Идораи робитаи ҷинсии навҷавонон

68

Идораи робитаи ҷинсии навҷавонон

Як равоншинос ва мушовири кӯдак ва навҷавон дар ин замина ба мо мегӯяд: «мо шоҳид ҳастем, ки бархе аз хонаводаҳо вақте сӯҳбат аз робитаи отифии навҷавон бо ҷинси мухолиф ба миён меояд бо фел бархурд мекунанд аммо интарв муомила боис мешавад, ки навҷавон саволоти худро дар хонавода напурсад ва дар пайи он садамоти ҷуброннопазире ба навҷавон ворид мешавад» пас муомилаи дуруст чист?

Одоби фарзандпарварӣ аз манзари Қуръон

Ӯ мегӯяд: «мо мехоҳем як ҳадди миёна дар хонавода матраҳ шавад то навҷавон битавонад масоили худашро бетарс аз фелу ҷанг дар хонавода матраҳ кунад лизо волидайн метавонанд пешқадам шаванд ва назари навҷавонро дар мавриди масоили отифӣ ва ҷинсӣ ҷуё шаванд масалан назари фарзанди худро дарбораи дӯсти бо ҷинс мухолиф бипурсед ва аз ӯ бихоҳед, ки хубиҳо ва айбҳои ин дӯстиро барои шумо баён кунад.

Вақте як падар ё модар бо оромиш ва хубгӯӣ ин масъаларо матраҳ мекунад боис мешавад, ки навҷавон дар оромиши хотир дидгоҳашро баён кунад ва ин падар ё модар метавонад бо ҳушманди хатоҳое, ки дар зеҳни фарзандаш вуҷуд дорадро ислоҳ кунад.»

Калидҳои тилоии тарбияти фарзанд ва роҳи подош додан

Вай идома медиҳад: «агар бо ин саволот, навҷавон аз муҳити хонавода дур шавад, қатъан барои ҷавоб гирифтан ба сӯи ҳамсолонаш паноҳ мебарад ва онон бидуни доштани илми кофӣ дарбораи ин масоил изҳори назар хоҳанд кард ва навҷавон бо мушкил рӯбарӯ хоҳад шуд бинобарин ҳаракат кунед дидгоҳи навҷавонро дарбораи робитаҳои ҷинсӣ ва ҳамчунин робитаҳои отифии зудҳангом бо ҷинси мухолиф ҷуё шавед, ба мизони кофӣ иттилооти лозимро дар ихтиёри навҷавонатон қарор диҳед ва дар робита бо ин масоил то ҷойе, ки имкон дорад бо онон сӯҳбат кунед.»

Ин равоншинос изҳор медорад: «бо таваҷҷӯҳ ба сӯҳбатҳои матраҳшуда бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки дар давраи навҷавонӣ ба далели тағйироти ҷисмӣ ва руҳӣ, зудранҷӣ ва ҳассосият бар онон ғалаба дорад ва лозим аст, ки волидайн ба нукоти зер ҳам таваҷҷуҳ кунанд:

1- Назорат бо кантрол кардан фарқ дорад; Шумо ҳаққи ин ро доред, ки аз роҳи дур мувозиби аъмол ва рафтори фарзандатон бошед аммо ҳаққи вуруд ба ҳарими шахсии навҷавонатонро надоред; Дидани телефони ҳамроҳ, сумка, васоили шахсӣ ва… Танҳо сабаби аз байн рафтани боварӣ мешавад лизо саъй кунед ба ҷойи кантрол кардан бо сӯҳбат кардан бар ӯ назорат кунед.

2-Яке аз роҳҳои назорат аз роҳи дур, шинохти дӯстони фарзандатон аст. Аз навҷавонатон дарбора дӯстонаш савол кунед ва аз ӯ бихоҳед, ки шуморо бо онҳо ошно кунад; Гоҳе нияти хубатонро ба фарзандатон фаҳмонед ва иҷозат диҳед, ки дӯстонашро ба хона даъват кунад.

Нақши зану мард дар оромиши хона – қисмати аввал

3-Маҳдудиятҳои хонаводагиро ба фарзандатон бигӯед; Инки баъди як соати муойян дар хона бошад ва дар замонҳои истироҳат иртиботи телефониро маҳдуд кунад.

4-Ба ҷойи ҷангу фел беҳтар аст, ки бо фарзандатон дӯстона ва содиқона рафтор кунед чароки бо ҷанг ва баҳс кардан бар сари масоили мухталиф танҳо роҳи лаҷбозиро боз хоҳед кард.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.