Thursday 23rd November 2017
  • #
  • #
  • #
  • #

Баландҳимматӣ

1.Имом Алӣ (а): Ҳар ки ҳимматаш баланд бошад, арҷаш афзун мешавад.

2.Имом Алӣ (а): Ҳаргоҳ чизе талаб мекунӣ, баландҳиммат бош.

3.Имом Алӣ (а): Ҳар ки чашми андешаашро боз кунад, ба ниҳояти орзуҳояш мерасад.

4.Имом Алӣ (а): Ҳеҷ чиз одамиро монанди ҳиммати баланд баландмартаба намегардонад ва ҳеҷ чиз ўро монанди шаҳват хор намесозад.

5.Имом Алӣ (а): Ҳар ки пиллаҳои ҳимматро бипаймояд, умматҳо ўро гиромӣ медоранд.

6.Имом Содиқ (а): Се чиз одамиро аз дастёбӣ ба бузургӣ бозмедорад: пастҳимматӣ, камчорагӣ ва сустии раъй.

 

Share



Назари худро бинависед