Усули хушбахтӣ дар сираи Расули Худо(с)

141

Он чи башари имрӯз хеле аз он ранҷ мебарад эҳсоси норизоятӣ аз зиндагӣ аст. Муҳимтарин омили чунин эҳсосе ноогоҳӣ аз усули эҳсоси ризоят ва хушбахтӣ дар зиндагӣ аст. Барои дастёбӣ ба ин усул чорае ҷуз чанг задан ба манбаъи поённопазири ваҳй ва нубувват нест. Башарият бояд рӯзе ба ин сарчашмаи хатонопазир бипайвандад, то аз ҳамаи нобасомониҳо ва мушкилот берун ояд ва ҳаёти ҳадафманд, ҳамроҳ бо эҳсоси ризоят ва хушбахтиро интихоб намояд.

Усулеро, ки Паёмбари Аъзам(с) баён кардааст ҳақиқати дунё ва зиндагиро дар ихтиёри башар мегузорад то бо кӯмаки он ба пешомадҳои зиндагӣ розӣ бошад ва ноҳамвориҳо ва ногувориҳои зиндагӣ ӯро мағлуб насозад ва хулоса зиндагии роҳату осон ҳамроҳ бо эҳсоси хушбахтиро дар пеш бигирад.

Инак ба 7 асл аз ин усул мепардозем ва умедворем аз он баҳраманд шавем.

Асли аввал: Набуди осоиши комил

Паёмбари Аъзам(с) фармуд: “Осоиш ва роҳатии комил дар дунё маҳол аст (ва вуҷуд надорад)”.

Дар дунё ба дунболи ҳар хушию роҳатӣ як нохушӣ ва нороҳатӣ ҳаст. Ҳамон тавре ки ба дунболи ҳар нохушӣ ва сахтӣ низ як хушӣ ва роҳатӣ мебошад.

Бар асоси тафаккури набавӣ ин ҷаҳонро бояд озмоишгоҳ бидонем на осоишгоҳ, аз ин рӯ бояд худро барои мубориза бо мушкилоти зиндагӣ омода кунем.

Худои Субҳон ба ҳазрати Мусо(а) ваҳй кард: “Эй Мусо, ман осоиши комилро дар биҳишт қарор додаам дар ҳоле, ки бандагони ман онро дар дунё ҷустуҷӯ мекунанд ва ҳаргиз ба он намерасанд.”  Паёмбари Аъзам(с) фармуд: “Мушкилот ва сахтиҳо ҷузъи зиндагии рӯзонаи инсон аст ва одамӣ бояд онро як суннати илоҳӣ бидонад ва бо он бисозад.”

Рӯзе Паёмбари Аъзам(с) ба асҳоби худ фармуд: “Ҳаргиз чизи маҳолро аз Худо наталабед”! Асҳоб гуфтанд: “Ё Расулаллоҳ, чӣ касе мумкин аст, ки чизи маҳол аз Худо бихоҳад”? Фармуд: “Оё шумо осоиши комилро дар дунё аз Худо намехоҳед”? Гуфтанд: “Мехоҳем”. Фармуд: “Осоиши комил дар дунё маҳол (ва ношуданӣ) аст.”

Пас агар инсон дунёро осоишгоҳ надонад ва дар ҷустуҷӯи роҳатӣ ва осоиши комил набошад ва бидонад, ки зиндагӣ ҷои озмоиш аст на ҷои осоиш дар ин сурат мушкилоти зиндагӣ ӯро мағлуб намекунад ва аз зиндагӣ эҳсоси ризоят ва хушбахтӣ мекунад.

Асли дуюм: Пазириши воқеиятҳо

Паёмбари Аъзам(с) фармуд: “Ҳар гоҳ дар зиндагӣ он чиро хостӣ нашуд, он чиро шуд бихоҳ.”

