Як зан аз шавҳараш чӣ мехоҳад?

62

Як зан аз шавҳараш чӣ мехоҳад?

Занон аз шавҳар чӣ интизороте доранд?

Дар зиндагии хонаводагӣ, зану шавҳар бояд ба хостаҳои ҳамдигар эҳтиром бигузоранд. Бунёди хонаводаро бояд бар асоси эҳтиром поягузорӣ кунанд. Зан ва ё шавҳар фақат дар фикри худ ва мушилоти худ набошад.

Таваҷҷуҳ доштан ба хостаҳо ва интизороти зан, аз ҷониби шавҳар, сабаб мешавад, ки конуни хонавода гарму пурэҳсос бишавад ва зиндагии беҳтаре дошта бошанд.

Хонумҳо аз шаҳарашон интизорот ва хостаҳое доранд ва мехоҳанд, ки шавҳар ба ин хостаҳо таваҷҷуҳ кунад. Албатта ин интизорот ва хостаҳо дутарафа аст, яъне ҳамон тавре ки зан аз шавҳараш чизҳоеро интизор дорад, шавҳар низ хостаҳое дорад, ки бояд мавриди таваҷҷуҳи ҳамсар қарор гирад.

Дар идома ба чанд намуна аз муҳимтарин хостаҳо ва интизороти занон аз шавҳар ишора мекунем, ки дар муҳити хонавода боаҳамият мебошад.

Интизороти занон аз шавҳар

1 – Диққат ва таваҷҷӯҳ ба эҳсосот ва масоили отифии ҳамсар; эҳтиром гузоштан ба ҳамсар

2 – Бовафо будан

3 – Садоқат доштан

4 – Қобили эътимод ва қобили боварӣ будани ҳамсар

5 – Хушлибос бошад; либосҳои мард ҳамеша мураттабу зебо ва шинам бошад

6 – Заҳматҳои ҳамсари худро бубинад ва қадршиносӣ кунад

7 – Дар тарбияти фарзандон ба ҳамсар кумак кунад

8 – Дӯсту ҳамдами ҳамешагӣ бошад

9 – Дар сахтиҳои зиндагӣ канори ҳамсараш бошад

10 – Дарки дурусти ҳамсар ва ҳамдигарфаҳмии дутарафа…

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.