Раҳнамудҳое барои интихоби беҳтар 2

483

images09

в) Интихоби ҳамсари шоиста

  1. 1. Паёмбари Худо (с): Аз хушбахтии мард, доштани ҳамсари шоиста аст.
  2. 2. Паёмбари Худо (с): Як зани шоиста, беҳтар аз ҳазор марди ношоиста аст.
  3. 3. Паёмбари Худо (с): Мўъмин, пас аз тақвои илоҳӣ, баҳрае беҳтар аз ҳамсари шоиста набурдааст.
  4. 4. Паёмбари Худо (с): Дунё, матоъ аст ва беҳтарин матои он, зани шоиста аст.

5.Имом Боқир (а): Марде назди Паёмбар (с) омаду бо эшон дар бораи издивоҷ машварат кард. Паёмбари Худо (с) ба ў фармуд: Издивоҷ кун ва бар ту бод издивоҷ бо зани диндор. Худованд ба ту хайр бидиҳад!

6.Имом Алӣ (а): Ҳаргоҳ Худованд хайреро барои бандае бихоҳад, қаноат карданро дар дили ў меафканаду ҳамсарашро шоиста мегардонад.

7.Имом Алӣ (а): Хуштарин зиндагӣ аз они касе аст, ки Худои Субҳон ба ў қаноат бахшида ҳамсари шоистае ба ў рўзӣ кардааст.

8.Имом Алӣ (а): Ҳамсари шоиста, яке аз ду дастовард аст.

9.Имом Ҳасан (а) ба марде, ки назди эшон омаду дар бораи шавҳар додани духтараш машварат кард, фармуд: Ўро ба ҳамсарии марди ботақвое даровар, зеро агар духтари туро дўст дошта бошад, ўро гиромӣ медорад ва агар дўст надошта бошад, ба ў ситам намекунад.

г) Интихоби зани бокира

10.Паёмбари Худо (с): Бо зани бокира издивоҷ кунед, зеро даҳони онон хушбўтару синаҳояшон ширафшонтар ва ахлоқашон некўтару раҳимашон кушодтар аст.[1] Оё намедонед, ки дар рўзи қиёмат ба бисёрии шумо бар дигар умматҳо меболам? Ҳатто ба ҷанини сиқтшудае, ки қаҳр кардаву нороҳат бар дари биҳишт мемонад. Пас Худои азза ва ҷалла ба ў мегўяд: «Ба биҳишт дарой!». Ў мегўяд: «На. Ба биҳишт намедароям, то ин ки пеш аз ман падару модарам дароянд». Пас Худои Мутаол ба фариштае мефармояд: «Падару модарашро назди ман биёваред». Онгоҳ дастур медиҳад, ки он дуро ба биҳишт бибаранд. Сипас мефармояд: «Ин, аз лутфу раҳмати ман ба туст».

11.Сунани Дорамӣ ба нақл аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р): Дар сафаре бо Паёмбари Худо (с) будем. Ҳангоме ки баргаштем, ман дар рафтан пешӣ гирифтам. Саворе бар ман расид, баргаштаму дидам, ки Паёмбари Худо (с) аст.

Фармуд: Чӣ чиз туро ба шитоб водоштааст, эй Ҷобир?!

Гуфтам: Ман домоди нав ҳастам.

Фармуд: Бо духтар издивоҷ кардаӣ ё бо бева?

Гуфтам: Бева.

Фармуд: Пас чаро духтар нагирифтӣ, ки бо ҳам ба мулоиба бипардозед?

Сипас ба ман фармуд: Ҳаргоҳ ворид шудӣ, ҳуш дор, ҳуш дор![2]

Вақте расидем, хостем, ки вориди шавем, аммо Паёмбари Худо (с) фармуд: Сабр кунед то шаб (яъне шомгоҳ) дароем, то занон шонае бар сари хеш бикашанду мўйҳои зоиди худро тоза кунанд.

12.Саҳеҳи Бухорӣ ба нақл аз Ҷобир (р): Бо зане издивоҷ кардам. Паёмбар (с) фармуд: Эй Ҷобир! Оё издивоҷ кардӣ? Гуфтам: Оре.

Фармуд: Духтар аст ё бева?

Гуфтам: Бева.

Фармуд: Чаро духтар нагирифтӣ, ки бо якдигар мулоибаю хандоханӣ кунед?

Гуфтам: Падарам мурд, дар ҳоле ки ҳафт духтар бар ҷой гузошт ва ман дўст надоштам, ки яке мисли онон бар ҷамъашон бияфзоям. Пас бо зане издивоҷ кардам, ки сарпарастии ононро бар ўҳда бигирад.

Паёмбар (с) фармуд: Офарин бар ту!

13.Саҳеҳи Бухорӣ ба нақл аз Оиша (р): Гуфтам: Эй Паёмбари Худо! Агар ба водие фуруд омадию дар он дарахте буд, ки аз он хўрдаанд ва дарахти дигаре ёфтӣ, ки аз он хўрда нашудааст, дар кадом як аз онон уштуратро мечаронӣ?

