Робитаҳое, ки саранҷоме нахоҳанд дошт

434

10 навъ робитае, ки саранҷоме нахоҳад дошт

1) Робитае, ки дар он беш аз ончи ба шумо ишқ меварзанд, ишқ меварзед.

Дар як робита ҳангоме, ки фақат яке аз ду тараф дар аксари вақтҳо аз назари рӯҳӣ пайгирикунанда ва дигарӣ пайгиришавнда мебошанд, солим набуда ва аз таодул хориҷ шуда ва ба шикаст рубарӯ мешавад.

2) Робитае, ки дар он беш аз ончи, ки шумо ишқ меварзед, ба шумо ишқ меварзанд.

Дар чунин робитае, ки қалбатонро ба таври комил дар табақи ихлос нагузоштаед ҳеҷгоҳ эҳсоси ризоят нахоҳед дошт.

3) Робитае, ки дар он шефтаи тавоноиҳои билқуваи ҳамсари худ мебошед.

Доштани як робитаи солим бо ҳамсаратон ба маънии ишқ варзидан ба ӯ ба хотири касе, ки ҳаст, мебошад. На ишқ варзидан ба ӯ бо вуҷуди касе, ки ҳаст ва ё ба умеди касе, ки хоҳад буд.

4) Робитае, ки дар он маъмурияти наҷоти ҳамсаратонро ба ӯҳда доред.

Мӯътодин ба наҷоти дигарон на аз он рӯ, ки бо ҳамсарашон тафоҳум доранд, балки ба ин далел, ки эҳсос мекунанд маҷбӯранд ба ӯ кумак кунанд, ба равобит ворид мешаванд. Касоне, ки маъмурияти наҷоти дигаронро ба ӯҳда доранд, ғолибан ҳисси тараҳҳумро бо ишқ иштибоҳ мегиранд.

5) Робитае, ки дар он ба ҳамсаратон ба унвони як улгу ва омӯзгор чашм духтаед.

Вақте ошиқи касе мешавед, ки улгуи шумост, мушкил аст робитаи табиӣ дошта бошед. Мумкин аст рафтор ё гуфтаҳоятон ба гунае бошад, ки гӯӣ баробаред, аммо дар зеҳнатон барои ӯ мартаба ва мақоми афзудае қоил бошед, ки ин низ ба навбаи худ ҳар гуна эҳсоси ихтиёр ва қудратро аз шумо салб хоҳад кард.

6) Робитае, ки дар он ба далоили берунӣ шефтаи ҳамсари худ шудаед.

Ҳаргоҳ шефтаи як вежагии шахсиятӣ дар абъод ва суратҳои мухталифи касе шудед, аз худ бипурсед: агар ин фард ин вежагиро надошт оё ҳамчунон бароям ҷаззоб буд ва мехостам бо ӯ издивоҷ кунам?

7) Робитае, ки дар он шумо ва ҳамсаратон аз тафоҳуми ҷузъӣ бархурдоред.

Ин навъ робита метавонад бисёр фиребанда бошад, махсусан ҳангоме, ки ҳамон як заминае, ки дар он аз тафоҳум бархурдор ҳастед, барои шумо аҳамияти зиёде дошта бошад ва ба роҳатӣ онро бо пайванди ошиқона ва қавӣ иштибоҳ бигиред.

8) Робитае, ки дар он ҳамсарро аз рӯйи саркашӣ ва исён интихоб мекунед.

Гоҳе афрод касонеро барои издивоҷ интихоб мекунанд, ки хусусиёти шахсиятии онҳо дар тазодди комил бо ончи, ки мавриди назари волидайнашон мебошад аст, дар ин сурат ин имкон вуҷуд дорад, ки аз робитаи худ ба унвони равише ба мақсади сарпечӣ ва исён дар муқобили волидайни худ истифода мекунед, на аз онру, ки фарди муносиберо ёфтаед.

9) Робитае, ки дар он ҳамсарро ба унвони аксулъамале дар қиболи ҳамсари қаблии худ интихоб кардаед.

Дар ин робита, шумо фардеро интихоб мекунед, ки дар ӯ фақат ба думболи он даста аз вежагиҳои ҳастед, ки робитаи қаблиатон онҳо надоштааст.

10) Робитае, ки дар он ҳамсаратон аз назари рӯҳӣ ва отифӣ дар дастраси шумо нест.

Ин навъ аз робита равобитеро дар бар мегирад, ки ҳамсар аз назари отифӣ ва равонӣ бо каси дигар даргир аст ва ба таври комил натавонистааст даргирии отифии худро бо шахси севум ҳал кунад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.