Дар орзуи гуфтугӯи ошиқона

78

Маъмулан афрод дар дар аввали давраи замонии никоҳу издивоҷ ба далели инки тоза бо якдигар ҳамроҳ шудаанд ҳарфҳои гуфтанӣ ва шунидании бисёр доранд. Ба ҳамин далел ҳафт ҳашт моҳи аввали издивоҷ барои духтарҳо ва писарҳо моҳҳои пурвақт ба ҳисоб меояд, аммо ҳарчи афрод бештар аз замони шурӯъи зиндагӣ дуртар мешаванд ё ҳарфҳояшон камтар мешавад ва ё инки сӯҳбатҳояшон пуртаниш мегардад. Ба ростӣ иллати ин масъала чист?

  1. Ҳамеша дар ибтидои кор чун тоза бо якдигар ошно шудаанд талоши аслии худро дар додану гирифтани иттилоот мекунанд. Дар воқеъ онҳо дар сӯҳбатҳои мухталифу гуногуни худ иттилооти худро ба фарди муқобил интиқол медиҳанд ва дар посух ва сӯҳбатҳои вай иттилооте аз ӯ мегиранд. Ҳамин масъала сабаби ошноии тарафайн аз якдигар ва расидан ба шинохти комилу ҷомеи онҳо аз ҳам мешавад. Аммо ҳар чиқадар замон мегузарад иттилоъдеҳӣ ва огоҳигирияшон аз ҳам камтар мешавад.
  2. Маъмулан моҳҳои баъди никоҳ барои хонаводаҳо ба хусус духтарону писарон давроне пур аз изтироб аст. Иллати аслии ин масъала ҳам шинохти бештари онон аз якдигар аст, ки ин ошноӣ ва огоҳӣ анҷоми издивоҷро маълум мекунад. Масоили фаровон сабаби эҷод изтироб дар тарафайн ва камсӯҳбатии онҳо ва паноҳ бурдан ба ғори танҳоияшон ба хусус дар мавриди мардон мегардад.
  3. Гоҳе хонаводаҳо бо суханону рафторҳои иштибоҳи худ танишу изтироби ин давронро барои арӯсу домод чанд баробар мекунанд. Дар ҳоле, ки арӯсу домоди ҷавон бо такя ва умед ба кӯмаку ёрии хонаводаҳояшон пеш мераванд ва волидайн бояд рад ин роҳ ёри онҳо буда ва бархе аз мушкилоташонро бар дӯш бигиранд на инки боре шаванд бар дӯши онҳо.

Вазифаҳои арӯсу домод дар ин давраи зиндагӣ

  1. Ҳифзи якдилӣ ва якрангӣ ва дарки мутақобил: арӯсу домоде, ки ин давронро сипарӣ мекунанд бояд ҷиҳати коҳиши танишҳои худ ва мустаҳкамтар гардондани ҳамбстагияшон, саъй кунанд якдигарро ба хубӣ дарк карда ва пушт ба пушти ҳам мушкилотро ҳал намоянд. Онҳо бояд ба ин масъала таваҷҷӯҳ кунанд, ки ихтилофу даргирӣ ва дар ин масоил на танҳо мушкиле аз онҳо ҳал намекунад балки мушкилоташонро сангинтар ва расидан ба мақсадро барояшон сахттар менамояд. Дар ҳоле ки якдилӣ ва якрангии зану мард танҳо силоҳи онҳо дар муқобили мушкилоти зиндагӣ мебошад.
  2. Ниёзи хонумҳо ба сӯҳбат кардан: мардон бояд таваҷҷӯҳ дошта бошанд, ки гуфтугӯ барои хонумҳо нишондиҳанда дилбастагӣ, алоқа ва муҳаббати фарди муқобил ва василае ҷиҳати холӣ шудани равонӣ аз мушкилот аст дар ҳоле, ки дар мавриди мардҳо чунин нест. Ба ҳамин далел мардҳо бояд саъй кунанд ҷиҳати коҳиши изтиробҳои рӯҳӣ ва равонии ҳамсарашон дар ин даврон бо вай сӯҳбат карда ва иҷозаи сухан гуфтан ба вайро низ бедиҳанд.
  3. Ғори танҳоии мардон:

Хонумҳои ҳам бояд таваҷҷӯҳ дошта бошанд, ки мардон вақте бо кӯҳе аз мушкилот мувоҷеҳ мешаванд ниёз ба танҳоӣ доранд ба ҳамин далел дар истилоҳи равоншиносӣ ба ғори танҳоияшон паноҳ мебаранд то битавонанд мушкилотро бипазиранд ва роҳиҳале барои онҳо пайдо кунанд. Ба ҳамин далел дар ин давраи замонӣ ниёз ба танҳоӣ ва сукут доранд ва интизор доранд ҳамсарашон онҳоро дарк намуда ва ба ҳоли худ раҳо намояд. Огоҳӣ нисбати ин масъал ва риояти он тавассути хонумҳо сабаб мешавад, ки домод ба суръат ба самти онҳо бозгашта ва ҳамон фарди собиқ бо рӯҳия ва тавони чандбаробаро ба майдон боз гардад.

  1. Ба даст гирифтани ибтикори амал

Дар шароити буҳронии аввали зиндагт арӯсу домод бояд ибтикори амалро дар даст гирифта ва саъй намоянд шароитеро барои худ фароҳам кунанд, ки бо ёрашон танҳо буда ва дар мавриди масоили ширину дӯстдоштанӣ ва зиндагии зебои ояндаи худашон сӯҳбат намоянд. Хориҷ шудан аз дунёи сахти имрӯз ва таваҷҷӯҳ ба дунёи зебои пеши рӯ онҳоро нисбати зиндагӣ ва ояндаи худашон умедвортар карда ва дар муқобили мушкилот тавонмандтар месозад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.