Хуб аст бонувон бидонанд!

89

Хуб аст бонувон бидонанд!

Пӯсидани дандон ва ҳомилагӣ:

Бонувон чун камтар офтоб ба бадани онҳо мерасад, ба баданашон камтар калсиум мерасад; дар вақти ҳомилагӣ, вақте баччашон устухонҳояш сохта мешавад, калсиуми устухонҳо ва дандонҳои модарро ба таври табиъӣ ба худ мегирад. Баъзе аз занон баъди ҳомилагӣ гирифтори пӯсидани дандон шудаанд. Пешниҳоди мо ин аст, ки ҳамон тавр ки ҳазрати Алӣ алайҳиссалом фармудаанд: “офтоб аз пушт, шифо ва аз пеш, беморӣ аст”, бонувон дар рӯз чанд дақиқа вақт гузоранд то офтоб ба пӯсташон расад ва хурокиҳои калсиумдор мисли хурмо, калам, туруб, орди синҷид ва асалро хуранд.

Мушкили камхунӣ дар бонувон:

Дар байни бонувон камхунӣ хеле зиёд аст. Барои дармони камхунӣ пешниҳод мешавад, ки себро тарошида бо асал ҳамроҳ карда хуранд, ки ин фоидаи зиёде дорад. Як қошуқ асал ва даҳ қошуқ себи тарошидашударо ду ё се бор ва ҳатто панҷ бор дар рӯз хуранд.

Робитаи сард дар зиндагии муштарак

Даврони ҳомилагӣ ва навои дилнишини Қуръон ва таъсири он ба бачча:

Модароне ки дар вақти ҳомилагӣ садои Қуръонро гӯш медиҳанд, рафторҳои кӯдаконашон ором аст, ва кӯдакашон бо садои Қуръон ошно аст. Гуш кардани Қуръон барои зоидан ҳам таъсир дорад, ки зоидани модарро осонтар мекунад.

Яке аз сабабҳои касалии варикоз:

Хеле аз бонувон касалии варикоз доранд, чун бе инки истироҳат кунанд баъди хурдани хӯрок яке ду соат меистанд ва зарф мешӯянд. Ин сабаб мешавад хун дар пойҳо ҷамъ шавад ва рафтанаш (ба тарафи боло) сахт мешавад. Дар бисёри аз дардҳои сиётик (ишиас) ҳам сабабаш ҳамин аст (баъд аз хӯрок хурдан сахт кор мекунанд). Ҳамчунин кафшро накашида хӯрок хурдан, сабаби дарди по мешавад.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.