Нушидани чой; фоидаҳо ва зарарҳо

67

Барои коҳиши асари манфии чой дар ҷиҳати аз байн бурдани оҳани мавриди ниёзи бадан масрафи оби лимон ба ҳамроҳи он тавсия мешавад.

Масрафи чой то ҳади  зиёде витамини оҳани баданро коҳиш медиҳад, ки аз ин ҳайс бисёр зарарнок аст.

Аз тарафе масрафи қанд ба ҳамроҳии чой низ паёмадҳои ногувори  зиёде чун дарёфти калорияи зиёдатӣ, осебдидагии  дандонҳо ва фарбеҳиро  ба дунбол дорад.

Мутаасифона гоҳе бархе аз афрод монанди кормандон, ки чои  бештар дар тули рӯз масраф мекунанд  диққаташон  ба фарбеҳӣ,  дарёфти калория аз тариқи хурдани қанд ва шакари  беш аз андоза нест, дар ҳоле ки далели фарбеҳии  ин коркунон ба ҳамин мавзу вобаста аст.

Витамини С-и  мавҷуд дар оби лимон  пеши  роҳи коҳиши  витамини оҳани баданро мегирад.

Пажуҳишгарон мегуянд барои коҳиши асароти манфии чой бар витамини оҳани бадан масрафи оби лимон ҳамроҳи чой тавсия мешавад.Онҳо мегуянд оби лимон бо доштани витамини С метавонад асари коҳиши чой бар витамини оҳани баданро кам кунад.

Масрафи чой ҳамроҳ бо оби лимони тоза натанҳо  мушкиле эҷод намекунад, балки одати ғизоии бисёр хубе ҳам маҳсуб мешавад.

Ба таври куллӣ  таркиби полифоноли  мавҷуд дар чой, ки хосияти оксидӣ  ва зиддисаратонӣ  ҳам доранд бо оби лимони тоза метавонад сатҳи  арзиши хурокии  ин нушидании  пурмасрафро болотар бибарад.

Одат ба нушидани чой ва оби лимон, ки яке аз беҳтарин одатҳои ғизоӣ аст  аз гузаштаҳо давр дар миёни эрониён равоҷ дошта ва маъмулан эрониҳо дар фаслҳои сарди сол, ки лимони тоза ба фаровонӣ  дар дастрас аст, алоқаи бештаре ба нушидани чой ва оби лимон    нишон медоданд.

Албатта  бояд диққат кунем, ки оби лимон  замоне  ба чой бояд изофа  шавад, ки чоӣ  комилан хунук шуда бошад то витамини С-и мавҷуд дар оби лимон  дар асари гармои зиёди  чой  вайрон  нашавад ва аз байн  наравад.

Таъми чой бо афзудани каме  оби лимон   шикаста мешавад ва ба ҳамини далел  ҳам  ҳисси хушоянд барои масрафкунанда эҷод мекунад, ки дар чунин  мавридҳо   мумкин аст афроди алоқаманд ба чой ва оби лимон  ниёзи бештаре  барои хурдани хурокиҳои ширине  монанди қанд , шакар  ё  дигар  ширинкунандаҳо  бо ин нушиданӣ дар худ  ҳис  кунанд.

Масрафи зиёди оби лимон  ва чой  муҷиби афзоиши масрафи қанд ва шириниҷот мешавад  бо ин ҳисоби агар қарор бошад арзиши хурокии  чойро бо оби лимон  афзоиш  диҳем ва аз он тараф  таъми нави  онро бо масрафи теъдоди бештари  қанд  ё  миқдори бештари  шакар  бипасандед, ҳаргиз  нушидани чой ва оби лимон  ба ин сурат  тавсия  намешавад.

Масрафи қанди фаровон   ҳатто бо нушиданиҳои муфид ва пурхосият   низ  беҳдошти даҳон ва дандонро ба хатар меандозад ва муҷиби гирифторӣ  ба фарбеҳӣ  дар тули замон хоҳад шуд .

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.