.