Муқоисаи омори никоҳу талоқ дар ду соли гузашта дар кишвар

Қариб 13 ҳазор оила аз ҳам пош хӯрдаанд.

53

Дар давоми 11 моҳи соли 2022 дар кишвар 63 ҳазору 377 оила бунёд гардида, 12 ҳазору 792 оила аз ҳам пош хӯрдаанд. Дар ин бора аз Вазорати адлияи хабар доданд.

Ба гуфтаи манбаъ, ин омори никоҳ нисбат ба як соли гузашта камтар буда, дар соли 2021-ум 74 ҳазору 863 нафар оила барпо кардаанд. Аммо аз ҳам пошхӯрии оилаҳо нисбат ба соли гузашта қариб бетафовут боқӣ мондааст.

Тафовути бастани ақди никоҳ ва бекор кардан он аз ҷониби шаҳрвандони кишварро дар соли 2021 ва 11 моҳи соли 2022  мушоҳида намоед.

 

Дар ин ҳол, бастани ақди никоҳ бо шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар 11 моҳи соли равон нисбат ба соли гузашта камтар ба қайд гирифта шудааст.

Дар соли 2021-ум 189 шаҳрванди кишвар бо шаҳрвандони хориҷӣ ақди никоҳ баста будаанд. Дар 11 моҳи соли 2022 ин рақам 101 нафар камтар шуда, дар ин давра 88 духтарони тоҷик бо шаҳрвандони хориҷӣ ақди никоҳ бастаанд.

Ба иттилои манбаъ, имсол дар шаҳри Душанбе барпокунии оила бо шаҳрвандони хориҷӣ бештар ба қайд гирифта шудааст. Ин дар ҳолест, ки дар соли 2021 дар барпо кардани оила бо шаҳрвандони хориҷӣ сокинони ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар мақоми аввал меистоданд.

Тафовути бастани ақди никоҳи шаҳрвандони кишвар бо шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар вилоятҳои ҷумҳурӣ дар соли 2021 ва 11 моҳи соли 2022-ро бубинед.

Аз рӯи омори дастрасии сомонаи “Азия-Плюс”, барпо кардани оила дар вилояти Хатлон аз ҳама бештар аст. Вилоти Суғд ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ дар ин самт дар зинаҳои баъдӣ меистанд.

Ба иттилои манбаъ, пошхӯрии оилаҳо ва бекор кардани ақди никоҳ нисбат ба соли 2021-ум бо 11 моҳи соли 2022 қариб бетафовут боқӣ мондааст.

Тафовути бастани ақди никоҳ ва бекор кардани он дар вилоят, пойтахт ва навоҳии тобеи ҷумҳуриро дар соли 2021 ва 11 моҳи соли 2022 назар кунед.

Бознашр аз сомонаи “Азия-Плюс”

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.