Маҳори илтиҳоби бадан бо хоби муносиб

129

Муҳақиқони улуми пизишкӣ эълон карданд, хоби муносиб ва бархе текникҳои оромишбахш, метавонад илтиҳоби баданро коҳиш ва сатҳи саломатро иртиқо диҳад.

Муҳаққиқон дар Филаделфия мегӯянд, имкони эҷоди илтиҳоб, пас аз ҷароҳатҳо дар саросари бадан вуҷуд дорад.

Ихтилоли хоб, яке аз авомили аслии дахил дар раванди илтиҳоб маҳсуб мешавад.

Муҳақиқон бо баррасӣ бар рӯйи 123 фарди болиғи болтар аз 55 сол ба ин натоиҷ дастёфтаанд, ки бо хоби муносиб ва истифода аз текники “Тай-Чӣ”, навъе ҳунари размӣ, метавон илтиҳобро коҳиш дод ва натоиҷи мутолиаи худро дар шумораи ахири нашрия равонпизишкии “биологӣ” мунташир кардаанд.

Бехобӣ яке аз анвоъи муҳими ихтилоли хоб аст, ки бо афзоиши хатари афсурдагӣ, маргу мир ва дигар мушкилоти ҷисмӣ ва рӯҳӣ ҳамроҳ аст.

Бо тағйироти рафторӣ метавон ихтилолоте ҳамчун бехобиро дармон кард ва ба ин тариқ аз бурӯзи анвоъи илтиҳоб, ҷилавгирӣ кард.

Манбаъ: Хуросон

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.