Thursday 21st September 2017
  • #
  • #
  • #
  • #

Хӯрдани ғизои саҳарӣ

Хӯрдани ғизои саҳарӣ барои рӯзадор мустаҳаб аст. Агар касе онро тарк кард, бар вай гуноҳе нест.  Паёмбар(с) фармуд:

تسحروا فإن في السحور بركة

“Ғизои саҳарӣ бихӯред, зеро дар он баракат мебошад.” Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим.

Паёмбар(с)фармуд:

‌علیکم بهذا السحور، فإنه هو الغذاء المبارك

“Бар шумо бод, ки ғизои саҳарӣ бихӯред, зеро он ғизои пурбаракате аст.” Насоӣ онро ривоят кардааст.

Баракати саҳарӣ хӯрдан дар ин аст, ки рӯзадорро нерӯ ва нишот мебахшад ва рӯзаро бар вай осон месозад. Саҳарӣ хӯрдан бо таъоми бисёр ва ё андак таҳаққуқ мепазирад, ҳарчанд ки ҷуръаи обе бошад.

Аз Абӯсаиди Худрӣ ривоят аст: “Саҳарӣ хӯрдан пурбаракат аст, онро тарк накунед, ҳарчанд ки бо як ҷуръа об бошад, зеро Худо ва фариштагон бар хӯрандагони саҳарӣ дуруд мефиристанд.” Ба ривояти Аҳмад.

Вақти саҳарӣ хӯрдан:

Вақти саҳарӣ хӯрдан аз нисфи шаб то ҳангоми тулӯи фаҷр ва сапедаи субҳ аст ва мустаҳаб мебошад, ки ба таъхир биуфтад. Аз Зайд ибни Собит ривоят аст, ки гуфт: “Ҳамроҳи Паёмбар(с) саҳарӣ хӯрдем, сипас бархостем ва барои намоз рафтем. Ба вай гуфтам, фосила байни саҳарӣ хӯрдан ва намоз чӣ қадр буд? Гуфт: ба андозаи муддати хондани панҷоҳ ояти Қуръон.” Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим.

Паёмбар(с) фармуд: “То замоне ки уммати ман дар ифтор шитоб кунанд ва дар саҳарӣ хӯрдан таъхир кунанд, яъне зуд ифтор кунанд ва дер саҳарӣ бихӯранд, бар хайру некӣ ҳастанд.”

Share



Назари худро бинависед