Розҳое, ки ҳар зане бояд онҳоро бидонад! [қисмати дуввум]

123

Чаро занҳо дар ҳаққи мардҳо модарӣ мекунанд?

Медонам мутанаффиред аз ин, ки бишинавед, шумо ҳам дар ҳаққи марди зиндагитон модарӣ мекардед, аммо бовар кунед, танҳо шумо нестед, ки ин корро мекунед. Далели ин кор чист?

Мо занҳо барои модарӣ кардан омӯзиш дидаем ва барои он низ подош мегирем. Вақте кӯдак будед, ягона улгуятон модаратон буд.

Ҳамеша шоҳид будед, ки ӯ чигуна аз шумо, бародар ва хоҳарҳоятон ҳимоят мекард. Бадин тартиб омӯхтед чигуна ҳимоятгар, меҳрубон ва фидокор бошед ва ба ниёзҳои дигарон расидагӣ кунед. Ин мавзӯъ низ ҳақиқат дорад, ки шоҳид будед, чигуна модаратон ба вежа дар ҳаққи падаратон модарӣ мекардааст. Пас биёед ба мавзӯъ ин тавр нигоҳ кунем, ки агар шумо шоҳид будед, ба ҷойи инки модаратон ба тарзи романтик бо падаратон рафтор бикунд, ҳамеша дар ҳаққи ӯ модарӣ мекардааст, дар натиҷа шумо ҳам дар кӯдакӣ чунин омӯхтед. Ин ҳамон рафторе аст, ки занҳо бояд бо мардҳо дошта бошанд. Пас вақте худатон бузург шудед ва издивоҷ кардед, айнан ҳамин корро бо ҳамсаратон кардед.

Ҳангоме, ки зане ҷиҳати мушовира назди ман омад, се сол аз издивоҷашон бо фарде мегузашт. Ў ба талхӣ мегуфт: “Эҳсос намекунам ҳамсари ӯ ҳастам, балки эҳсос мекунам модараш ҳастам. Ў ҳам ҳамеша мисли як кӯдаки кӯчак рафтор мекунад ва аз ман интизор дорад ба ҷойи ӯ фикр кунам, думболаш роҳ биравам ва либосҳояшро ҷамъ кунам. Дар воқеъ масъулияти ҳамаи умур бо ман аст. Барои ҳамин ҳам ӯ мудом танбал ва танбалтар мешавад ва дар иваз ман асабонӣ ва асабонитар мешавам.”

Ӯ огоҳ набуд, ки модарӣ кардан барои ӯ, ки як зан аст, табиӣ мебошад. Ў аз шавҳараш ба хотири инки марди нопухта ва кӯдакгуна аст муддате буд, ки шикоят дошт, аммо ҳаргиз ба саҳме, ки худаш дар ин робита бояд мегузошт таваҷҷуҳе надошт. Дар байни сӯҳбатҳоем бо он зан, аз ӯ дар бораи падар ва модараш пурсидам ва баъд аз каме пурсуҷӯ, кам-кам решаи бозии модаронааш ошкор шуд. Дар ҳоле, ки ғамгин буд чунин ба хотир овард: “Ҳргиз ба ёд надорам, ки падар ва модарам бо ҳам самимӣ ва ё хеле романтик буда бошанд. Падарам ба хотири шуғлаш зиёд ба сафар мерафт ва зиндатарин ва маъмултарин хотиротам аз модарам ба замоне тааллуқ дорад, ки чамадонҳои падарамро қабл аз сафар барояш мебаст ва баъд аз онки аз сафар бар мегашт, чамадонҳояшро боз мекард. Ҳамеша бо диққат қарорҳои мулоқоти падарамро ба ӯ ёдоварӣ мекард ва ҳамеша либосҳояшро барояш мураттаб менамуд. Падарам низ ба навъе монанди яке аз кӯдакон буд. Модарам ҳам ба падарам ва ҳам ба мо саркӯфт мезад. Шом ва ноҳорамонро ҷилавамон мегузошт. Дар он син мебоист чунин натиҷа гирифта бошам, ки ишқ варзидан ба як мард, бояд монанди рафторе бошад, ки модарам бо падарам дорад.

То ҳамин авохир модарӣ кардан ягона шуғли қабул барои занон маҳсуб мешуд. Ба изофаи ду шуғли дигар: парасторӣ ва муаллимӣ. Дар кӯдкӣ ҳамвора шоҳид будем, ки чигуна модаронамон ба воситаи рафторҳои ҳимоятгарона ва модаронаашон подош мегирифтанд ва агар чунин рафторҳое аз мо сар мезад ба мо низ ин чунин подош медоданд: “Фарзанди хуб ва ширини ман, чиқадар хуб аз бародарт нигаҳдорӣ мекунӣ”, ё “духтари хубе бош ва пояфзоли падартро ҷилаваш ҷуфт кун” ва “ту духтари азизи худам ҳасти.”

