Ин сабзавот ва кабудиҳо саратонро дур мекунанд

71

Кабудиҳо ( сабзиҷот)и дорои ранги сабзи моил ба зард ба далели таркиботи мавҷуд дар онҳо хосияти зиддисаратонӣ ва зиддиоксидӣ доранд.

Кабудиҳое, ки рангдонаи сабзи моил ба зардӣ доранд дорои маводи муборизакунанда бо саратон ҳастанд.

Онҳо ба далели доштани як қатор мавод, аз ҷумла витаминҳо , моддаҳо ва пешмоддаҳо дорои хосияти зиддисаратонӣ ҳастанд; зимни инки ин мавод ғанӣ аз фибранд ва витаминҳо ва менералҳои баданро таъмин мекунанд.

Оксидҳо маводе ҳастанд ки дар асари стрессҳои рӯзона ки ба бадан ворид мегардад тавлид мешаванд ва бадан ба василаи антиоксидҳо бо онҳо муқобила мекунад; ба ҳамин далел истеъмоли маводи ғизоии саршор аз маводи антиоксидӣ монанди кабудиҳои дорои фибр , меваҳо , кабудиҳои сабзи моил ба зардӣ масалан нахуди сабз ва навъе аз ҷуворимакка тавсия мешавад.

Ин кабудиҳо ба далели вуҷуди пешмоддаҳо, аз ҷумла битокоротине, ки баъд аз истеъмол дар бадан табдил ба витамини А мешавад, аз саратон пешгирӣ мекунанд.

Истеъмоли ин навъ кабудиҳои сабзранг аз ҷумлаи карам дар пешгирӣ аз саратони рудаи ғафс таъсирбахш буда , таркиботи дорои маводи зард ё сурх мисли зардҷома (сабзӣ ё зардак) ва помидор, ки дорои маводи каротин ва маводи антиоксидӣ ҳастанд асари зиддисаратонии бисёр зиёде доранд .

 

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.