Наҳй аз муҷаррад зистан

132

Паёмбари Худо (с): Худо лаънат кунад мардону занони муҷаррадгузинро; онон ки мегўянд: Мо издивоҷ намекунем.

1.Муснади Ибни Ҳанбал ба нақл аз Самура: Паёмбар (с) аз муҷаррад зистан наҳй фармуд.

2.Имом Содиқ (а): Паёмбари Худо (с) наҳй фармуд занонро аз ин ки издивоҷ накунанду худро аз шавҳар маҳрум созанд.

3.Муснади Ибни Ҳанбал ба нақл аз Анас: Паёмбари Худо (с) ба издивоҷ кардан фармон медод ва аз муҷаррад мондан ба шиддат наҳй мекарду мефармуд: Бо зани меҳрубону зоё издивоҷ кунед, ки ман дар рўзи қиёмат ба ҷамъияти шумо бар дигар паёмбарон менозам.

 Накӯҳиши беҳамсар зистан

Паёмбари Худо (с): Беҳтаринҳои уммати ман, ҳамсардоронанд ва бадтаринҳои умматам, беҳамсаронанд.

Паёмбари Худо (с): Пасттарин мурдагони шумо, мардони беҳамсаранд.

Паёмбари Худо (с): Агар мурдагони беҳамсари шумо ба дунё бармегаштанд, яқинан издивоҷ мекарданд.

4.Сунани Саид ибни Мансур ба нақл аз Абўнаҷиҳ: Паёмбари Худо (с) фармуд: Бенавост, бенавост он марде, ки зан надорад!

Гуфтанд: Эй Паёмбари Худо! Гарчи сарватманд бошад?

Фармуд: Гарчи сарватманд бошад.

Ва фармуд: Бенавост, бенавост, бенавост он зане, ки шавҳар надорад!

Гуфтанд: Эй Паёмбари Худо! Гарчи сарватманд бошад?

Фармуд: Гарчи сарватманд бошад.

Паёмбари Худо (с): Ҳар кас тавони молӣ барои издивоҷ кардан дошта бошаду издивоҷ накунад, аз мо нест.

Паёмбари Худо (с): Лаънати Худою фариштагон ва мардум, ҳамагӣ бар марди зангурез бод! Аз Яҳё ибни Закариё, ки бигузарем, издивоҷ накардан бар каси дигаре раво нест.

Паёмбари Худо (с): Худдорӣ аз издивоҷ, дар Ислом нест. [1]

Ал-мусаннафи Ибни Абўшайба ба нақл аз Шаддод ибни Авс: Ба ман ҳамсар диҳед, зеро Паёмбари Худо (с) ба ман васият фармуд, ки издивоҷ накарда ба дидори Худованд наравам.

Имом Козим (а): Марде хидмати падарам Ҷаъфар (а) омад. Падарам фармуд: Оё ҳамсар дорӣ?

Гуфт: На.

Фармуд: Ман дӯст надорам, ки дунё ва ҳар он чӣ дар он аст, аз они ман бошад, вале як шабро беҳамсар бигузаронам.

[1] Яъне аз назари Ислом ҳеҷ кас ҳақ надорад бигўяд: Ман издивоҷ намекунам.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.