Издивоҷ бо духтари фариштасифат

61

Хонавода дар партави шинохти саҳеҳ ва воқеъбинонаи ҳамсарон аз вазоифи заношуӣ ва тарзи тафаккур ва хостаҳои якдигар, пӯё ва солим ва босафо мешавад. Ба ин тартиб бистари муносиб барои тарбияти фарзандони солеҳ дар он фароҳам мешавад. Устод Аминӣ бо таваҷҷуҳ ба зарурати иҷтимоӣ ва мушкилот ва масоили заношуӣ дар ин матлаб ба шавҳарон тавсияҳои муфиде дорад.

Камтар касеро дар ин ҷаҳон меёбед, ки тамоми хубиҳо дар ӯ ҷамъ бошад ва аз тамоми бадиҳо ва нақсҳо пок ва муназзаҳ бошад. Инсонҳо бо вежагиҳои гунонун мушоҳида мешаванд. Яке бисёр фарбеҳ аст ва яке бинии бузург дорад ва дигаре даҳонаш гушод. Яке дандонҳояш бузург аст ва дигари чеҳраи сиёҳ дорад. Яке қадаш кӯтоҳ аст ва дигари бисёр баландқад аст. Яке беурза ва изокаш ва дигарӣ пуррӯ ва беҳаёст. Яке бахил аст ва тангдаст, яке пурхарҷ аст ва беназм, яке бадахлоқ аст ва ҳасуд ва дигаре танбал аст ва бадзабон. Яке худхоҳ аст ва кинатӯз ва дигари пажмурдааст ва афсурда, ва даҳҳо аз ин қабил айбҳои бузургу кӯчак.

Марде, ки Худро дар издивоҷ шикастхӯрда ва бадшанс бидонад ва аз ин амр норозӣ бошад ва зане, ки ҳамеша мавриди таҳқир ва айбҷӯӣ қарор гирад, ҳамвора дар хатари гирифтор шудан ба бемориҳои хатарнок махсусан бемориҳои асабӣ ва равонӣ хоҳад буд.

 Дар ҷустуҷӯи ҳамсари идеол

Мардҳо маъмулан пеш аз издивоҷ ҳамсареро дар назарашон муҷассам мекунанд, ки дорои куллия камолот бошад ва аз тамоми бадиҳо дур бошад ва ба истилоҳ ҳамсари идеал бошад ва дар назар доранд бо як чунин дӯшизаи фариштасифате васлат намоянд. Аммо аз ин матлаб ғафлат доранд, ки як чунин зане дар ҷаҳони хориҷ вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, пас аз издивоҷ вақте мебинанд вуҷуди хориҷии ин ҳамсар, бо он ҳамсари идеали зеҳнӣ комилан мутобиқат надорад, шурӯъ ба айбҷӯӣ мекунанд. Худро дар издивоҷ шикастхӯрда медонанд. Аз бадбахтӣ ва адами муваффақияти худ доиман оҳ ва нола доранд. Ҳамеша корашон айбҷӯӣ ва иродгирӣ ҳаст ва дар ин бора ҳатто аз айбҳои бисёр хурд ва беаҳамият низ намегузаранд. Онқдар дар бораи як айби кӯчак фикр мекунанд, ки гуё кӯҳи бузурге аст. Гоҳ-гоҳ онро ба рухи ҳамсарашон мекашанд ва ӯро таҳқир мекунанд ва ё пеши дигарон аз вай интиқод менамоянд ва ба ин кор конуни муқаддаси заношуиро мутазалзил ва асбоби нороҳатии худ ва ҳамсарашонро фароҳам месозанд.

  Натиҷаи айбҷӯӣ

Натиҷаи ин айбҷӯиҳо ин мешавад, ки зан қалбан мукаддар мешавад, меҳр ва алоқааш рафта-рафта кам мегардад, нисбат ба зиндагӣ ва хонадорӣ ва шавҳардорӣ дилсард мешавад ва бо худ мегӯяд: чаро дар хона марде, ки дӯстам надорад заҳмат бикашам? Ба хотири ин мумкин аст ӯ ҳам бихоҳад дар баробари ин рафтори шавҳараш аз шавҳараш айбҷӯӣ кунад. То шавҳар мегӯяд: чӣ бинии зишт ва бузурге дорӣ! ҳамсар посух медиҳад: ҳар чӣ бошад аз рӯи сиёҳ ва ҷисми лоғар ва бадқвораи ту беҳтар аст. Дар ин сурат рӯяшон ба ҳам боз мешавад ва мураттабан аз якдигар мазаммат ва интиқод мекунанд ва муҳити хонаро, ки бояд муҳити сафо ва самимият бошад ба саҳнаи низоъ, айбҷӯӣ ва таҳқир мубаддал мекунанд.

