Осори тарбияти саҳеҳ дар кӯдак

134

 

Тарбияти саҳеҳи кӯдакон боис мешавад, ки онон дорои истиқлол ирода ва эътимод ба нафс парвариш ёбанд ва эҳтиром онҳоро инсонҳои бошахсият месозад, зеро кӯдаке, ки аз аввал ба арзиши худ пай бурд, ҳангоме ки бузург шуд дар худ эҳсоси ҳақорат намекунад. Чунон ки дар ривоёти исломӣ омадааст: “кӯдак ва қалби вай ҳамонанди замини холӣ аз базр ва гиёҳ аст. Ҳар базре, ки дар он афшонида шавад ба хубӣ мепазирад ва дар худ парвариш медиҳад.

Барои мисол шахсияти Алӣ (алайҳис салом) бар асари тарбият дар домани пурмеҳр ва муҳаббати Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ба авҷи шукӯфойии худ расид. Агарчи Алӣ (алайҳис салом) аз назари ҷисму ҷон як кӯдаки оддӣ набуд, балки дар худи он бузургвор шоистагиҳои махсусе вуҷуд дошт, вале муроқибатҳои вижаи Паёмбарро дар бораи ӯ набояд нодида гирифт.

Аз дигар осори тарбияти саҳеҳи кӯдак ин аст, ки ӯро шуҷоъ ва диловар бор меоварад ва онро дар тарбияти имом Ҳусайн (алайҳис салом) ба хубӣ метавон мушоҳида кард.

Дар ҳолоти имом Ҷавод (алайҳис салом) нақл шудааст пас аз даргузашти имом Ризо (алайҳис салом) замони Маъмун, халифаи вақт ба Бағдод омад. Рӯзе барои шикор кардан ҳаракат кард. Дар роҳ ба минтақае расид, ки чанд кӯдак бозӣ мекарданд. Имом Ҷавод (алайҳис салом) фарзанди арҷманди имом Ризо (алайҳис салом) низ ки дар он мақеъ ҳудуди ёздаҳ сол дошт, байни кӯдакон истода буд. Ҳангоме ки Маъмун ва атрофиёнаш ба он ҷо расиданд ҳамаи кӯдакон фарор карданд, вале имом Ҷавод (алайҳис салом) истод. Вақте халифа наздик шуд, ба он Ҳазрат нигоҳе кард ва сахт ьазби қиёфаи у шуд. Истод ва пурсид: ” Чӣ чизе боис шуд, ки бо дигар кӯдакон аз ин ҷо нарафтӣ?”

Имом фавран ҷавоб дод: ” Эй халифаи муслимин, роҳ танг набуд, ки ман бо рафтани худ онро барои убури халифа вусъат дода бошам. Муртакиби гуноҳ нашудаам, ки аз тарси муҷозот фарор кунам. Ман нисбат ба халифа хушгумон ҳастам ва мепиндорам, ки бегуноҳонро осеб намерасонад. Бадин ҷиҳат дар ҷойи худ истодам ва фарор накардам!”

Маъмун аз суханони мантиқию муҳкам ва чеҳраи ҷаззобу гирандаи ӯ ба шигифт омад. Пурсид:

Номат чист? Посух дод: Муҳаммад. Пурсид: Фарзанди кистӣ? Фармуд: Алӣ ибни Мӯсо Ризо (алайҳис салом)

 

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.