Эҷоди ҳамдилӣ дар хонавода

56

Эҷоди ҳамдилӣ дар хонавода

Чӣ гуна дар фазои хонавода ҳамдилиро эҷод кунем?

Чаро дар хонавода бояд ҳамдилӣ дошта бошем?

Ҳамдилӣ чист?

Ҳамдилӣ яке аз равишҳои пазириш ва кумак ба ҳар узви хонавода аст.

Албатта ёдамон бошад, ки ҳамдилӣ бо дилсӯзӣ фарқ мекунад. Ҳамдилӣ ба маънои кумак ва дастгирӣ ва пазириши ҳамдигар аст.

Ҳамдилӣ дар тавзеҳи кӯтоҳе ба маънои тавоноии зистан дар шароити дигарӣ аст.

Гӯш додан ва ҳамроҳӣ кардан бо як фарди дигар ва таваҷҷӯҳ намудан ба ӯ, бидуни инки фард эҳсоси тараҳҳум кунад ва ё сарзаниш ва ё тавсияе дарёфт кунад, балки ба таври комил эҳсос кунад, ки шумо ӯро фаҳмидаед.

Ҳамдилӣ ба маънои дарк ва фаҳмидани шароити сахти дигар узвҳои хонавода аст.

Ба маънои ҳар гуна кумаке аз тарафи аъзои хонавода аст.

Дар ҳамдилӣ касе таҳқиру сарзаниш намешавад, балки пазируфта мешавад.

Ҳар кас дар зиндагӣ дорои иштибоҳ аст ва касоне ҳастанд, ки ӯро дӯст медоранд ва барои рафъи мушкилот ва иштибоҳаш ӯро ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар ҳамдилӣ инсон аз ҳамроҳӣ ва эътимоди дигар аъзои хонавода лаззат мебарад ва эҳсоси оромиш мекунад ва ба роҳатӣ барои мушкилоти шахсиаш роҳи ҳал пайдо мекунад.

Ёдамон бошад, ки хонавода аҳамияти бисёр зиёде дар рушди ҳар узви оила дорад ва ба ҳамин манзур, лозим аст, ки барои ташкили хонаводаи солим, аз дастурот ва маорифи динӣ ва роҳнамоиҳои ашхоси ботаҷриба, мушовирину равоншиносони ботаҷриба ва огоҳ ва албатта аз бузургтарҳоямон кумак бигирем.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.