Интизори инсон аз зиндагӣ бояд воқеъгароёна бошад. Фикр накунад, ки ҳар он чи бихоҳад мешавад, аз ин рӯ он чиро шуд бояд бихоҳад. Инсон бояд бидонад, ки ин ҷо дунё аст на биҳишт. Дар биҳишт аст, ки инсон ҳар чиро бихоҳад мешавад,  аммо дар дунё он чиро мешавад бояд хост. Пас набояд аз дунё интизори биҳишт дошта бошем.

Паёмбари Аъзам(с) фармуд: “Касе, ки воқеияти дунёро бишиносад аз балоҳои он андуҳгин намешавад.”

Мо фикр мекунем, ки барои роҳатӣ ба ин дунё омадаем, аз ин рӯ таҳаммули нороҳатиҳо ва ногувориҳоро надорем, вале агар ҳақиқати дунёро бишиносем ва бидонем, ки инсон дар ин дунё ба ҳамаи ончи мехоҳад намерасад, дар ин сурат нодориҳо ва нарасиданҳо ӯро мағлуб намекунад ва эҳсоси норизоятӣ надорад.

Асли севум: Осон гирифтани зиндагӣ

Паёмбари Аъзам(с) фармуд: “Зиндагиро осон бигиред, зеро ҳеҷ миллате  зиндагиро осон нагирифт, магар ин ки Худо низ зиндагиро барои онҳо осон кард.”

Пас роҳи эҳсоси ризоят аз зиндагӣ ин аст, ки инсон зиндагиро осон бигирад. Зиндагиро сахт гирифтан ва гирифтори қайду бандҳои беҳуда шудан, ташрифоти зиёд ва одобу русуми нодуруст эҷод кардан сабаби сахт ва тоқатфарсо шудани зиндагӣ барои инсон мешавад. Паёмбари Аъзам(с) фармуд: “Агар он гуна ки ман ҳақиқати дунёро шинохтам шумо ҳам мешинохтед, хеле роҳаттар зиндагӣ мекардед.

Ин сухани нуронии Паёмбари Аъзам(с) баёнгари ин аст, ки роҳатӣ ва сахтӣ ба навъи шинохт ва бардошти инсон аз зиндагӣ вобаста аст.

Нигариш ва бардоштҳои инсон аз рӯйдодҳои зиндагӣ хеле муҳимтар ва таъинкунандатар аз худи рӯйдодҳо аст. Мумкин аст рӯйдоде талх бошад, вале бардошти мо аз он рӯйдод онро ширин намояд ва баръакс мумкин аст, рӯйдоде ширин бошад, вале навъи нигариши мо онро талх ва ногувор намояд. Пас зиндагӣ сахт нест, ин мо ҳастем, ки онро сахт мегирем ва худро ба сахтӣ ва заҳмат меандозем. Ҳамчунин бояд нигариши мо нисбат ба зиндагӣ тағйир кунад, зеро инсон он гуна зиндагӣ мекунад, ки меандешад.

Ҳамеша роҳатии зиндагӣ дар доштани имконоту сармоя нест, балки дар роҳат гирифтани зиндагӣ аст. Ҳазрати Алӣ(к) мефармояд: “Хушбин бош, то роҳат зиндагӣ кунӣ”  ва дар ҷои дигар мефармояд: “Ширинтарин зиндагӣ дур андохтани сахтгирӣ аст.”

Асли чорум: Он чи ба инсон мерасад зебост

Паёмбари Аъзам(с) фармуд: “Он чи аз тарафи Худо ба инсон мерасад хайр ва зебост.”

Ин асли ҳаётбахш ба мо мефаҳмонад, ки нигоҳи мо ба масоил ва рӯйдодҳои зиндагӣ бояд нигоҳи мусбату зебо ва хушбинона бошад. Яъне ҳам хушиҳо ва роҳатиҳои зиндагиро хайру зебо бинем ва ҳам нохушиҳо ва нороҳатиҳои зиндагиро хайр бидонем.

