Ба кудакон биёмӯзед!

376

25 рафторе, ки бояд ба кӯдактон биёмӯзед !

Кӯдакон маъмулан беадаб нестанд дар аксари мавридҳо масъала ин аст, ки онҳо усули рафтори муаддабонаро ёд нагирифтаанд.

Ин 25 маврид хулосаи одобе аст, ки кӯдак то 9 солагӣ бояд ёд гирифта бошад:

1- Ҳангоме чизеро мехоҳӣ бигӯ: “лутфан, илтимос, хоҳиш”.

2- Ҳангоме чизе ба ту медиҳанд, бигӯ: “ташаккур, раҳмат”.

3- Ҳангоме, ки бузургтарҳо бо якдигар ҳарф мезананд, миёни сухани онҳо напар, магар инки масъалаи фаврӣ пеш омада бошад. Онҳо ҳушашон ба ту ҳаст ва вақте ҳарфашон тамом шуд ба ту посух хоҳанд дод.

4- Агар лозим аст, ки таваҷҷуҳи касеро фавран ҷалб кунӣ, гуфтани иборати “бибахшед” муаддабонатарин роҳ барои ворид шудан ба муколима аст.

5- Агар кӯчактарин тардиде дар бораи анҷоми коре дорӣ, аввал аз падар ва модар иҷозат бигир то баъд пушаймон нашавӣ.

6- Дигарон алоқае ба донистани инки ту аз чӣ чизҳое бадат меояд надоранд. Назароти манфиатро барои худат, ё байни худ ва дӯстонат нигаҳ дор ва доим ба бузургтарҳо ниқ назан.

7- Дар мавриди хусусиёти ҷисмии дигарон изҳори назар накун магар инки бихоҳи аз онҳо таъриф кунӣ, ки сабаб мешавад онҳо хушашон биёяд.

8- Ҳангоме дигарон аз ту мепурсанд ҳолат читавр аст, ба онҳо посух бидиҳ ва баъд ҳоли онҳоро ҳам бипурс.

9- Ҳангоме дар хонаи дӯстат ҳастӣ, ба ёд дошта бош, ки аз волидайни дӯстат ба хотири иҷоза додан ба рафтан ба хонаи онҳо ташаккур кунӣ.

10- Агар даре баста буд, пеш аз ворид шудан, ибтидо ба дар зарба бизан, ва мунтазир бимон то бубин посухе дода мешавад ё на.

11- Ҳангоме, ки телефон мезанӣ, аввал худатро муаррифӣ кун ва баъд бипурс оё метавони бо шахси мавриди назарат сӯҳбат кунӣ ё на.

12- Ба дигарон эҳтиром бигузор ва агар ба ту ҳадияе доданд, бигӯ: “ташаккур мекунам” ба ҷойи аимайл задан, навиштани як номаи дастнависи ташаккур бисёр муассир аст.

13- Дар муқобили бузургсолон аз калимоти ношоист истифода накун. Онҳо худашон ҳамаи ин калимаҳоро медонанд ва истифодаи ту аз ин калимаҳо боиси малол ва нохушнудии онҳо мешавад.

14- Афродро бо номҳои таҳқиромез садо назан.

15- Дигаронро ба ҳеҷ далеле масхара накун. Ин кор боис мешавад дар назари дигарон одами заифе ба назар бирисӣ, ва кори нодурусте аст.

16- Ҳатто агар як бозӣ ё маросим бароият хастакунанда аст, ором бинишин ва худатро алоқаманд нишон бидиҳед. Бозикунон ё намоишдиҳндагон ҳаддиаксари талошашонро мекунанд.

17- Агар ба касе тана задӣ, фавро бигӯ “бибахшед.”

18- Ҳангоми сурфа ё атса кардан даҳонатро бипушон ва дар ҷилави дигарон фих накаш.

19- Агар мехоҳи аз даре дароӣ ё бароӣ, бубин оё метавони дарро боз нигаҳдорӣ то касе дигаре ҳам аз он бигзарад.

20- Агар ба падар ва модар, муаллим ё ҳамсояҳое рӯбарӯ шудӣ, ки кореро анҷом медиҳад, аз ӯ бипурс кумак мехоҳад. Агар қабул кард, ба ӯ кумак кун ба ин тартиб мумкин аст чизи наве ёд бигирӣ.

21- Ҳангоме, ки бузургсоле аз ту тақозои анҷоми кореро кард, бо хушӣ ва бе ғур-ғур ба ӯ кумак кун.

22- Ҳангоме, ки касе ба ту кумак кард, бигӯ: “ташаккур мекунам” ин шахс эҳтимолан бори дигар ҳам ба ту кумак хоҳад кард. Ин амр ба хусус дар мавриди муаллимон намуна дорад!

23- Аз васоили ғизо хӯрдан дуруст истифода кун. Агар намедонӣ, ки читавр бо ин васоил ғизо бихӯрӣ, аз падар ва модар тақозо кун ба ту омӯзиш диҳанд, ё диққат кун онҳо аз ин васоил читавр истифода мекунанд.

24- Ҳангоми ғизо хӯрдан рӯйи ронҳоият дастмоли суфра бигузор ва аз он барои пок кардани даҳонат дар ҳангоми лозим истифода кун.

25- Барои бардоштани чизҳо аз рӯйи мизи ғизо хам нашав; Аз дигарон тақозо кун онро ба ту бидиҳанд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.