Амон аз ҳамсояи бад! !

82

 

Мо  инсонҳо дар як зиндагии иҷтимоӣ бо афроди мухталифе рафтуомад дорем, ки як даста аз ин афрод ҳамсояҳои мо ҳастанд.

Ҳамсояҳо метавонанд дар канори наздикон ва хешон ва ё дар фироқи эшон, барои хонаводаҳо ҳамчун падари мутааҳҳид ва дилсӯз, модари меҳрубон ва сабур, бародари ҳимоягар ва фидокор, хоҳари ҳамдил ва самимӣ ва хешованди басир ва хайрхоҳ бошанд.

Дар таълимоти динӣ суфоришҳои зиёде ба рафтори некӯ бо ҳамсоя шудааст. Мо дар ин навиштор ба сурати кутоҳ баъзе аз тавсияҳоро баён мекунем:

Аҳамияти ҳамсоядорӣ

Қуръони Карим ин китоби ҷовид ва мондгори илоҳӣ, дар канори дастур ба парастиши илоҳӣ ва эҳсон ба падару модар ва бастагон ва хешовандон, тавсия ба некӣ ва эҳсон дар ҳаққи ҳамсоягон намудааст; Онҷо, ки мефармояд: «Ва худоро бипарастед ва ҳеҷ чизро ҳамтои ӯ қарор надиҳед ва ба падару модар ва ҳамчунин ба хешовандон ва ятимон ва мискинон ва ҳамсояи наздик ва ҳамсояи дӯр ва дӯст ва ҳамнишин ва вомондагони дар сафар некӣ кунед! »

Қарор гирифтани мурооти ҳаққи ҳамсоя дар канори ҳаққи бандагӣ ва некӣ ба волидайн, нишон аз аҳамияти ҳамсоядорӣ дар манзари Қуръон дорад. Дар ривоёт низ таъбироти нағз ва зебое дар бораи аҳамияти ҳамсоядорӣ омада, ки ба намунаҳое ишора мешавад:

  1. Эҳтироми ҳамсоя

Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) фармуд: «Ҳурмати ҳамсоя бар [ӯҳдаи] инсон монанди эҳтироми модараш мебошад.»

  1. Нишонаи саодат

Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) фармуд: «Хона ва ҳамсояи хуб ва маркаби роҳвор аз хушбахтии мард аст.» албатта ин маворид, марбут ба саодати дунё аст, на саодати охират.

  1. Сифориши Паёмбар (с)

Алӣ (алайҳиссалом) фармуд: «Худоро! худоро! Дар борат ҳамсоягон [ва ҳуқуқашонро риоят кунед], ки васияти Паёмбар(с)-и шумост ва ҳамвора ба [хушрафторӣ бо[ ҳамсоягон сифориш мекард то онҷо, ки гумон бурдем барои онон ирсе муаян хоҳад кард.»

  1. Меъёри некӯкор будан

Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) фармуд: «Ҳаргоҳ ҳамсоягонат ҳангоми сано ва сухан гуфтан дар бораи ту, туро некӯкор бидонанд, пас ту некӯкорӣ, ва агар ҳамсоягонат бадкорат шуморанд, ту бадкорӣ.» Чаро, ки мумкин аст инсон дар ғайри маҳалли худ айбҳои хешро пинҳон кунад ва хубӣ ва бадии ӯ шинохта нашавад; Вале дар ҳамсоиагӣ воқеияти инсон ошкор мешавад. Ба ин ҷиҳат, фарде, ки ҳамсояҳо некӯкораш бидонанд, воқеан некӯкор аст.

  1. Рафъи бало

Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) фармуд: «Ба ростӣ Худованди баланд мартаба ба воситаи мусулмони дурусткор, балоро аз аҳли сад хонаи ҳамсоя аш дӯр мекунад.» Бинобарин ҳамчунон, ки Худо ба баракати Макка азобро аз аҳли он ва ба баракати Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) балоро аз Макка ва Мадина дӯр карда, вуҷуди ҳамсояи муъмин боиси рафъи бало аз ҳамсоя мешавад.

  1. Аввал ҳамсоя, баъд хариди хона

Ҳамсоя он қадар дар оромиш ва амнияти инсон нақш дорад, ки қабл аз хариди манзил ва дар назар гирифтани имтиёзот, макон ва сохтимон бояд нисбат ба ҳамсояҳо диққат намуд.

Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) фармуд: «Пеш аз хона харидан, ҳамсояро биҷӯед ва пеш аз сафар кардан, рафиқро биёбед! »

Чун айби хонаро метавон бо таъмир бартараф кард, вале ҳамсояи маъюбро ба роҳатӣ наметавон ислоҳ намуд.

  1. Амон аз ҳамсояи бад

Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) фармуд: Се чиз дар раъси мусибатҳои камаршикан аст:… Ва ҳамсоиае, ки чашмонаш туро мепояд ва дилаш хоҳоин расвоии туст, агар хубӣ бубинад онро мепӯшоанд ва фош намесозад ва агар бадӣ бубинад онро ошкор ва ҳама ҷо пахш мекунад.»

 Тазаккури як нукта:

Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) фармуд: Ҳамсоягон се гурӯҳанд ҳамсояе, ки як ҳаққ дорад, ки ин гурӯҳ аз ҳама ҳаққашон камтар аст, ва ҳамсоиае, ки ду ҳаққ дорад ва ҳамсояе, ки се ҳаққ дорад. Аммо касе, ки як ҳаққ дорад, ҳамсояи мушрике аст, ки аз бастагони инсон нест. Барои ӯ фақат ҳаққи ҳамсоягӣ аст ва аммо касе, ки ду ҳаққ дорад, ҳамсояи мусулмон аст, ки ҳаққи Ислом ва ҳаққи ҳамсоиагӣ дорад ва аммо касе, ки се ҳаққ дорад, ҳамсояи мусулмони хешованд аст, ки ҳаққи Ислом ва мусулмон будан ва ҳаққи ҳамсоиагӣ ва ҳаққи хешовандӣ дорад.

  Каломи охир:

Ҳар кори хайре осоре дорад ва хуб ҳамсоядорӣ кардан ҳам дорои баракоте аст аз ҷумла: Дафъи бало, касби саодати дунё ва охират ва маҳбубият дар назди Худо ва расулаш ва ғ. Инсоне, ки бо ҳамсояҳо хуб аст ва ҳамсояҳо низ бо ӯ хубанд, маҳаллаи ором хоҳад дошт ва дар натиҷа, саломатиҳо бештар ва умрҳо тӯлонитар хоҳад шуд. Бинобарин аз маҷмӯи ончи баён шуд, аҳамияти ҳамсоядорӣ ва ҷойгоҳ ва манзилати он дар Ислом маълум аст ва комилан равшан аст, ки саодати дунё ва охирати инсон ва оромиши дунё ва саодати охирати ӯ ба умуре монанди хуб ҳамсоядорӣ кардан ва ҳамсояи нек доштан иртибот дорад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.