Дар адабиёти динӣ ба мо омӯхтаанд, ҳамон тавре ки ҳодисаҳои ширин хайр аст, ҳодисаҳои талхи зиндагӣ низ хайр аст, вале аввалӣ хайри ошкор ва дувумӣ хайри махфӣ аст, зеро ботинаш зебост, ҳарчанд зоҳири талх дорад. Ҳазрати Зайнаби Кубро низ дар баробари он ҳама мусибат ва ногувориҳо дар ҳодисаи Карбало ва шаҳодату асирии Аҳли байти Паёмбар(с) аз Карбало ба Куфа ва то Шом фармуд: “Ман дар ҳодисаи Ошуро фақат зебоӣ дидам.”

Бар асоси тафаккури динӣ одамӣ бояд нохушиҳои зиндагиро низ зебо ва хуш бидонад, зеро:

1.   Сахтиҳои зиндагӣ истеъдодҳои пинҳони одамиро ошкор мекунад ва ҷавҳари вуҷуди инсонро сайқал медиҳад ҳамчунон, ки алмос дар асари фишори беш аз ҳад ба даст меояд.

2.   Одамӣ қадри лаҳзаҳои бе мушкили зиндагиро медонад.

3.   Мушкилот сабаби боло рафтани дараҷаҳои инсон мешавад.

4.   Каффораи гуноҳони одамӣ аст.

5.   Сабаби ғафлатзудоӣ аз инсон мешавад.

Паёмбари Аъзам(с) фармуд: “Ҳар гоҳ сахтӣ ба ту расид дар канори он бинишин, зеро истодан дар баробари он ранҷи бештар ба дунбол дорад.”

Агар ранҷҳои ин олам пучу бемаъно буд, тоқатфарсо мешуд, аммо бар асоси биниши исломӣ ҳар ранҷе, ки ба инсон мерасад маънодор ва ҳадафманд ва қобили таҳаммул аст. Санги тилло бо гудохтан дар кура аз зангор пок ва холис мешавад ва сахтиҳои зиндагӣ низ сабаби камоли одамӣ мешавад. Як рассоми моҳир ҳам расми обшорҳои зебо ва ҷангалҳои сарсабзро мекашад ва ҳам расми сели бунёнканро ва ҳар ду зебост. Агар наққош натавонад чунин нақшҳои талхро бикашад, ноқис ва хом аст. Худо низ наққошест, ки талхиҳо ва шириниҳоро кашида, ки ҳар ду нишони қудрат ва ҳикмати ӯст. Агар кӯдаки мо доруи талхро бад медонад ва намехоҳад бихурад аз ноогоҳии ӯст.

Асли панҷум: Ҳар мушкиле роҳи берун рафтан дорад.

Паёмбари Аъзам(с) фармуд: “Барои ҳар мушкиле роҳи берун рафтан аст ва ҳеҷ мушкили ғайри қобили ҳалле дар олам вуҷуд надорад.“  Сипас илова намуданд: “Роҳи берун омадан аз мушкил дар ду чиз аст: он чи чора дорад, чора кардан ва он чи чора надорад, сабр кардан.”

Бар асоси омӯзаҳои динӣ мушкилот ҳеҷ гоҳ барои ҳамеша боқӣ намемонанд ва ҳалшуданӣ ва гузаро ҳастанд. Бисёре аз мушкилоти зиндагӣ замон муайян доранд, ки бо гузашти замон, он мушкил низ бартараф ва фаромӯш мешавад. Ҳазрати Алӣ(к) фармуд: “Мушкил намемонад ва ҳалшуданӣ аст.”  Дар ҷои дигар фармуд: “Бетобӣ ҳангоми мусибат аз худи мусибат сахттар аст.”  Чун ду мусибат насиби инсон мешавад: яке худи мусибат ва дигар бетобӣ аз он. Аз ин рӯ дар идома фармуд: “Аз нохушояндии андак бетоб нашавед, ки шуморо дар нохушояндиҳои бузургтар гирифтор месозад.   Он ҳазрат мефармояд: Агар аз коре ҳарос дорӣ худро дар он биандоз, чун ки нигаронӣ ва ҳарос аз хатар аз худи хатар душвортар аст.”

