Таъсири таоми зани бордор дар ҷанин

213

 

1.Паёмбари Худо (с): Ба зан дар моҳе, ки зоймон кардааст, хурмо бидиҳед, зеро фарзанди ў бурдбору пок мешавад.

2.Паёмбари Худо (с): Ба занони бордори худ кундур бидиҳед, зеро кўдак агар дар шиками модар бо кундур тағзия шавад, дилаш устувору ақлаш афзун мешавад. Агар писар бошад, шуҷоъ мегардад ва агар духтар бошад, сарини ў дурушт мешаваду мавриди алоқаи шавҳараш қарор мегирад.

3.Имом Ризо (а): Ба занони бордоратон кундури тар бидиҳед, ки агар дар шиками ў писар бошад, ҳушманду доно ва далер хориҷ мешавад ва агар духтар бошад, хушрўву хушхў мегардад ва сарини ў бузург мешавад ва мавриди алоқаи шавҳараш қарор мегирад.

4.Паёмбари Худо (с): Ба занони бордоратон кундур бидиҳед, зеро бар хиради кўдак меафзояд.

5.Паёмбари Худо (с): Ҳеҷ зани бордоре нест, ки харбуза бо панир бихўрад, магар ин ки навзодаш хушчеҳраву хушхў мегардад.

6.Паёмбари Худо (с): Ба занони бордоратон биҳӣ бидиҳед, зеро ахлоқи фарзандонатонро некў мегардонад.

7.Паёмбари Худо (с): Бўи паёмбарон бўи биҳӣ ва бўи Ҳурулайн бўи гиёҳи хушбўи ос ва бўи фариштагон бўи гул аст ва бӯи духтарам Фотимаи Заҳро бӯи биҳӣ ва ос ва гул аст. Худованд ҳеҷ паёмбар ва ҳеҷ васиеро барнаянгехт, магар ин ки ӯ бўи биҳӣ медод. Пас онро бихўред ва ба занони бордоратон бидиҳед, ки фарзандонатон зебо мешавад.

8.Макорим-ул-ахлоқ ба нақл аз Паёмбари Худо (с): Биҳӣ бихӯред ва ба якдигар ҳадя диҳед, зеро чашмро ҷило медиҳаду дӯстиро дар дил мерўёнад ва онро ба занони бордоратон бидиҳед, зеро фарзандонатонро зебо мегардонад.

Ва дар ривояти дигаре омадааст, ки: Ахлоқи фарзандонатонро некўӣ месозад.

9.Имом Содиқ (а) ҳангоме ки ба ҷавони зебое нигоҳ кард: Бояд падари ин писар биҳихур бошад.

10.Имом Содиқ (а): Бар ту бод коснӣ, зеро маниро афзоиш медиҳаду фарзандро некў мегардонад. Гарму нарм асту бар мардонагии фарзанд меафзояд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.