Таъсирпазирии вақту замон дар омезиш

143

Дар шабу рӯз ва ҳафтаву моҳу сол лаҳзаҳоест, ки мумкин аст барои омезиш муносибати хуб надошта бошад ва аз назари илмӣ ва таҷрубӣ ба исбот расидааст.

Дар ин маврид ба суханони бузургону донишмандон истишҳод мекунем ва ҳушдор ба ҷавонону таҳсилкардаҳо ва равшанфикрҳои бетааҳҳуд, ки ба ҳуш бошед ва аз барномаҳо ва дастуруламалҳои Ислом ғафлат наварзед, зеро фалсафа ва далели баъзе аз онҳо мумкин аст кашф нашуда бошад ва он ин аст, ки дар шаби аввал ва миёна ва охири ҳар моҳ ҳамбистарӣ байни шумо воқеъ нашавад, ҳангоме, ки замин дар маҳоқ бошад ва вақте, ки моҳ дар ақраб аст, ҳамбистарӣ воқеъ нашавад, ки макрӯҳ аст. Зеро кайфияти қамар дар ақраб дар ҷанин ё дар нутфае, ки баста шудааст, асари номатлуб дорад, ки Имом Алӣ (а) дар ин бора мефармоянд:

ألأيَّامُ تُوضِحُ سَرَائِرالْكَامِنَة

Рӯзгор асрори пинҳонро ошкор месозад.

Ё дар ҷои дигар омадааст:

ألايامُ تَهْتِكُ لَكَ الأمْرَ عَنِ الأسْرَارِ الْكَامِنَةُ

Гузашти замон пардаҳоро медарад ва асрори ниҳонро бар ту ошкор месозад.

Ин баён равшан мекунад, ки барои айёму замон хусусиятҳое вуҷуд дорад, ки асрораш бар мо пӯшида ва илми башар ба хубӣ аз он огоҳӣ наёфтааст.

«Росел» мегӯяд: Аристотен эътиқод дошт, ки агар омезиши падару модар замоне бошад, ки бод ба тарафи шимол мевазад, баччаҳои солимтаре ба вуҷуд хоҳанд омад.

Сипас «Росел» мегӯяд: «Чунин истинбот мешавад, ки ҳар ду занҳои Аристотен ҳар шаб, бояд пеш аз рафтан ба рахти хоб, сӯи вазиши бодро тамошо кунанд!».[1] Дар ин замонҳо мумкин аст мардум «Росел» ва «Аристотен», филсуфи машҳурро масхара кунанд, чунон ки ин гуна эътиқод доштани уламо ва соҳибназарони мазоҳибро ба масхара мегиранд, вале бояд ба ақидаи Аристотен ва ҳамин тавр адёни илоҳӣ, арҷ ниҳод, чун як филсуфи номӣ мисли Аристотен, таҳти таъсири хурофот қарор намегирад ва бедиққату назар ва таҳқиқу таҷриба сухан намегӯяд.

Дар Ислом масъалаи айёмуллоҳ ва шабҳои мутабаррика ва қадосату нуҳусати баъзе аз маконҳову замонҳо ва масъалаи моҳ дар ақраб ва ё вақтҳои гирифтагии моҳу хуршед ё бурузу зуҳури рангинкамон ва асароти ҷаввии он, дар канори хеле аз осори нуҳусату саодат, таъсири фаровон дар замону макон дорад. Ногуфта намонад, ҳамон гуна, ки айёмуллоҳ ва шабҳои мутабаррика имтиёзҳои фаровоне дорад, ҳамчунин вақтҳо, рӯзҳо ва шабҳое вуҷуд дорад, ки наҳс ва мармуз буда ва асарҳои бад дар давраи ҳафта, моҳу сол дорад, ки баъзе корҳо аз ҷумла омезиши ҷинсӣ дар он шоиста набуда ва таъсири бад дар рӯҳу равон ва ҷисму ҷон боқӣ мегузорад. Бинобар ин, рӯзҳо, шабҳо,  соатҳо ва лаҳзаҳо дар муқоиса бо хӯрданиҳову нӯшиданиҳо дар ҷисму рӯҳи инсон асари матлуб ва ё номатлуби худро хоҳад гузошт ва лизо беҳтар аст зану шавҳар барои вақтҳои омезиши худ ҳисоби дақиқ дошта бошанд, махсусан барои тавлиди насли солиму саҳеҳ, диққати бештар намоянд.

1- Баррасӣ ва нақди афкори Росел, с 159.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.