Раҳнамудҳое барои интихоби беҳтар 3

69

index657

заноне, ки шоистаи интихоб нестанд

а) Зебои ношоиста

  1. Паёмбари Худо (с): Зебоии рўи занро набояд аз зебоии динаш беҳтар донист.

2.Луқмон (а) ба писараш фармуд: Писарам! Агар занон монанди шароб чашиданӣ буданд, ҳаргиз ҳеҷ марде бо зани бад издивоҷ намекард.

б) Зебои бадгуҳар[1]

3.Имом Содиқ (а): Паёмбари Худо (с) ба хитоба истоду фармуд: Эй мардум! Аз хазрои диман (зебои бадгуҳар) бипарҳезед!

Гуфтанд: Эй Паёмбари Худо! Хазрои диман чист?

Фармуд: Зани зебо дар рўишгоҳи бад.

в) Аҳмақ

4.Паёмбари Худо (с): Аз издивоҷ бо зани аҳмақ бипарҳезед, зеро ҳамнишинӣ бо ў, мояи ранҷ асту фарзандаш табоҳ.

5.Имом Содиқ (а): Ба марди аҳмақ зан бидиҳед, аммо зани аҳмақ нагиред, зеро аз марди аҳмақ фарзанди боҳуш ба дунё меояд, вале аз зани аҳмақ фарзанди боҳуш ба дунё намеояд.

г) Нозо

  1. Паёмбари Худо (с): Бо бокираи баччазо издивоҷ кунед ва бо зани зебои нозо издивоҷ накунед, зеро ман дар рўзи қиёмат ба ҷамъияти шумо бар дигар умматҳо меболам.

7.Имом Содиқ (а): Марде назди Паёмбар (с) омаду гуфт: Эй Паёмбари Худо! Духтари амаке дорам, ки зебоию некўӣ ва диндории ўро писандидаам, аммо нозост.

Паёмбар (с) фармуд: Бо ў издивоҷ макун.

8.Сунани Абўдовуд ба нақл аз Маъқил ибни Ясор: Марде назди Паёмбар (с) омаду гуфт: Ман ба зани наҷибу зебое бархўрдаам, вале намезояд. Оё бо ў издивоҷ кунам?

Фармуд: На.

Дубора назди Паёмбар (с) омад ва эшон ўро наҳй кард.

Себора омад.

Паёмбар (с) фармуд: Бо зани меҳрубону зоё издивоҷ кунед, зеро ман ба бисёрии шумо бар дигар умматҳо меболам.

9.Усд-ул-ғоба ба нақл аз Абдулмалики Мисрӣ аз марде аз қабилаи Муҳориб: Марде назди Паёмбар (с) омаду гуфт: Зане ҳаст, ки зебоии ў чашмамро гирифтааст, вале нозост. Назди шумо омадаам то аз Худованд бароям талаби баракат кунед, ки аз он зан баччадор шавам. Паёмбар (с) ба ў иҷозат надод, ки бо он зан издивоҷ кунад.

Мард дубора назди Паёмбар (с) омаду хоҳиш кард, ки ба ў иҷозат диҳад ё барояш дуои баракат кунад. Паёмбар (с) фармуд: Агар бо зани сиёҳи зоёе издивоҷ кунад, назди ман беҳтар аз он аст, ки бо зани зебои нозое издивоҷ намояд.

д) Зани пир

10.Имом Содиқ (а): Се чиз аст, ки баданро вайрон мекунад ва чӣ басо мекушад: хўрдани гўшти намакини гандида; ҳаммом рафтан бо шиками пур ва издивоҷ бо занони пир.

е) Занони дорои ин хусусиёт

11.Ал-хисол ба нақл аз Зайд ибни Собит: Паёмбари Худо (с) ба ман фармуд: Эй Зайд! Издивоҷ кардаӣ?

Гуфтам: На.

Фармуд: Издивоҷ кун, то бар покдоманият бияфзоӣ. Ва бо панҷ гурўҳ аз занон издивоҷ макун.

Зайд гуфт: Онон кистанд, эй Паёмбари Худо?!

Паёмбари Худо (с) фармуд: Бо зани шаҳбара ва лаҳбара ва наҳбара ва ҳайдара ва лафут, издивоҷ макун.

Зайд гуфт: Эй Паёмбари Худо! Ман аз он чӣ шумо гуфтед, чизе нафаҳмидам ва дар бораи занон шинохте надорам. Паёмбари Худо (с) фармуд: Магар шумо араб нестед?! Шаҳбара, зани сиёҳчашми бадзабон аст. Лаҳбара, қоматбаланди қоқ аст. Наҳбара, зани кўтоҳқади зиштрў аст. Ҳайдара, зани пири шаҳватмурда аст. Ва лафут, зане аст, ки аз дигарӣ фарзанд дорад.

12.Ҷомеъ-ул-ахбор: Паёмбари Худо (с) ба Зайд ибни Собит фармуд: Бо дувоздаҳ даста аз занон издивоҷ макун. Гуфт: Эй Паёмбари Худо! Он дувоздаҳ даста кистанд?

Паёмбари Худо (с) фармуд: Бо ҳанфаса, анфаса, шаҳбара, салақлақа, мазбуба, мазмума, ҳаннона, маннона, рафсоъ, ҳайдара, зақноъ ва лафут, издивоҷ макун.[2]

13.Маҳаҷҷат-ул-байзоъ: Обиди даврагарди озоде дар аснои гардиш ба Илёс (а) бархўрд. Илёс (а) ўро ба издивоҷ кардан фармон доду аз тарки издивоҷ ўро наҳй кард. Сипас фармуд: Бо чаҳор тоифа аз занон издивоҷ макун: мухталиа, мубория, оҳира ва ношиза.

Мухталиа, зане аст, ки ҳар дам беҷиҳат дархости талоқи хулъ мекунад. Мубория, зане аст, ки бо молу маноли дунё, бар дигар занон мубоҳоту фахрфурўшӣ мекунад. Оҳира, зани зинокори маъруф аст. Худои Мутаол фармудааст: «На заноне, ки пинҳонӣ дўсти мард мегиранд».[3] Ношиза, зане аст, ки аз фармони шавҳараш саркашӣ мекунад.

14.Паёмбари Худо (с): Бо пиразан ва зани нозо издивоҷ макун, зеро ман ба фаровонии шумори шумо мубоҳот мекунам.

[1] Дар матни арабӣ таъбири «хазрои диман» омадааст, ки ба маънои сабзаест, ки дар мазбала ва саргингоҳ бирўяд. Диман ҷамъи димна ба маънои саргин ва зубола аст.

[2] Ҳанфаса, ба зане гуфта мешавад, ки баланд-баланд механдаду қаҳқаҳа мезанад. Анфаса, ба зани лоғари қоқи мурданӣ ё зани палиди табаҳкор ё зани бадзабони беҳаё ё сергап гуфта мешавад. Салақлақа, занеро мегўянд, ки аз дубур ҳайз мешавад ё зани забондароз. Мазбуба, зани магасноки маҷнун. Мазмума, пурайбу накўҳида. Ҳаннона, ба зани бевае, ки бо андўҳу ҳанин шавҳари худро ёд мекунад. Маннона, зани молдоре, ки бо моли худ бар шавҳараш миннат мениҳад ё зани молдоре, ки ба хотири молаш бо ў издивоҷ мекунанд ва вай бар шавҳари худ миннат мениҳад. Рафсоъ, зани зиштгўи зишткирдор. Занқоъ, пири зол, зани дароз занах. Лафут, зане, ки аз марди дигаре фарзанд дорад.

[3] Сураи Нисо, 25.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.