Осебшиносии ҷавон

69

images90

Хатарноктарин офоте, ки ҷавононро махсусан дар асри кунунӣ таҳдид мекунад ва монеи ҷиддие дар роҳи шукуфоии истеъдодҳои онҳост, матраҳ мегардад. Ин офот аз инҳо иборатанд:

1.Ҳамнишини ношоиста

Ҳамнишини ношоиста ва ноҷинс ба далели он ки заминасози анвои фасодҳо ва олудагиҳои ахлоқӣ ва амалӣ аст, аз ҳамаи офоти ҷавонӣ хатарноктар аст. Ба гуфтаи Паёмбари Худо (с):

Ҳамнишини бад монанди (коргоҳи) оҳангарӣ аст, ки агар либосатро насўзонад, бўи бадаш озорат медиҳад.[1]

Хатари ҳамнишини бад то ҳадде аст, ки ситамгар дар дўзах ду дасти ҳасрат бо дандон мегазад ва мегўяд:

Вой бар ман! Кош фалон шахсро ба дўстии самимона барнагузида будам.[2]

Аз ин рў дар осебшиносии ҷавонон масъалаи ҳамнишин бештарин аҳамиятро дорад ва бидуни ин офатзудоӣ, пешгирӣ аз ҳеҷ офате имконпазир нест ва ба гуфтаи Ҳофизи Шерозӣ:

Нахуст мавъизаи пири сўҳбат ин ҳарф аст,

Ки аз мусоҳиби ноҷинс эҳтироз кунед.

Дар фасли севвуми бахши севвум хатари ҳамнишини бад, аломати он ва хусусиёти хатарноктарин дўстон аз нигоҳи Қуръон ва аҳодиси исломӣ ироа мегардад.

2 .Бекорӣ

Дуввумин заминасози фасод ва корҳои бехирадона, бекорӣ аст.[3] Эътиёд ва худфурўшӣ ва хатарноктар аз он динфурўширо метавон аз ҷумлаи осори бекорӣ шумурд.[4] Аз ин рў Луқмони Ҳаким мегуфт:

Агар кор кардан тоқатфарсост, бекорӣ фасодофарин аст.[5]

Ба ҳамин ҷиҳат бекорӣ мабғузи Худованди Мутаол аст ва шахси солими бекор назди Худованд манфур аст ва бар ин асос дар низоми исломӣ, балки дар ҳар низоме муҳимтарин иқдом барои пешгирӣ аз мафосиди ҷавонон ва ҳадар рафтани нерўҳо ва истеъдодҳои онон, эҷоди иштиғол аст.

Илова бар ин бояд ҷавононро ташвиқ кард, ки ба шеваи дуруст ва муассире аз вақтҳои фароғати худ баҳра бибаранд ва ба ин кор одат кунанд. Авқоти фароғат бояд василаи тақвияти нерўҳои халлоқ ва қувваи ибтикори ҷавонон бошад. Бетардид одат ба истифодаи муассиру муфид аз ин авқот, сармояи гаронбаҳоеро барои ояндаи зиндагии ҷавонон фароҳам хоҳад овард.

3 .Эътиёд

Эътиёд яке аз бузургтарин хатарҳое аст, ки имрўза ҷавононро дар сатҳи ҷаҳон таҳдид мекунад.[6] Падидаи хатарноки маводди мухаддир дар ҷаҳони имрўз аз печидагиҳое бархўрдор аст, ки Созмони Милал тиҷорати онро аз ҷароими созмонёфта талаққӣ мекунад. Ҳаҷми густардаи тиҷорат ва гардиши молии марбут ба қочоқи маводди мухаддир дар сатҳи ҷаҳон (якҳазору панҷсад миллиард доллар дар сол) ва нақши мафияи минтақаӣ ва ҷаҳонӣ бо пуштибонии созмонҳои иттилоотии кишварҳо, далели равшани созмонёфта будани ин падидаи шум аст, ки дар асри ҳозир беш аз як миллиард ҷавони 15 то 25 соларо таҳдид мекунад.[7] Дар фасли дуввум аз «Мавонеи шукуфоии ҷавон», дар шуморе аз ривоёт ба хатари маводди мухаддир ишора шудааст.[8]

Бадеҳӣ аст, ки дар инҷо фурсати баррасии ҳамаи авомили ин офати хатарнок ва роҳҳои пешгирӣ ва илоҷи он нест. Лизо танҳо ба ду омили аслии он, яъне ҳамнишини мўътод ва ошўбҳову изтиробҳои равонӣ ишора мекунем.

