Тавони ҷавон бар сохтани шахсияти худ

51

index

Қуръон

Саранҷом касе ба Мўсо имон наёвард, магар фарзандоне аз қавми вай.[1]

Ҳадис

23.Паёмбар (с): Шуморо ба некӣ бо ҷавонон супориш мекунам, зеро онҳо нармтарин дилҳоро доранд. Ба ростӣ ки Худованд маро башоратдиҳанда ва ҳушдордиҳанда барангехт. Ҷавонон бо ман паймон бастанду пирон бо ман мухолифат карданд. (Онгоҳ ин оятро хонд: «Ва умри онон ба дарозо кашиду дилҳояшон сахт гардид»).[2]

24.Тафсири Қуммӣ: Ояти «Ва аз ин ки ҳушдордиҳандае аз худашон барояшон омадааст, дар шигифтанд»,[3] дар Макка нозил шуд. Онгоҳ ки Паёмбари Худо (с) даъваташро дар Макка аланӣ сохт, Қурайш назди Абўтолиб омаданду гуфтанд: Эй Абўтолиб! Бародарзодаат орзуҳои моро барбод дода худоёнамонро дашном медиҳад, ҷавононамонро ба табоҳӣ кашонда миёни мо ҷудоӣ андохтааст. Агар нодорӣ ўро бар ин кор водоштааст, мо барояш сарвате гирд оварем, то сарватмандтарини Қурайш шавад ва ўро ба риёсати худ баргузинем.

Абўтоли ин матолибро ба Паёмбари Худо (с) гузориш дод. Паёмбар (с) фармуд: «Агар офтобро дар дасти рости ман ва моҳро дар дасти чапи ман бигузоранд, онро нахоҳам пазируфт».

25.Имом Алӣ (а): Хирад ва нодонӣ то 18 солагӣ бар одамӣ ғалаба намекунанд, вақте одамӣ ба он син расид, ҳар кадом бештар бошад, бар ў ғалаба меёбад.

26.Имом Содиқ (а): Фарзанди бародар! Ҷавононро дарёбу пиронро раҳо кун.[4]

27.Кофӣ-ба нақл аз Исмоил ибни Абдулхолиқ-: Шунидам, ки Имом Содиқ (а) аз Абўҷаъфари Аҳвал мепурсид: «Ба Басра рафтӣ?».

Гуфт: Бале.

Фармуд: «Иқболи мардумро ба имомат ва вуруди ононро ба ин маром чӣ гуна ёфтӣ?».

Гуфт: Ба Худо савганд, ки шиаён андаканду талошҳое кардаанд, аммо он ҳам андак аст.

Онгоҳ (Имом (а) ба ў) фармуд: «Бар ту бод ба ҷавонон, ки онон дар (пазириши) некию хайр бошитонтаранд.

28.Илал-уш-шаройеъ-ба нақл аз Исмоил ибни Фазли Ҳошимӣ-: Ба Имом Содиқ (а) гуфтам: Аз аҳволи Яъқуб (а) маро хабар деҳ, онгоҳ ки фарзандонаш ба вай гуфтанд: «Эй падар! Барои гуноҳони мо омурзиш бихоҳ, ки мо хатокор будем. Гуфт: Ба зудӣ аз Парвардигорам барои шумо омурзиш мехоҳам».[5] Яъқуб (а) истиғфорро ба таъхир андохт. Низ аз аҳволи Юсуф (а) маро хабар деҳ, онгоҳ ки бародаронаш ба вай гуфтанд: «Ба Худо савганд, ки воқеан Худо туро бар мо бартарӣ додааст ва мо хатокор будем. (Юсуф (а)) гуфт: Имрўз бар шумо сарзанише нест. Худо шуморо меомурзад ва ў меҳрубонтарини меҳрубонон аст».[6]

Имом Содиқ (а) фармуд: «Дили ҷавон аз дили пирамард нармтар аст. Фарзандони Яъқуб бар Юсуф ситам раво доштанд ва ситами онон бар Яъқуб ба воситаи ситам бар Юсуф буд. Аз ин рў Юсуф ба суръат аз ҳаққи худ гузашт кард, вале Яъқуб гузаштро ба таъхир андохт, зеро гузашти ў нисбат ба ҳаққи дигарӣ буд. Вай истиғфорро то саҳари шаби ҷумъа ба таъхир андохт».

[1] Сураи Юнус, ояти 83.

[2] Сураи Ҳадид, ояти 16.

[3] Сураи Сод, ояти 4.

[4] Ҳангоми хуруҷи Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ибни Ҳусайн (а) бар аббосиён, пас аз кушта шудани падараш ва ҳангоми даъвати вай аз мардум ва Имом Содиқ (а) ба байъат бо хеш.

[5] Сураи Юсуф, ояти 97-98.

[6] Сураи Юсуф, ояти 91-92.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.