Ҳукми пушидани либоси тунук

122

 

Пушидани либоси тунуке, ки ранги пуст намоён мешавад ҳаром аст. Далелаш ҳадиси дар боло гузашта мебошад.

ОГОҲӢ: Пушидани либоси тангу тунук барои зан назди номаҳрамон ва занҳо ҷоиз нест. Аммо дар назди шавҳар  зан метавонад либоси танг ё тунук пушад.

ҲУКМИ ПУШИДАНИ ШАЛВОР (БРЮК)

Шалвор  (брюк) агар кушод бошад пас пушидани он назди занон ҷоиз аст. Вале берун аз хона ҷоиз нест. Магар агар аз боли шалвор (брюк) либосе пушида бошад, ки баданашро то пояш пушонида бошад пас ҷоиз аст. Аммо агар брюк танг бошад, ки аъзои бадани занро намоён кунад пас пушидани он  назди маҳрамон ва инчунин занон ҷоиз нест. Магар дар назди шаваҳар метавонад бипушад.

ҲУКМИ ПУШИДАНИ ЛИБОСИ АРАУСӢ

Пушидани либоси арусӣ барои зан ҷоиз аст, ба шарте, ки танг ё тунук набошад ва бадани уро мепушонида бошад. Агарчи асли ин либос аз ғайри мусалмонҳо ба мо омадааст, вале ин либос дар шаҳрҳои мусалмонҳо мунташир шудааст ва аз одоти онҳо гаштааст. Бинобарин пушидани ин либос ташаббуҳ ба кофирон намешавад. Зеро ин либос дигар шиори онҳо нест.

ҲУКМИ ПУШИДАНИ КАФШҲОИ ПОШНА БАЛАНД

Пушидани кафшҳои пошна баланд агар зиёд баланд набошад ҷоиз аст. Аммо агар зиёд баланд бошад, ки ҷалб кунандаи назар бошад пас пушидани он ҷоиз нест. Зеро Худо занонро аз ҷунбонидани по дар ҳоли занҷир доштанаш  наҳй кардааст то назари мардонро ба худ ҷалб накунанд.

ҲУКМИ ПУШИДАНИ ЛИБОСҲОИ СУРАТДОР

Пушидани либосҳое, ки дар он сурати одам ё ҷонварони зинда аст назди ҷумҳури олимон макруҳ мебошад. Балки назди баъзе уламо ҳаром аст. Агар шахсе бо либоси суратдор намоз

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.