Ҷавонони азиз барои ин ки дар доми эътиёд наяфтанд, бояд дар интихоби дўсту ҳамнишин диққат кунанд,[9] аммо таъмини оромиши равонии ҷавон ду роҳ дорад: яке таҳкими пайвандҳои динӣ, зеро ҳарчи инсон бо Худои Меҳрубон наздиктар шавад, эҳсоси оромиши бештаре мекунад:

Огоҳ бошед, ки бо ёди Худо дилҳо оромиш меёбад.[10]

Ва дигарӣ таҳкими пайванди хонаводагӣ аст:

Дар ҳар хонавода устувортарин сад дар баробари истеъмоли маводди мухаддир, шахсияти матлуб ва мутаодили фарзанд ва пайвандҳои қавии хонаводагӣ аст. Зану шавҳаре, ки ба зиндагии оилавии худ бо тамоми вуҷуд алоқа доранд, ба фарзандонашон аз замони туфулият муҳаббат меварзанд, бо онҳо дар ҷавонӣ дўст мешаванд, аз онҳо интизори кўмак доранд, ба онон эҳтиром мегузоранд ва аз онҳо эҳтиром мехоҳанд, беҳтар аз ҳар омил ва қудрати дигар монеъ аз он мешаванд, ки навҷавонашон дар доми эътиёд гирифтор гардад.

Ҳаргоҳ фарзанди навҷавон ба моддаи мухаддире рўй оварад, пеш аз он ки вайро тард кунед ва ба ў саркўфт бизанед, бояд бидонед, ки бўҳрони равонӣ, ноҳанҷориҳо дар шахсият, сустӣ дар равобиташ бо атрофиён ва носозгории иҷтимоии ў вайро ба ин роҳи тира кашондааст. Ба ҷои он ки дасташро бигиред ва аз маҳлака наҷоташ диҳед, вайро бо захми забон ба бадхўӣ дар ин маҳлака партоб накунед.[11]

Гуфтанӣ аст, ки авомили таҳкими хонавода ва осори он аз нигоҳи Қуръон ва ривоёти исломиро дар китоби Ҳикматномаи хонавода ироа хоҳем кард. Иншоаллоҳ!

4 .Мастии ҷавонӣ

Яке аз нукоти муҳимми тарбиятӣ, ки дар ривоёти исломӣ дар заминаи осебшиносии ҷавонон бар он такя шудааст, офати мастии ҷавонӣ аст,[12] бо ин тавзеҳ ки танҳо нўшобаҳои спиртӣ мўҷиби мастӣ ва заволи ақл нестанд, балки ҳар навъ эҳсоси қудрате барои инсоне, ки худсозӣ накардааст, мастӣ меоварад. Тавонмандии сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳатто илмӣ монанди шароб қудратманд аст ва донишмандро маст менамояд.

Тавонмандӣ ва нишоти ҷавонӣ низ аз ин асли куллӣ мустасно нест. Ин тавонмандӣ гоҳ ҷавонро чунон сармаст мекунад, ки ўро то сарҳадди ҷунун пеш мебарад, чунон ки Паёмбари Худо (с) мефармояд:

Ҷавонӣ шохае аз девонагӣ аст.[13]

«Ҷунун» аз решаи «ҷан» ба маънои пўшидагӣ аст. Мастии ҷавонӣ қудрати тафаккур ва дурандеширо аз ҷавон мегирад ва ўро ба корҳои носавоб водор месозад.

Бар ин асос илова бар ин ки ҷавонон бояд худ ба ин нуктаи муҳим таваҷҷўҳ дошта бошанд, раҳбарони фарҳангӣ ва сиёсии ҷомеа низ бояд бо барномарезии муносиб нерў ва нишоти ононро дар масири саҳеҳ ҳидоят намоянд.

5 .Ҷозибаҳои ҷинсӣ

Яке дигар аз осебҳое, ки аз назари ривоёти исломӣ шукуфоии ҷавононро таҳдид мекунад, ҷозибаҳои ҷинсӣ аст. Давраи ҷавонӣ бо булуғ ва тарашшуҳи ҳормонҳои ҷинсӣ оғоз мешавад. Ҷозибаи ҷинсӣ, ки маълули тарашшуҳи ин ҳормонҳо аст, агар дар масири саҳеҳ ҳидоят нашавад, чӣ басо ба дўстиҳои номашрўъ, ишқҳои накўҳида ва дар ниҳоят худкушӣ, қатл ва муталошӣ шудани хонаводаҳо меанҷомад.

Раҳнамудҳои ҳакимонаи Ислом барои масун мондани ҷавонон аз осеби ҷозибаҳои ҷинсӣ иборатанд аз:

1.Риояти пўшиши исломӣ;[14]

2.Таҳрими манозири шаҳватангез;[15]

3.Таҳрими хилват бо номаҳрам;[16]

4.Иффати чашм;[17]

5.Тааммул дар оқибати шуми ҳавасронӣ;[18]

6.Тааммул дар ҳусни оқибати хештандорӣ;[19]

7.Тасҳили амри издивоҷ ва иқдом ба он дар аввалин фурсати мумкин.[20]

6 .Осебҳои фарҳангӣ ва сиёсӣ

Хатари дигаре, ки ҷавонони мусулмонро таҳдид мекунад ва Қуръону ҳадис нисбат ба он ҳушдор додаанд, офоти фарҳангӣ ва сиёсӣ аст.