Бояд бидонем, ки мушкилот монеи пешрафт нестанд, балки монанди муаммое ҳастанд, ки бояд бо фикру тадбир онро ҳал кард. Бино бар ин бояд мушкилро хуб бишиносем, беҳтарин роҳи ҳалли онро пайдо кунем, корҳои анҷомшударо баррасӣ намоем, аз таҷрубаи дигарон истифода кунем ва ба ҳалли он умедвор бошем.

Асли шашум: Кӯчак кардани мушкилот

Паёмбари Аъзам(с) фармуд: “Сахтиҳоро кӯчак кунед.”  Агар ҳеҷ роҳе барои берун рафтан аз мушкил пайдо нашуд ҳадди ақал коре, ки метавон анҷом дод кӯчаксозии мушкилот аст. Сахтиҳоро кӯчак кунем то таҳаммули он осон шавад. Чанд равиш барои кӯчак кардани мушкилот пешниҳод мешавад:

1.   Паёмбари Аъзам(с) фармуд:  “Мусибатҳо ва сахтиҳои бузургтарро ёд кунед.”  Агар ҳодисаеро, ки иттифоқ афтод бо сахтиҳои бузургтар муқоиса кунем, фишор ва сахтии он кам мешавад. Ҳазрати Содиқ мефармояд: “Ҳар гоҳ ба мусибате гирифтор шудӣ мусибати аз даст додани Паёмбарро ба ёд биёр, ки мардум ба мусибате монанди он гирифтор нашуданд.”

2.   Паёмбари Аъзам(с) фармуд: “Ранҷу ғами фардоро ба имрӯзат ворид накун.”  Пас ранҷу сахтии як мусибатро бар гузари замон тақсим ва пахш кунем. Ранҷи гузашта гузашт ва тамом шуду рафт. Ранҷи оянда ҳам ки ҳанӯз наомада аст пас набояд онро бар имрӯзи худ бор кунем. Ҳазрати Алӣ(к) мефармояд: “Ҳангоми пеш омадани сахтиҳо дунёро ҷуз лаҳзаи ҳол набинед ва фақат андӯҳи ҳолро дошта бошед ва нохушояндии худро ба гузашта ва ояндаи худ нарасонед.”

Баъзе инсонҳо ҳамаи ногувориҳои гузаштаи худро дар зеҳнашон доим ба ёд меоранд ва ба ҳеҷ чизи мусбати гузашта фикр намекунанд ва нисбат ба оянда ҳам ҳеҷ уфуқи равшане тасаввур намекунанд ва ҳамаи ояндаро пур аз ранҷу сахтӣ мебинанд.

Дар омӯзаҳои динӣ ба мо омӯхтаанд, ки андӯҳи гузашта ва ояндаро ба замони имрӯзу ҳоли худ бор накунед, зеро эҳсоси талхи гузашта тамом шуда ва ояндаи наомада бар замони ҳол бор мешавад ва фишори сангин ва камаршикан ба шумо ворид мешавад. Андӯҳи ҳар рӯз махсуси ҳамон рӯз аст. Ранҷу азоби ҳар ҳодисаи нохушоянд набояд беш аз якбор таҷруба шавад. Нагузорем, ки ин ранҷ борҳо ва борҳо таҷруба шавад. Ҳавопаймое, ки солҳо метавонад садҳо ҳазор мусофирро ҷобаҷо кунад, агар қарор бошад, ки ин ҳаҷми азимро якҷо бардорад, наметавонад, аммо бо тақсими он бар замонҳо ва ҳаҷми гуногун ҳамли он осон ва мумкин мешавад.