Ҳаргоҳ мехоҳем марде моро дӯст бидорад, бояд дар нақши модар барои ӯ зоҳир шавем?

Зани дигаре, ки понздаҳ сол буд издивоҷ карда буд, чунин гуфт: “Ҳаргоҳ эҳсос мекунам аз шавҳарам ишқ ва таваҷҷуҳи кофӣ дарёфт намедорам, зуд дар нақши модар барояш зоҳир мешавам. Ғизоҳои мавриди алоқаашро мепазам, саъй мекунам то онҷо, ки имкон дорад, барош муфид бошам. Ман дӯст дорам, ӯ бештар дар нақши як маъшуқи хуб баром боша то шавҳар. Албатта чизе, ки насибам мишавад, дақиқан баракси ин хоста аст. Ў мисли як писарбачаи хуб, ки аз ман ба хотири ин, ки ин қадар дақиқ ва муназзам ҳастам, ташаккур мекунад.”

Пас ба ин далел дар ҳаққи мардони зиндагиамон модарӣ мекунем, ки онҳоро ба худ вобаста созем. Вақте сахт талош менамоем то куллияи ниёзҳои шавҳарҳои худро бароварда кунем, ӯро шадидан ба худ вобаста мекунем. Ҳамаи мо чунин саҳнаҳоеро дар филмҳо ва сериялҳои телевизиони зиёд дидаем. Марде, ки ҳамсараш хона нест, маҷбӯр аст худаш ба танҳоӣ тамоми корҳоро анҷом диҳад. Ў вақте мехоҳад барои фарзандон ғизои соддае омода кунад, оҷиз ва дармонда мешавад. Дар натиҷа ҳар чӣ бештар аз марде мувозибат кунед, ӯ бештар ба шумо такя мекунад ва бадин тартиб вобастатар мешавад. Мо занҳо ба ин васила бо тарс аз тард шудагии худ муқобила карда ва тавре онҳоро ба худамон вобаста мекунем, ки ҳаргиз натавонанд фикри тарк кардани моро бкунанд. Гӯи замири нохудогоҳи мо дирмеёбад, агар ба андозаи кофӣ ба мо мӯҳтоҷ бошанд, ҳаргиз моро тарк нахоҳанд кард.

Бо ин ҳол мардон ба инки дар ҳаққашон модарӣ шавад, одат доранд ва хосторанд аз онҳо мувозибат шавад. Ахиран дар яке аз семинарҳоям, ки барои гурӯҳе аз занон тартиб дода будам, яке аз ҳозирин аз ман пурсид: “чаро занҳо барои мардҳо модарӣ мекунанд?” яке аз радифи охир гуфт: “барои инки мардҳо дӯст доранд” ҳамагӣ хандидем, зеро медонистам ин гуфтаи ӯ дур аз ҳақиқат нест. Оё ҳангоме, ки барои мардҳо модарӣ мекунем, онҳо шикояте мекунанд? Ҷавоб: баъзе вақтҳо мухолифат мекунанд, аммо аксар авқот розӣ ҳастанд.

Вақте  дар ҳаққи мардҳо модарӣ менамоед, онҳо эҳсоси ишқ мекунанд?

Мардҳо дар кӯдакӣ ҳамвора шоҳид буданд, ки модарашон аз онҳо муроқибат мекардааст. Бинобарин барояшон одӣ аст ба ҳамсари худ иҷоза диҳанд, то, ки ин нақшро низ идома диҳад. Ин мавзӯъ бавежа ҳақиқат дорад, чунончи модари ҳамсартон мудом дар ҳаққи ӯ модарӣ карда бошад, мумкин аст дар зеҳнаш модар, ҳамсар ва ҳимоятгар тадоъии бештаре аз калимоти ошиқ, маъшуқ, беҳтарин дӯст ва ё шарики зиндагӣ дошта бошад. Чунон чӣ ҳамсаратон дар кӯдакӣ муҳаббат ва таваҷҷуҳи кофӣ аз ҷониби модари худ дарёфт накарда бошад, бо хушҳолии тамом иҷоза хоҳад дод, то ин кори нотамоми ӯро барояш ба поён бирасонед.

Дар идома дар ин бора баҳс мекунем, ки:

Чигуна модарӣ кардан барои номзад ё ҳамсаратон мӯҷиби вайронии робитаи шумо мешавад ?

Розҳое, ки ҳар зане бояд онҳоро бидонад! [қисмати аввал]

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.