Ҷойгоҳи ҳазрати Марям (а) дар Қуръон

124

 

Ҳазрати Марям(а) яке аз заноне аст, ки дар Қуръон аз мақому ҷойгоҳу каромати ӯ сухан ба миён омада ва як сураи аз Қуръон ҳам ба номи он ҳазрат ихтисос дода шудааст ва ӯро улгуи инсонҳои мӯъмин баён мекунад:

 و مریم ابنت عمران التی احصنت فرجها فنفخنا فیه من روحنا و صدقت بکلمات ربها و کتبه و کانت من القانتین

 «Ба Марям духтар Имрон, ки домани худро пок нигоҳ дошт ва мо аз рӯҳи худ дар ӯ дамидем. Ӯ калимоти Парвардгору китобҳояшро тасдиқ кард ва дар итоати Худо буд». (сураи Таҳрим, ояти 12)

Бар асоси оятҳои Қуръон аз он ҷиҳат, ки ҳазрати Закариё(а) кафолати ҳазрати Марям(а)-ро бар ӯҳда дошт фаҳмида мешавад, ки ҳаргоҳ ҳазрати Закариё(а) вориди меҳроб мешуд, рӯзии хоссе назди он бону меёфт ва ӯ мегуфт: “Аз назди Худост, ки Худованди Субҳон он рӯзиро беҳисоб ба ӯ арзонӣ доштааст.

کلّما دخل علیها زکریا المحراب وجد عندها رزقاً قال یا مریم انّی لک هذا قالت هو من عند اللّه یرزق من یشاء بغیر حساب

 Ҳаргоҳ Закариё дар меҳроб бар ӯ ворид мешуд, назди ӯ навъе хӯрокӣ меёфт. гуфт эй Марям! ин аз куҷо барои ту омадааст? Ӯ гуфт: ин аз ҷониби Худост ва ба ҳаркас бихоҳад бешумор рӯзӣ медиҳад». (сураи Оли Имрон, ояти 37)

Боз дар Қуръон омадааст, ки фариштагон бо Марям(а) сухан мегуфтанд ва суханони ӯро мешуниданд:

و اذ قالت الملائکة یا مریم ان اللّه اصطفاک و طهّرک و اصطفاک علی نساء العالمین، یا مریم اقنتی لربّک و اسجدی و ارکعی مع الراکعین

 “Фариштагон ба ҳазрати Марям хабар доданд, ки баргузида ва покиза ва аз занони бартарини олами ҳастӣ аст ва пайваста ба ёди Худост аз ин рӯ Худо ба ӯ фармон дод барои ман хузуъ кун ва барои ман саҷда кун  ва бо рукӯъкунандагон рукӯъ кун”. (сураи Оли Имрон, 43 ва 44)

Пас зан метавонад ба мақоме бирасад, ки бо малакути олам иртибот барқарор карда ва фариштагон бо ӯ сухан бигӯянд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.