Тарбияи кӯдак – як соли аввал

136

Тарбияти кӯдакони зери яксола чӣ гуна бояд бошад?

Оё тарбияти кӯдак то яксолагӣ аҳамияте дорад?

Аз кадом синне кӯдакро тарбият кунем?

Ниёзҳои кӯдакон дар соли аввали зиндагӣ чист?

Тарбияти кӯдакони камтар аз яксола бисёр аҳамият доред, зеро ин даврон поя ва асоси даврони кӯдакӣ ба шумор меравад. Солҳои аввали зиндагӣ, нақши бисёр муҳимме дар рушди иҷтимоӣ, шинохтӣ, физикӣ ва эҳсосии кӯдак дорад

Мумкин аст ин савол дар зеҳни шумо пайдо шавад, ки аз чӣ синне кӯдакро тарбият кунем?

Аз ибтидои таваллуд фарзанд рафторҳоеро мушоҳида мекунед, ки зарурати тарбияти онҳо эҳсос мешавад. Маҳоратҳои парвариши фарзанд аз нахустин чизҳоест, ки падару модар бояд ба он огоҳӣ пайдо кунанд.

Бояд гуфт, парвариш ва тарбияти фарзанд аз ҳамон ибтидои таваллуд шурӯъ шудааст. Рафторҳо ва ҳакоте, ки навзодон дар соли аввали зиндагӣ анҷом медиҳанд, мавориде аз ин қабил ҳастанд:

– Кӯдакон дар ин син ёд мегиранд, ки аъзои бадани худро контрол кунанд ва ба ин сурат метавонанд сарашонро боло бигиранд, биншинанд ва роҳ бираванд.

– Аз мавҷудияти худашон огоҳ мешаванд ва исми худро мешиносанд.

– Ёд мегиранд, ки падару модарашон нуқтаи амни онҳо ҳастанд ва дар ҳангоми ҷудоӣ аз онҳо, гиря мекунанд.

– Ба тадриҷ бо атрофиён иртибот барқарор мекунанд.

– Ба бозӣ кардан алоқа нишон медиҳанд.

– Ба тадриҷ маҳоратҳояшонро афзоиш медиҳанд.

***

Ниёзҳои кӯдакон дар соли аввали зиндагӣ

Бо кӯмак ва мушовираи мутахассисон дарёбед, ки дунё аз нигоҳи кӯдакон чӣ гуна аст. Дар ибтидои зиндагӣ, кӯдак саросар ниёз аст. Таваҷҷӯҳ ба ниёзҳои кӯдакон дар соли аввали зиндагӣ, боиси муваффақият дар рушд ва тарбияти беҳтар дар солҳои оянда мешавад. Ин ниёзҳоро метавон ба таври хулоса, ба интартиб баршумурд:

Волидайн, ё мураббиёни кӯдак ба гиряҳо ва эъломи ниёзҳояш посух бидиҳанд ва ҳисси амнияту оромишро дар онҳо эҷод кунанд.

Кӯдакон ба муҳите ниёз доранд, ки дар он ҳаркат кунанд ва маҳоратҳои ҳаракатиро биёмӯзанд.

Кӯдакон муҳити бехатаре дошта бошанд, ба роҳатӣ дар он бозӣ кунанд.

Ниёз доранд садо ва посухи атрофиёнро бишнаванд то ёд бигиранд, ки бо онҳо иртибот барқарор кунанд.

Инчунин кӯдакон ниёз доранд, ки падару модарҳо онҳоро дар оғӯш бигиранд ва эҳсоси эътимодро ба онҳо ба вуҷуд биёранд.

***

Рафторҳои саҳеҳ бо кӯдакони то яксола

Рафторҳои падару модарон бо кӯдак дар ин син бисёр сода, аммо муҳим аст. Дар идома бархе аз ин рафторҳоро тавзеҳ медиҳем.

Кӯдакро баррӯи бадани худ бихобонед ва ӯро дар ин ҳол, навозиш кунед ва бо ӯ сӯҳбат кунед.

Кӯдакро дар оғӯш бигиред. Тиҳқиқот нишон додааст, ки ин ҳолат боиси оромиш ва роҳатии ӯ мешавад.

Дар ҳангоми хобидан, барояш алла гӯед ва камар ва ё шикамашро мосож диҳед.

Кӯдакони зери як сол бо гиря кардан иртибот барқарор мекунанд, бо таваҷҷӯҳ кардан ба гиряҳои ӯ, мефаҳмад, ки шумо ӯро дарк кардаед ва ба ӯ аҳамият медиҳед.

Ашёи гуногун ва бехатар барояш омода кунед ва иҷоза диҳед, ки онҳоро кашф кунад.

Бо кӯдакатон сӯҳбат кунед. Калимоте, ки мегӯяд, такрор кунед ва вақте ки ба чизҳои мухталиф ишора мекунад, номи онҳоро ба ӯ бигӯед.

Шеърҳои кӯдакона барои ӯ бихонед ва бозиҳои сода бо ӯ анҷом диҳед.

Муҳимтарин асл дар тарбият кӯдакони камтар аз яксола, эҷоди ҳисси амният ва эътимод даркӯдак аст. Бо анҷоми рафторҳои баёншуда ва эҷоди ҳисси амният дар кӯдак, қадами бисёр муҳимме барои тарбияти муваффақи ӯ мебардоред.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.