Ризояти бештар аз зиндагӣ

82

Ризояти зану шавҳар аз якдигар дар зиндагии муштарак, дар ҳақиқат нигариши мусбату лаззатбахш аст, ки зану шавҳар аз ҷанбаҳои мухталифи равобити худ бо якдигар доранд.

Ташвеқи якдигар барои рушд

Дар як робитаи хуб, ҳар ду тараф барои рушду тағйир ташвеқ мешаванд. Агар мехоҳед коратонро раҳо кунед ва дарсатонро идома диҳед, ҳамсартон бояд аз шумо ҳимоят кунад. Агар мехоҳед кори ҷадидеро имтиҳон кунед ё ба коре, ки дар гузашта мекардед баргардед, ӯ бояд пуштибони шумо бошад. Шумо ҳам бояд ӯро аз ҳамин ҳимоятҳо баҳраманд кунед. Ҳамсартонро ташвеқ кунед корҳои ҷадидеро имтиҳон кунад, чизҳои тозае биёмӯзад ва бо афроди ҷадид ошно шавад. Агар бихоҳед ҳамсаратон ҳеҷ тағйире накунад ва ҳамон тавр, ки ҳаст бимонад, зиндагиятон бисёр хастакунанда хоҳад шуд.

 Заъфҳоятонро қабул кунед

Ҳамсаратон аз шумо интизор надорад олитарин бошед ва эҳтимолан шумо ҳам чунин интизоре аз ӯ надоред. Ҳамаи мо инсон ҳастем ва мумкин аст заъфҳое дошта бошем. Дар ҳақиқат барои ин, ки робитаи мондагору ҷиддӣ дошта бошед, бояд иҷоза диҳед ҳамсаратон аз заъфҳои шумо огоҳ шавад, ин сабаб мешавад дар бораи чизҳое, ки озоратон медиҳад ҳассостар шавед ва ба шумо кӯмак мекунад то худатонро дар он масъалаҳо тақвият кунед.

 Зуд ва аз сидқи дил бубахшед

Ҳар замон, ки бо ҳам даъво кардед нигарон набошед, ки чӣ касе баранда ва чӣ касе бозанда мешавад. Аз мушоҷираҳо ва ҳарфҳое, ки зада мешавад дарс бигиред ва дар пайи ёфтан роҳи ҳалле барои мушкилатон бошед. Вақте аз даъвое дарс мегиред, метавонед он дарсро дар робитатон пиёда кунед то аз бурузи дубораи он мушкил дар оянда ҷилавгирӣ кунед. Ҳамаи инҳо хеле хуб аст, аммо коратон тамом нашудааст! ҳамсаратонро бубахшед! худатонро ҳам ҳамин тавр! Даъво тамом шудааст, ҳоло дигар бояд аз он бигузаред. Талош кунед ҳеҷгоҳ аз ҳамсаратон кинае ба дил нагиред, зеро ин хашму кина то ҷое идома пайдо мекунад, ки дигар дӯст нахоҳед дошт робитатонро бо ӯ идома диҳед.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.