Оё намебинӣ, ки дунё лаҳзае миёни ду лаҳза аст. Лаҳзае, ки гузашт ва лаҳзае, ки наёмадааст ва лаҳзае, ки ту акнун дар он ҳастӣ:

Саъдиё, дӣ рафту фардо ҳамчунин маълум нест,

Дар миёни ину он фурсат шумор имрӯзро.

Ҳазрати Алӣ(к) мефармояд: “Ғами фардоро имрӯз ба худ ворид накун. Андӯҳи имрӯз барои имрӯзи ту кофӣ аст ва фардо бо дилмашғулиҳои худ мерасад. Ту агар андӯҳи фардоро ба имрӯз бор кунӣ ҳузну андӯҳи худро зиёд кардаӣ.”  Ҳазрати Содиқ(а) фармуд: “Бар ин дунё бурдбор бошед, ки лаҳзае беш нест. Он чи гузашта аст на ранҷи онро меёбӣ ва на сурури онро ва он чи наёмада намедонӣ, ки чист. Ҳамоно ин дунё ҳамин лаҳзае аст, ки акнун дар он ҳастӣ.”

Гоҳе мумкин аст, андуҳи фардоеро дошта бошем, ки аслан ба вуҷуд наёяд. Мо аз куҷо медонем, ки оё фардо зинда ҳастем ё не?

3.   Агар чизеро аз даст додед, фикр кунед, ки аслан онро надоштед.

Ҳазрати Алӣ(к) мефармояд: “Агар фардо аз умри ту набошад, чаро ба чизе андӯҳгин мешавӣ, ки аз ту нест.”  Ишон ҳамчунин мефармояд: “Агар қарор бошад, ки бар он чи аз даст додаӣ бетобӣ кунӣ пас барои ҳамаи он чи ба даст наёвардаӣ низ бетобӣ кун.”

Агар барои чизе, ки аз даст додаӣ нороҳат бошӣ метавонӣ ба ин фикр кунӣ, ки хеле чизҳои дигареро ҳам надорӣ. Оқилона нест, ки барои ҳамаи он чи надорӣ нороҳат бошӣ ва ғусса бихӯрӣ.

4.   Он чи ба даст наёмад мисли он аст, ки буду рафт.

Ҳазрати Алӣ(к) мефармояд: “Агар бар он чи ба даст наёвардем нороҳат бошем, фикр кунем, ки ин маворид мисли чизҳое аст, ки доштем ва аз даст додем.”

Агар расидан ба хостаҳо ва орзуҳо сабаби фишори равонӣ шуд барои берун омадан аз ин фишор набудҳо ва нарасиданҳоро бо набуди чизҳое, ки доштаед ва аз даст додаед муқоиса кунед ва бигӯед: Ончи ба даст наёмад мисли он чи буд ва рафт. Ин ба шумо оромиш мебахшад.

5.   Бидон, ки сахтиҳо тамом мешаванд.

Паёмбари Аъзам(с) фармуд: “Дар ҳақиқат сахтиҳо ва мушкилот ниҳоят ва поёне доранд.”  Ҳазрати Алӣ(к) мефармояд: “Вақте сахтиҳо ба ниҳояти худ бирасанд фараҷ ва кушоиш меояд.”

Асли ҳафтум: Муқоиса накардан

Паёмбари Аъзам(с) фармуд: “Ҳаргиз ба он чӣ дар дасти дигарон аст, чашм надӯзед ва зиндагии худро бо зиндагии дигарон муқоиса накунед, зеро андӯҳи инсон дароз мешавад ва ҳасраташ поён намеёбад ва неъматҳоеро, ки Худо ба ӯ додааст, кӯчак мешуморад. Дар натиҷа шукру сипоси ӯ андак мешавад. Пас ҳамеша дар зиндагиат ба поинтар аз худ нигоҳ кун.”

