Таъсири тағйироти ногаҳонии дараҷаи ҳаво бар қаду вазни навзодон

74

720e204aebd23b91d2f96818330d9699_L

Як мутолеа нишон медиҳад, заноне, ки дар даврони бордорӣ тағйироти ногаҳонии дараҷаи ҳавои гармо ва ё сарморо таҷриба мекунанд, навзодони сабуквазнтар ва кӯтоҳқад ба дунё меоранд.

Ба гузориши ИРНА, муҳаққиқони Бонки ҷаҳонӣ дар Амрико ва Муассисаи мутолеоти кор дар Олмон вазъияти таваллуди беш аз 1.5 миллион навзодро дар ҷавомеи рустоии маҳрум, дар кишвари Колумбия байни солҳои 1999 ва 2008 баррасӣ карданд ва дарёфтанд, занони бордоре, ки бо гарм шудани ногаҳонии ҳаво мувоҷеҳ шуда буданд, навзодоне бо ҳудуди 3 грам вазни камтар ба дунё оварданд ва эҳтимоли зоимони пеш аз мавқеъ низ дар онҳо андаке бештар аз дигарон буд. Мавҷи сармо низ ба ҳудуди 0.0018 сантиметри кӯтоҳии қади навзодон мунҷар шуд ва ба гуфтаи муҳаққиқон, ин амр эҳтимолан афзоиши рушди қади ин навзодон дар даврони кӯдакиро ҳам таҳти таъсир қарор медиҳад.

Муҳаққиқон мегӯянд, натоиҷи таҳқиқи онҳо нишон додааст, кӯдакон дар сурати қарор гирифтан дар сармои ногаҳонии ҳаво дар шиками модар ва дар моҳҳои аввали зиндагӣ, қади кӯтоҳтаре хоҳанд дошт. Ҳамчунин, қарор гирифтани ҷанин дар маърази гармои ногаҳонӣ дар тӯли семоҳаи сеюми бордорӣ, вазни навзодро коҳиш медиҳад. Ёфтаҳои муҳаққиқон мабнӣ бар осебпазирии навзодон дар баробари шароити муҳитзистӣ, натиҷаи муҳиме барои сиёсатгузорон аст.

Ин аввалин боре аст, ки иртибот миёни тағйироти шадиди дамои ҳаво бо вазъияти навзод мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Ин мутолеаи ҷадид дар маҷаллаи “World Development” чоп шудааст.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.