Луқмаҳои пурхатар барои дунё ва охират

185

 

Яке аз умуре, ки дар сарнавишти дунё ва охирати инсон таъсири зиёде дорад, мавзӯи хӯрок ва луқмаи ӯст. Қуръони Карим, инсонро тавсия мекунад, ки дар интихоби ғизои худ, диққати лозимро дошта бошад.[1] Бе шак тааммул кардани инсон дар ғизо ва иқтисоди хеш, бе ин ки таваҷҷуҳ ба ҳалол ва ҳаром будани он кунад муяссар нест. Дар ин мақола ба баррасии паёмадҳои дунявӣ ва ухровии луқмаи ҳаром мепардозем.

Манфиатталабӣ, паёмади дунявии иқтисоди номашруъ

Як шохисаи муҳимм аз зиндагии инсонҳои бемуболот дар амри иқтисод, манфиатталабӣ аст, ки сарманшаи хеле аз осебҳои ҷиддӣ дар ҷомеа аст.

Метавон гуфт, ки манфиатталабӣ ва касби луқмаи ҳаром, масири таърихро иваз кард. Луқмаи ҳаром, чунон қасовате дар дили лашкариёни Язид эҷод карда буд, ки ба писари Паёмбари худ раҳм накарданд; То ҷое, ки имом Ҳусайн(а) ба онҳо фармуд, ки ба иллати хӯрдани луқмаи номашруъ, сухани манро қабул накарда ва пофишорӣ бар қатли ман доред.[2]

Гарчи то сухан аз луқмаи ҳаром ба миён меояд, зеҳни инсон бештар ба самти дуздӣ меравад; Аммо бояд донист, ки ҳар гуна касби номашруъ, луқмаи ҳаром ва иқтисоди носолим аст ва таъсироти вайронкунандаи худашро дорад;

Истифодаи номшруъ аз имконоти байтулмол, яке дигар аз масодиқи луқмаи ҳаром аст, ки ҳатто инсонҳои покро низ мутаассифона олуда мекунад.

Ҳазрат Алӣ (алайҳиссалом) дар номае ба яке аз коргузоронаш, манфиат талабии ӯро ошкор карда ва ба ӯ гӯшзад мекунад; Ту, ки инсони хубе будӣ чаро то чашмат ба пул ва моддиёт афтод, қиёматро фаромӯш кардӣ ва аз пайи истифодаи шахсӣ аз амволи байтулмол афтодӣ?[3] Бе шак мухотаби хутбаи ҳазрат, якояки афроди ҷомеа исломӣ аст.[4] Касоне, ки нисбат ба пардохти закот бетафовут ҳастанд ва ҳаққи фақиронро аз моли худ намедиҳанд, хитоби Алӣ (а) шомили ҳоли онон аст ва ба фармудаи имом Содиқ (а) дузд ба ҳисоб меоянд.[5]

Касоне, ки бо вуҷуди тавон аз пардохти закот, нисбат ба он бетафовутанд, фаромӯш кардаанд, ки манфиатталабии онҳо монанди манфиатталабии Қоруни замони ҳазрати Мӯсо (а) аст. Вақте, ки қавми Қорун ба ӯ гуфтанд; Ҳамонгуна, ки худо ба ту эҳсон кардааст, ту ҳам ба мардум эҳсон кун[6] ӯ бо ғурур гуфт, ки ман ин сарватамро бо заҳмати худам ба даст овардаам[7] ҳоло биёям ва онро ба фақирон бидиҳам? Суханоне, ки аз бархе афроди бетафовут нисбат ба закот шунида мешавад.

Инак ба таъсири манфии луқмаи номашруъ дар ҷаҳони охират хоҳем пардохт.

Луқмаи номашруъ ва оқибати он

Ривоёти зиёде дар мавриди асари ухравии луқмаи номшруъ вуҷуд дорад. Бархе аз ривояот аз монеъ будани луқмаи ҳаром барои тасбеҳ ва шукри Худо ва истиҷобти дуо, хабар медиҳанд.[8] Шак нест, ки монеъ будани луқмаи номашруъ ба хотири ин аст, ки инсон чӣ мустақим (сирқат ва..) ва чӣ ғайри мустақим (закот) ҳуқуқи бандагони Худоро зоеъ намудааст ва инсон то ҳаққи бандагони Худоро адо накунад, гирифтор аст ва бояд дар он дунё, авоқибашро бипардозад.[9] Тибқи ривояти ҳазрати Мӯсои Козим (а), ҳатто инфоқ кардан аз моли номшруъ, дар даргоҳи Худованд қабул нест.[10]

Дастаи дигаре аз ривоёт, азобҳои охирати моли номашруъро баён мекунад; Чунонки дар тафсири ояти 23 Фурқон, ки аъмоли бархе аз бандагонро беарзиш медонад[11] омадааст, ки инон бо вуҷуди доштани аъмоли солеҳ, аз касби луқмаи номашруъ парҳез намекарданд[12] албатта набояд фикр кард, ки ин афрод бо онки амали солеҳ анҷом медодаанд, аз моли дигарон дуздӣ мекардаанд; Балки имкон дорад ин гурӯҳ аз пардохти закот ва монанди он, дареғ менамуданд.

Сухани охир

Луқмаи ҳаром ва иқтисоди носолим ҳам дар ин дунё, табаоте дорад ва ҳам дар ҷаҳони охират. Напардохтани закот, аз намунаҳои луқмаи номшруъ ҳастанд.

 

Пайнавишт:

1- Абас ояти 24: «Пас инсон бояд ба хӯрокаш бо тааммул бинигарад.»

2- Туҳафулуқул, саҳ.240

3- Баҳоруланвор, ҷ.42, саҳ.182

4- Нисоъ ояти. 29: Эй касоне, ки имон овардаед! амволи якдигарро ба ботил (ва аз туруқи номашруъ) нахуред магар инки тиҷорате бо ризоят шумо анҷом гирад.»

5- Алҳёат , тарҷумаи Аҳмади Ором, ҷ‏6 , саҳ. 364

6- Қасас ояти 77: «ва чунонки Худо бо ту некӣ кардааст, некӣ кун.»

7- Қасас ояти 78:« (Қорун) гуфт: ҷуз ин нест, ки ин амвол аз рӯйи донише, ки дар назди ман аст (дониш ба Таврот ва кимиё ва тиҷорат ва кишоварзӣ) ба ман дода шуда; (Тарҷумаи Мишкинӣ, саҳ.395

8- Иддатуддоӣ, саҳ. 139

9- Мизонулҳикма, ҷ.6, с 535

10- «Ҳамоно ҳаром рушд намекунад ва агар онро инфоқ кунад савобе надорад.» Алкофӣ, ҷ.‏5, саҳ.125

11- Фурқон ояти 23: «Ва мо ба сӯроғи аъмоле, ки анҷом дода анд рафта, ва ҳамаро ҳамчун зарроти ғубор пароканда дар ҳаво қарор медиҳем.»

12- Тафсири Намуна, ҷ.‏15, с 61.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.