Нақши ҷавонӣ дар омўзиш

58

images13

Парвариши маънавӣ

1. Имом Алӣ (а)-дар васият ба фарзандаш Ҳасан (а)-: Ҳамоно дили ҷавон монанди замини холӣ аст. Он чӣ дар он афканда шавад, мепазирад. Аз ин рў пеш аз он ки дилат сахт гардаду ақлат саргарм шавад, ба тарбияти ту ҳиммат гумоштам.

2. Имом Алӣ (а)-дар васият ба фарзандаш Ҳасан (а)-: (Ва онгоҳ ки) бар тарбияти ту ҳиммат гумоштам, чунон дидам, ки дар аввали ҷавонӣ ва баҳори зиндагият ҳастӣ, ки нияти дурусту ниҳоди покизае дорӣ.

3. Имом Зайнулобидин (а): Паёмбар (с) бар гурўҳе гузашт, ки сангеро баланд мекарданд. Фармуд: «Ин чӣ коре аст?».

Гуфтанд: Бо ин кор нерўмандтарину маҳкамтарини худро мешиносем.

Фармуд: «Оё ба шумо хабар диҳам, ки маҳкамтарину нерўмандтарини шумо кист?».

Гуфтанд: Бале, эй Паёмбари Худо!

Фармуд: «Маҳкамтарину нерўмандтарини шумо касе аст, ки ҳаргоҳ хушнуд шавад, хушнудияш ўро ба гуноҳу ботил накашонад ва ҳаргоҳ хашмгин шавад, хашмаш ўро аз сухани ҳақ берун наронад ва ҳаргоҳ ба қудрат расид, ба кори ғайри ҳақ даст назанад».

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.