Нақши виросат дар ахлоқи навзод

105

 

Ҳазрати Алӣ (а): Хушахлоқӣ далели каромати решаҳост.

Ҳазрати Алӣ (а): Ҳаргоҳ касе аз бузургвории хонаводагӣ бархўрдор бошад, бархурди ӯ дар пушти сару пеши рӯ бузургворона аст.

Ҳазрати Алӣ (а): Бар шумо бод, ки дар баровардани ниёзҳоятон назди инсонҳои шарофатманди дорои решаҳои некӯ биравед, зеро ниёзи шумо назди онон бештар бароварда мешавад ва онон назди шумо покизатаранд.

Ҳазрати Алӣ (а): Бар шумо бод, ки дар баровардани ниёзҳоятон ба суроғи инсонҳои кароматманду решадор биравед. Назди онон бедарангу беминнат ҳоҷатраво мешавед.

Муруҷ-уз-заҳаб: Дар ёдкарди Муҳаммад ибни Ҳанафия ҳангоме ки дар бӯҳрони ҷанги Ҷамал дар рӯ ба рӯӣ бо найзаҳову тирҳо худдорӣ кард. Имом Алӣ (а) ба сӯи ӯ омад ва бо ғилофи шамшер ба ў заду фармуд: «Раге аз модарат дар ту таъсир гузоштааст!».

Зайналобуддин (а) дар зиёрати Арбаини Саййид-уш-шуҳадо (а): Падару модарам фидои ту, эй фарзанди Паёмбари Худо! Гувоҳӣ медиҳам, ки ту нуре дар пуштҳои бузургвору раҳимҳои пок будӣ, олудагиҳои ҷоҳилият туро наёлуду нопокиҳо либосашро бар ту напўшонд.

Ҳусейн ибни Алӣ (а): Паёмбари Худо (с) хутба хонду фармуд: «Эй мардум! Аз сабзаҳои мазбала бипарҳезед».

Гуфта шуд: Эй Паёмбари Худо! Сабзаҳои мазбала чист?

Фармуд: «Зани зеборўй дар растангоҳи (хонаводаи) бад».

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.