Афусурдагӣ  решаҳо ва чораҳо[қисми аввал]

116

Вақте гулу гиёҳ афсурда мешавад, яъне рангу бу ва тароват ва шодобии худро аз даст медиҳад, дигар самар намедиҳад, ва пайваста рӯ ба зардӣ ва сустӣ меравад то хушк ва нобуд шавад.

Вақте ҳам инсоне афсурда мешавад, яъне нишоти зиндагӣ, ангеза талош, умед ба  оянда, боландагӣ ва рушди фикрӣ ва иҷтимоиро аз даст медиҳад, рӯз ба рӯз мунзавитар мешавад. Ба ҳама бадбин мегардад, аз ҳузур дар ҷамъомадҳо, маҳфилҳо, меҳмониҳо ва маросим тафра меравад, дасташ ба сӯи ҳеҷ талоше дароз намешавад, худро мавҷуди бехосият ва зиндагиро талоши беҳуда мешуморад ва дар ниҳоят, дучори навъе «марги тадриҷӣ»  мегардад.

Ончи гулу гиёҳро афсурда ва пажмурда месозад, ё нарасидани обу нур ва ҳарорати кофӣ аст, ё номуносиб будани хок ва муҳит ва бистари рушд ва рӯиш аст, ва ё ҳамҷаворӣ бо алафҳои ҳарза ва офатҳои монеи рушд.

Ончи ҳам инсонро афсурда мекунад, ё хушк шудани чашмаи ақлу хирад аст, ё мушкилӣ отифӣ, ё фосила гирифтан аз маърифатҳо ва шинохтҳои эҳёгари ҷону дил аст. Ё надоштани таваккул ва умед, ва ё ҳамнишинӣ бо инсонҳои афсурда ва дилмурда ва бе ангеза аст.

Он «рӯҳия», паёмади ин «реша» аст ва он вежагиҳо маҳсули ин ҳолот ва аворизи фикрӣ, рӯҳӣ ва рафторӣ аст.

 

Решаҳои афсурдагӣ

  1. Ҳамдамӣ бо афсурдагон

Инсон, мавҷуди асарпазир аст. Ҳамон гуна, ки унс ва улфат ва ҳамнишинӣ бо афроди шуҷоъ ва тарсу, бахшанда ва бахил, умедвор ва ноумед, чолок ва танбал, дар шуҷоат ва тарс ва бахшандагӣ ва бухл ва умеду яъс ва чолокӣ ва танбалии ӯ асар мегузорад, ҳамдамӣ бо афсурдаҳолон ҳам, пажмурдаҳол ва афсурдааш месозад.

«Афсурдадил, афсурда кунад анҷуманеро».

Чаро дар давраи ҷанг ва ҳолати ҷангӣ, сарбози фирории аз майдонро «муҳокимаи саҳроӣ»  мекунанд ва танбеҳ ва гоҳе эъдом мекунанд? Чун фирори як нафар аз ҷанг, гоҳе рӯҳияи як сипоҳро хароб мекунад ва ононро ҳам дучори тарс ва аз даст додани рӯҳияи истодагӣ мекунад. Касоне ҳам, ки бо афроди берӯҳия ва афсурда, маънус ва рафиқ бошанд ва ҳашр ва нашр дошта бошанд, ҳамон рӯҳиётро пайдо мекунанд.

 

То наёяд ғаму накоҳад умр

Рӯи ғамгину рӯи мурда мабин

То нагардад дили ту афсурда

Чеҳраи мардуми фусурда мабин.

  1. Бекорӣ

Касе, ки вақташ пур аст ва кору машғала дорад, ҳисси «муфид будан»  дорад; Аммо онки коре ва машғулияте надорад, чӣ бознишастаи бекор бошад, чӣ ҷавоне, ки дар пайи кор ва шуғл мегардад ва намеёбад, чӣ ҳатто хонадоре, ки вақти холии ӯ, омили афкор ва таваҳҳумот ва хаёлоте мешавад, ки ба афсурдагӣ меанҷомад, чунин касе эҳсос мекунад, ки вуҷудаш бесамар ва бехосият аст ва умраш ба батолат мегузарад ва зиндагӣ карданаш беҳуда аст ва… натиҷа? Эҳсоси афсурдагӣ!

Касе, ки бо эҳсоси шикастхӯрдагӣ аз зиндагӣ, чунин мегӯяд:

Мо, ки будем? Руди пурҷӯше

Пайи дарё ба ҷустуҷӯ рафта

Лек дар коми регзори хушк

Нимараҳ, ногаҳон фурӯ рафта.

 

Ночор ин эҳсос ва нигоҳ ба зиндагӣ, афсурдааш месозад ва ангеза ва умедро аз вай мегирад.