Дар қарни якуми ҳиҷрӣ мактаби «ғолиён», яъне касоне, ки муддаии рубубияти пешвоёни дин буданд ва ҳамчунин мактаби «мурҷиа», яъне касоне, ки имони танҳоро барои наҷоти инсон кофӣ медонистанд ва амалан ибоҳигариро тарвиҷ мекарданд,[21] барои ҷавонон ҷозиба дошт, ки аҳодиси исломӣ нисбат ба он ҳушдор додаанд,[22] аммо дар асри мо ҷараёнҳои фарҳангӣ ва сиёсии фаровоне бо ҷозибаҳои гуногун тавассути шайёдони сиёсӣ ва иқтисодӣ барои фиреб додани ҷавонон сохтаву пардохта шудааст, ки аз як сў ҷавонон бояд бисёр ҳушёр бошанд, ки дар доми онҳо наяфтанд ва аз сўи дигар раҳбарони фарҳангӣ ва сиёсии ҷомеаи исломӣ бояд барои иртиқои сатҳи фарҳангӣ ва тақвияти шуури сиёсии ҷавонон барномарезии ҷиддӣ кунанд.

Оёт ва аҳодисе, ки дар фасли ҳафтуми бахши севвум дар бораи осебҳои фарҳангӣ ва сиёсӣ омадаанд, барои пешгирӣ аз ин осебҳо чаҳор паёми муҳим барои ҷавонон доранд:

1.Ҳушдор дар мавриди осебҳои фарҳангӣ ва сиёсӣ;

2.Зарурати тақвияти огоҳиҳои фарҳангӣ ва сиёсӣ;

3.Иҷтиноб аз шахсиятгароӣ ва пайравии кўркўронаи фарҳангӣ ва сиёсӣ;

4.Мухолифат бо раҳбарони фарҳангӣ ва сиёсии ношоиста.

7 .Осебҳои ахлоқӣ ва амалӣ

Ҳамнишини бад, бекорӣ, эътиёд, сармастӣ, ҷозибаҳои ҷинсӣ ва осебҳои фарҳангӣ ва сиёсӣ, ҳамагӣ заминасози ахлоқи накўҳида ва аъмоли ношоистае ҳастанд, ки андеша ва зеҳну ҷони ҷавонро олуда мекунанд ва истеъдодҳои ўро табоҳ месозанд.

Хатарноктарин зидди арзишҳое, ки садди роҳи шукуфоии ҷавонон мешаванд, иборатанд аз: оққи волидайн, бадхулқӣ, бадзабонӣ, ғурур, худбинӣ, такаббур, ҳирс, ҳасад, кина, асабоният, лаҷбозӣ, танбалӣ ва ифротигарӣ, ки матни раҳнамудҳои марбут ба ин офатҳо дар фасли ҳаштуми бахши севвум хоҳад омад.

[1] Ниг: Ҳадиси 357.

[2] Сураи Фурқон, ояти 28.

[3] Ниг: Ҳадиси 338-347.

[4] Ниг: Ҳадиси 348-350.

[5] Ниг: Ҳадиси 351.

[6] Ниг: Гузориши вазъияти ҷаҳонии ҷавонон, 2003, саҳ. 186-203.

[7] Дар асри ҳозир ҳудуди 215 миллион нафар мўътод дар ҷаҳон вуҷуд дорад.

[8] Ниг: Ҳадиси 352-356.

[9] Ниг: Ҳадиси 140.

[10] Сураи Раъд, ояти 28.

[11] Парвариши фарзанд дар асри душвори мо, саҳ. 240-241.

[12] Ниг: Ҳадиси 379-382.

[13] Ниг: Ҳадиси 379.

[14] Ниг: Ҳадиси 286-289.

[15] Ниг: Ҳадиси 383-394.

[16] Ниг: Ҳадиси 401-402.

[17] Ниг: Ҳадиси 279-285.

[18] Ниг: Ҳадиси 397-400.

[19] Ниг: Ҳадиси 404-406.

[20] Ниг: Ҳадиси 290-305.

[21] Мактаби Мурҷиа, пеш аз он ки як мактаби фарҳангӣ бошад, як ҷараёни сиёсӣ барои нобуд кардани Ислом буд ва ба ин ҷиҳат умавиён аз он ҷонибдорӣ мекарданд, балки дар воқеъ худи онон бунёнгузори он буданд.

[22] Ниг: Ҳадиси 72 ва 412.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.