  Поёни талхи зиндагӣ

Агар зиндагӣ бо ҳамин вазъ идома ёбад, то поёни умр рӯзи хуше нахоҳанд дошт, зеро дар хонае, ки сафо, самимият, меҳр ва муҳаббат вуҷуд надошта бошад ҷои осоиш ва хушӣ нест. Ба илова марде, ки худро дар издивоҷ шикастхӯрда ва бадшанс бидонад ва аз ин амр норозӣ бошад ва зане, ки мураттабан мавриди таҳқир ва айбҷӯӣ қарор гирад, ҳамвора дар маърази ибтило ба амрози хатарнок махсусан бемориҳои асабӣ ва равонӣ хоҳад буд. Аз ин гузашта осори манфиро ҳам бар рӯи фарзандон хоҳад гузошт, ки мумкин аст ҷуброни он бисёр сахт буда ва ё ғайри қобили ҷуброн шавад. Агар доманаи низоъ ва бадгӯӣ боло бигирад ва ба талоқ ва ҷудоӣ мунҷар шавад, маъмулан зан ва мард ҳар ду бадбахт хоҳанд шуд, махсусан агар кӯдакдор бошанд, зеро чунин марде аввалан ҳайсият ва обрӯи иҷтимоии хешро аз даст медиҳад ва дар байни мардум фарди ҳавасрон ва сабукмағз муаррифӣ мешавад. Сониян, дар асари издивоҷ аввал ва талоқ, зарарҳои иқтисодии зиёде бар вай ворид мешавад, ки ҷуброни онҳо барояш осон нест ва барои издивоҷи дуввум низ ба сарфи будҷаи зиёде ниёзманд аст, ки таъмини он барояш душвор аст ва бо таҳаммули ин зарарҳо баид аст ба осонӣ битавонад вазъи иқтисодии хешро мутаодил ва рӯбароҳ созад.

Мардон вақте мебинанд вуҷуди хориҷии ин ҳамсар, бо он ҳамсари идеали зеҳнӣ комилан мутобиқат надорад, шурӯъ ба айбҷӯӣ мекунанд ва худро дар издивоҷ шикаст хӯрда ва бадшанс медонанд.

  Нокомӣ дар издивоҷи дуввум

Маълум нест ба осонӣ битавонад ҳамсари муносиб ва беайбе барои худ пайдо кунад; Зеро аввал ин, ки бо таваҷҷуҳ ба собиқаи баде, ки дар асари носозгорӣ ва талоқи ҳамсари аввалаш пайдо карда, камтар зане ҳозир мешавад бо ӯ издивоҷ кунад ва дуввум ин, ки бар фарз инки ҳамсаре пайдо кунад, маълум нест, ки аз ҳамсари аввалаш беҳтар бошад. Албатта имкон дорад, ки айби махсуси ӯро надошта бошад аммо хеле кам иттифоқ меафтад ва балки аслан имкон надорад, ки ба таври куллӣ беайб ва нақс бошад. Ҳамсари дувумаш низ дорои айб, балки айбҳое хоҳад буд ва чӣ басо аз ҳамсари аввалаш ба маротиб бадтар бошад. Дар он сурат ночор мешавад ҳар чи шуда бо ӯ бисозад. Камтар иттифоқ меафтад, ки мард аз издивоҷи дувумаш комилан розӣ бошад, аммо барои ҳифзи обрӯи хеш ночор аст бисозад. Бисёр иттифоқ афтода, ки марде зани дувумашро талоқ дода ва ба сӯроғи ҳамсари аввалаш рафтааст.

Оқои мӯҳтарам! чаро бо айнаки бадбинӣ ва айбҷӯӣ ба ҳамсарат нигоҳ мекунӣ ва ба бархе айбҳои кӯчак ва ғайриқобили эътино онқадар аҳамият медиҳед, ки кам-кам ба сурати як айби бузурги ғайриқобили чашмпушӣ дар назарат муҷассам мешавад ва зиндагиро бар худ ва хонаводаат торик мекуни?

Кофӣ аст бихоҳед то ӯро дӯст доштанӣ бидонед. Одамҳо бардоштҳо ва тасаввуротеро дар худ ҳифз мекунанд, ки онро бештар такрор кунанд ва бо тадовум ва истимрор, ба ҳофизаи баландмуддати худ бисупоранд. Беҳтар нест тамрин кунед ва чашмҳои худро одат диҳед бар вежагиҳои мусбати ҳамсаратон бештар диққат кунед ва зеҳни худро рӯи онҳо бештар фаъол кунед? Беҳтар нест каме мантиқитар бошед ва бипазиред, ки ӯ ҳам мисли шумо мумкин аст дорои айбҳое бошад?

****зиндагиро аз даричаи нав бибинед****

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.