Авомили муассир бар талоқ

60

Вақте духтар ва писаре дар ҷавонӣ бо доштани ишқи фаровон нисбат ба якдигар бо бастани ақди издивоҷ, конуни гарме ба номи оиларо ташкил медиҳанд, ҳеҷгоҳ тасаввур намекунанд, ки рӯзе мумкин аст мушкилоти зиндагӣ чунон бар онҳо ғалаба кунад ва шароите бар онҳо бор шавад, ки дар хатари талоқ онҳоро таҳдид кунад ва боис шавад зиндагии ошиқонаи худро ба поён бирасонанд. Чӣ иттифоқе пеш меояд, ки тамоми орзуҳои ду нафар аз байн меравад ва зиндагии онҳо қабл аз мавъиди худ мепошад. Дар ин таҳқиқ ба ин мавзӯъ мепардозем.

Ба гуфтаи коршиносон издивоҷҳое, ки дар онҳо ҳамоҳангии бештаре миёни завҷайн вуҷуд дорад муваффақтаранд ва камтар ба талоқ меанҷоманд. Ташобуҳоте монанди табақаи иҷтимоӣ, сатҳи таҳсилот, сатҳи ҳуш, ҳамнажод будан, ҳамдин будан, ҳам забон будан ва ғ. як издивоҷи муваффақро рақам мезанад.

Тафовути табақотӣ яке аз авомиле аст, ки бо имконоти иҷтимоӣ; Маъмулан дидгоҳҳои мухталиферо ба вуҷуд меоварад. Албатта агар ду нафар, он андоза аз огоҳии лозим бархурдор бошанд, ки ин тафовутҳоро ба расмият бишиносанд издивоҷашон манъе надорад.

Доктор Оқоҷонӣ, ҷомеашинос мӯътақид аст: «Талоқ ба унвони масъалаи иҷтимоӣ яке аз муҳиммтарин падидаҳои ҳаёти инсонӣ аст. Метавон гуфт камтар падидаи иҷтимоӣ ба печидагии талоқ вуҷуд дорад. Илал ва авомили талоқ мутафовитанд ва ин илал ва авомил ё дар лояҳои амиқи иҷтимоӣ қарор доранд ё дар лояҳои зоҳирӣ, аммо бояд таваҷҷуҳ дошт, ки дарк, фаҳм ва тафсири лояҳои умқӣ кори печидае аст.»

Доктор Оқоҷонӣ илал ва авомили таъсиргузор дар талоқро ингуна баён мекунад:

  • Набуди ҳамдигарфаҳмӣ ва тавофуқи ахлоқӣ
  • Носозгорӣ ва созиш надоштан
  • Бадахлоқӣ ва бадрафторӣ
  • Хушунат (латукуб кардан)
  • Тафовут ва тазодд дар зиндагӣ
  • Тафовутҳои фарҳангӣ
  • Бадгумонӣ
  • Эътиёд (нашъамандӣ)
  • Надоштани шинохт ва дарки якдигар
  • Издивоҷи дувум
  • Дахолати дигарон дар зиндагӣ
  • Ихтилофи син
  • Дуст надоштан
  • Бемории рӯҳӣ
  • Бекорӣ
  • Надоштани мувофиқат бо ҳам дар масоили ҷинсӣ (заношуии)

17- Издивоҷи иҷборӣ

Албатта аз дидгоҳи доктор Оқоҷонӣ дар миёни табақоти мухталифи иҷтимоӣ (боло, мутавассит, поин), тафовутҳои асосӣ дар иллати талоқ вуҷуд дорад. Ба таври мисол, дар табақаи поини ҷомеа, муҳиммтарин иллати талоқ мушкилоти молӣ унвон мешавад ва бекорӣ ва надодани нафақа, эътиёд(нашъамандӣ), хушунат ва бадахлоқӣ ва бадрафторӣ аз ҷумлаи дигар илали талоқ аст.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.