Одамӣ дар зиндагӣ метавонад ду навъ муқоиса дошта бошад:

а) Муқоисаи худ бо касе, ки аз назари имконоти зиндагӣ аз ӯ бартару болотар аст ва ин муқоиса ба боло аст, ки чунин муқоиса ба норозигӣ аз зиндагии худ меанҷомад.

б) Муқоисаи худ бо касе, ки поинтар аз ӯ аст, ки муқоисаи ба поин аст ва ба эҳсоси ризоят аз зиндагӣ меанҷомад.

Ислом навъи аввали муқоисаро дар корҳои моддӣ ва дунявӣ сарзаниш намуда ва ба навъи дувум ташвиқ намудааст.

Паёмбари Аъзам(с) дар ҳадиси боло офатҳо ва осори зиёнбори муқоисаи навъи аввалро чанд чиз мешуморад:

1.   Инсон гирифтори ғаму андӯҳи дароз мешавад, чунки дороии дигаронро бузург ва дороии худро кӯчаку ночиз мешуморад ва дар натиҷа эҳсоси маҳрумият карда, маҳзун мешавад.

2.   Ҳамеша дар ҳасрату афсус зиндагӣ мекунад, зеро рӯйхати дарозе аз дороиҳои дигарон ва нодории худро тартиб дода, ҳамеша ҳасрати дигаронро мехӯрад.

3.   Ончи Худо ба ӯ додааст ночиз мешуморад. Надоштаҳои худро фаровон мешуморад ва дар натиҷа аз доштаҳои худ эҳсоси ризоят надорад. Дар ҳоле ки ҳар касе дар зиндагӣ агар ба доштаҳои худ диққат кунад ва аз он хуб истифода кунад зиндагӣ барояш лаззатбахш ва ризоятбахш мешавад.

4.   Ҳеҷ гоҳ шукргузорӣ намекунад, зеро худро ҳамеша дар зиндагӣ маҳрум ва дигаронро бархурдор мебинад ва дар натиҷа ҷое барои шукргузорӣ намеёбад.

Дар поёни ҳадис Паёмбари Аъзам(с) бандагони Худоро ба муқоиса ба поинтар аз худ даъват мекунад ва мефармояд: “Пас ба камтар аз худат нигоҳ кун.”

Дар ин муқоиса ҳам баракоте вуҷуд дорад:

1.   Дороиҳои инсон ошкор мешавад, чун дар ин сурат неъматҳое, ки мумкин аст ба он диққат накарда бошад ошкор мешаванд ва инсон аз зиндагиаш розӣ мешавад.

2.   Неъматҳои Худоро кӯчак намешуморад

3.   Шукргузор мешавад, зеро ба худ мегӯяд, ки агар дигарон чизҳое дошта бошанд, ки ман надорам, ман ҳам чизҳое дорам, ки дигарон надоранд.

4.   Вақте поинтар аз худро мебинад мефаҳмад, ки зиндагӣ он қадар сахт нест, ки қобили таҳаммул набошад, чун дигароне ҳастанд, ки зиндагии сахттаре доранд:

Бо дода қаноат куну бо дод бизӣ,

Дар банди такаллуф машав озод бизӣ.

Дар беҳ зи худӣ назар макун ғусса махур,

Дар кам зи худӣ назар куну шод бизӣ.

Сухани поёнӣ

Бо вуҷуди ин сарчашмаҳои ҳаётбахш мусулмонон бо шинохти вазифа ва анҷоми он ва ба даст овардани ризояти Парвардигор бояд аз зиндагӣ лаззат бурда аз он розӣ бошанд то ноумедӣ ва афсурдагӣ ба зиндагии онҳо роҳ наёбад. Лозимаи ин вазъият чанг задан ба Қуръону суннат ва амал кардан ба он ду аст.

Умедворем Худованд ба ҳамаи мо ин тавфиқро марҳамат бифармояд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.