  1. Набудани умед

Касе, ки умед ва ишқ ба зиндагӣ надошта бошад ва барои ин савол, ки «барои чӣ зинда ҳастам ва чаро зиндагӣ мекунам?»  посухе равшан ва қонеъкунанда надошта ё наёфта бошад, дучори афсурдагии рӯҳӣ хоҳад шуд.

Баъзеҳо аз тариқи хондани осори баъзе нависандагони пучгаро, ба пучӣ мерасанд ва зиндагиро бемаъно ва бетафсир мешиносанд ва масалан мегӯянд:

Ҳеҷ на ангезае, ки ҳеҷам, пучам

Ҳеҷ на андешае, ки сангам, чӯбам

Ҳам сафари қиссаҳои талхи ғарибам

Раҳгузари кӯчаҳои танги ғурубам.

Агар инон дучори афсурдагӣ нашаванд, ҷойи шигифтӣ аст! ноумедӣ, кушандатарин сам(заҳр) барои як инсон аст. Ба таъбири ҳазрати Алӣ(а): «Ноумедӣ, соҳибашро мекушад».(1) Низ мегуянд: «Талхиҳо ва газишҳои нобудӣ, аз они касе аст, ки ноком ва ноумед бошад».(2)

  1. Беэътиқодӣ ба маод

Касе, ки зиндагии худро миёни ду нестӣ бибинад ва пиндорад, ки «набудааст» ва «нест хоҳад шуд», ва маргро поёни хат бидонад ва он сӯи девори марг, ба ҳақиқате бовар надошта бошад, аз таҳлили дурусти зиндагӣ нотавон хоҳад шуд ва чун ҳар лаҳза аз умрашро қадаме ба сӯи он «нобудӣ» мебинад, рафта рафта, нишоти зиндагиро аз даст хоҳад дод, мисли шамъе, ки рӯ ба хомӯшӣ аст ва барфе, ки дар ҳоли об шудан ва чашмае, ки дар ҳоли хушк шудан аст.

Ин тасаввур, кӣ: «Ман дар ҳоли тамомшуданам ва нест мегардам», ӯро пеш аз марг, мекушад ва марги ӯ ҳамон «афсурдагӣ» аст.

  1. Зарбаҳои рӯҳӣ

Ҳаводис, мусибатҳо, фавти азизон ва марги дӯстон, шикаст дар ишқ ва дарсу шуғл ва зиндагӣ, эҳсоси бепаноҳӣ ва надоштани ҳамзабон, ҳамдам, ҳамфикр, ҳамроҳ, такягоҳ, ғамхор, дӯст ва… зарбаҳои рӯҳие аст, ки гоҳе нишот ва умеди зистанро аз афрод мегирад.

Агар ҳодисадидагон, ба дарки фалсафаи балоҳо нарсида бошанд ва аз пасту баландиҳои зиндагӣ, таҳлили мантиқӣ ва қобили қабуле надошта бошанд, дар муқо били ин зарбаҳо аз по дармеоянд ва устувории худро аз даст медиҳанд.

  1. Камбуди муҳаббат

Баъзеҳо дучори камбуди муҳаббат мешаванд, эҳсос мекунанд, ки ҷое дар дили афрод надоранд ва дар хонавода ва назди фомил ва дӯстон, аз мавқеияти муносиб бархурдор нестанд. Ин низ зарбаи рӯҳии дигаре аст. Шояд ҳам рафтори наснҷидаи дигарон бо фард, омили пайдоиши ин ҳис шуда бошад.

  1. Ғуссаҳои беҷо

Баъзе ҳам дучори андӯҳ ва ғусса барои чизҳоеанд, ки ё арзиши ғусса хӯрдан надорад, ё дар бораи онҳо коре аз дасти инсон бар намеояд ва андӯҳу ғусса, роҳкушо нест. Ин худхуриҳо ва ҳасратҳо ва андӯҳҳо тавонсӯз аст. Ба фармудаи Алӣ(а): «Андӯҳ, рӯҳ ва ҷонро дарҳам мефишорад ва шодобӣ ва нишотро аз байн мебарад».(3)

Ва дар сухани дигар фармудааст:

«Ғусса, баданро об мекунад».(4)

Инҳо ва намунаҳое аз ин дастаро метавон решаҳои ба вуҷуд омадани афсурдагӣ донист.

Аммо дармони афсурдагӣ: дар қисми дуюми мақола дар бораи дармони афсурдагӣ суҳбат мекунем.

 

  1. Ғурарулҳикам, ҷ 7, с 431.
  2. Ҳамон.
  3. Ҳамон, ҷ 2, с 114.
  4. Ҳамон, ҷ 1, с 260.

Пойгоҳи интернетии “Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.