Паёмбар (с) фармуд: Дар он дарахте, ки аз он чарида нашудааст.

Муроди Оиша (р) он буд, ки Паёмбари Худо (с) ҷуз ў, бокираи дигаре ба ҳамсарӣ нагирифт.

д) Интихоби зани ҷавон

  1. 1. Паёмбари Худо (с): Бо духтарони ҷавон издивоҷ кунед, ки онон хушхўтаранд.

е) Издивоҷ бо бегона

  1. 2. Паёмбари Худо (с): Бо бегона (ғайри хешованд) издивоҷ кунед, то фарзандони лоғари қоқ ба дунё наёваред.

ё) Интихоби зане бо ин хусусиёт

  1. 3. Паёмбари Худо (с): Бо занони чашмкабуд издивоҷ кунед, зеро ин гуна занон муборактаранд.
  2. 4. Паёмбари Худо (с): Барои нутфаи худ гузиниш кунеду ҳамсаронро интихоб намоед. Бар шумо бод заноне, ки косҳои бузург доранд, зеро онон зоётаранд.
  3. 5. Паёмбари Худо (с): Бар шумо бод занони сонбузург, зеро ин гуна занон зоётару муборактаранд.

6.Кофӣ ба нақл аз Аҳмад ибни Абўабдуллоҳ: Паёмбар (с) ҳаргоҳ мехост бо зане издивоҷ кунад, занеро мефиристод, то ўро бубинад ва ба он фиристода мефармуд: Гарданашро бибўй, агар гарданаш хушбў бошад, бадани хушбўе дорад ва буҷулаки пояшро нигоҳ кун, агар гўштдор бошад, шармгоҳаш низ гўштдор аст.

7.Имом Алӣ (а): Ҳар кас бихоҳад издивоҷ кунад, бо зани кўтоҳқади чоршонаи сабзина издивоҷ кунад. Агар аз ў лаззат набарад, маҳрияаш[3] бар ўҳдаи ман аст.

8.Имом Алӣ (а): Бо зани сабзинаи дуруштчашми сонбузурги чоршона ва миёнқад издивоҷ кунед, агар писандатон наяфтод, маҳрияаш бар ўҳдаи ман аст.

9.Имом Козим (а): Аз саодати мард ин аст, ки аз зани симинбар,[4] ҷома баргирад.

10.Кофӣ ба нақл аз Иброҳими Кархӣ: Ба Имом Содиқ (а) гуфтам: Ҳамсарам, ки зани созгоре буд, аз дунё рафтаасту акнун тасмим гирифтаам, ки издивоҷ кунам.

Имом (а) ба ман фармуд: Бингар, ки хештанро дар куҷо мениҳӣ ва киро дар дороият шарик мегардонӣ ва бар дину розат огоҳ месозӣ. Пас агар тасмими қатъӣ ба ин кор гирифтаӣ, бо дўшизае издивоҷ кун, ки аз ў ба некию некхўӣ ёд шавад. Бидон, ки занон чунонанд, ки шоир гуфтааст:

Занон гуногун офарида шудаанд,

Баъзе суданду баъзе зиён,

Бархе моҳи наванд, онгоҳ ки ошкор шавад,

Барои ёраш ва бархе ториканд.

Пас ҳар кас ба зани неке даст ёбад, хушбахт шавад,

Ва ҳар кас зиён кунад, роҳи интиқоме надорад.

Занон се дастаанд: зани зоёи меҳрубон, ки шавҳари худро дар кори дунёву охираташ ёрӣ мерасонаду ба рўзгор бар зидди ў ёрӣ намерасонад; зани нозое, ки на аз зебоӣ баҳрае дораду на аз ахлоқ ва шавҳарашро дар кори нек ёрӣ намерасонад ва зани доду бедод куни по ба дар, ки пушти сари шавҳараш сухан мегўяд ва зиёдро андак мешумораду андакро қабул намекунад.

[1] Киноя аз фарзандзоии бештари онҳост.

[2] Асли арабии ин таъбир, «ал-кайс» аст ва шореҳон дар баёни ин таъбир гуфтаанд: Ал-кайс, яъне ҷимоъ ё ақл. Мурод, ташвиқ ба талаби фарзанд аст ва ба қавле, барҳазар доштан аз тарки ҷимоъ аст, ки ҳамон ташвиқ ба муҷомиат аст. Яъне вақте ворид шудӣ, дар кори фарзанд бикўш. Бархе низ гуфтаанд, ки амр ба ҷимоъ аст ё наҳй аз шитоб ба он, бо бакоргирии ақл, то мабодо ташнагии шаҳват сабаб шавад, ки як вақт дар ҳоли ҳайз бо занаш муҷомиат кунад.

[3] Маҳрия: садоқ, пул ё чизи дигаре, ки ҳангоми ақди никоҳ бар ўҳдаи мард муқаррар мешавад.

[4] Симинбар: синасафед; «симин» ба маънии сафед ва «бар» ба маънои сина аст.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.