Чӣ гуна метавон орому босабр буд?

62

Чӣ гуна метавонам орому сабур бошам?

Чӣ гуна метавонам худро котрол кунам?

Чӣ гуна метавонам хушахлоқ бошам?

Ривояте аз Имом Алӣ(р) нақл шудааст, ки мефармоянд: “Хашм оғозе дораду анҷоме, оғозаш девонагӣ ва анҷомаш пушаймонист!”

Барои он ки ба девонагӣ ва ҷунун меубтало нашавем ва барои он ки ба зиллату шармандагӣ ва надомат наафтем, дар итоат аз фармони ғаризаи ғазаб, шитоб накунем, ки шитоб дар хашму ғазаб ва иҷрои фармонаш боиси тасаллути бештару решадортар шудани ин одат мегардад.

Бидонем, ки хашм оташест, ки агар онро дар ҳамон лаҳзаи аввал маҳор кунем, хомӯш гардида ва агар раҳояш кунем ва фарёд кашидем, шӯълавар мешавад ва нахуст худи моро ва сипас дигаронро хоҳад сӯзонд.

Барои он ки битавонед қавлу тасмими худро нашиканед ва баро он ки худ ва хонавода ва ишқу шодмонии худро дар оташи хашм насӯзонед, бояд азму иродаи худро тақвият кунед ва маҳори хашму ғазабро тамрин кунед. Аз Худованд мадад бихоҳем, ба маънои воқеӣ рӯза бигирем ва аз намоз кӯмак бигирем.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.