Хӯрок бо макарон

169

Маҳсулот:

200-300 гр – макарон;

300-400 гр – гӯшти моҳӣ;

100 гр – сметана;

1 дона – пиёз;

Гашничу укроб, равғани зайтун ва намак.

Тарзи омода кардан:

Гӯшти моҳиро ба таври чаҳоркунҷаи калон реза намуда, ба равғани гармшудаи зайтун, ки дар он пиёзро сурх кардаем, ҳамроҳ менамоем. Пас аз 10-15 дақиқаи таф додан, ба он сметанаро якҷоя мекунем. Ба қайлаи омодашуда кабудӣ ва зираро илова намуда, то пухтани маҳсулотҳо бо каме об меҷӯшонем. То омода шудани қайла макаронро дар оби намакдор меҷӯшонем ва пасон онро ба дохили қайла ҳамроҳ менамоем. Хӯроки мо омода.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.