Оё варзиш ба ман дар ҳангоми ҳомиладорӣ кумак мекунад(қисмати дуввум)

89

Оё мумкин аст варзиш барои ман зараровар бошад?

Бархе аз хонумҳои ҳомиладор бояд дар замони варзиш, муроқибати бештаре аз худ ба амал оваранд. беҳтар аст пеш аз шурӯи ҳар навъ барномаи варзишӣ, бо духтур машварат кунед агар шумо:

– Собиқаи бачапартоӣ доштаед;

– Дар гузашта таваллуди фарзанд зудрас доштаед;

– Медонед, ки ин бор дар маърази хатари таваллуди фарзанди зудрас қарор доред;

– Медонед, ки дучори оризаи поин қарор гирифтани ҷуфт ҳастед;

– Хунрезии ошкор доштаед;

– Дар камар ё азулаҳои рони худ мушкиле доред;

– Аз қабл, дучори як мушкили пизишкӣ ё мушкили хоссе ҳастед;

– Фишори хуни бисёр болое доред;

– Эҳтимол дорад, ки дугоник ҳомиладор бошед.

Ман як барномаи варзишии тақрибан сангин дорам. Оё идомаи он дар даврони ҳомиладорӣ муносиб ва хуб аст?

Агар шароити умумии бадани шумо муносиб бошад метавонед ба барномаи худ идома диҳед. Аммо ҳатман пизишки худро дар ҷараёни идомаи барномаи варзишии худ қарор диҳед.

Кадоми варзишҳо беҳтарин интихоб барои даврони ҳомиладорӣ ҳастанд?

Пиёдагардӣ, оҳиста давидан, шино, истифода аз дучархаҳои собит (хонагӣ) ва варзишҳои обии сабук махсуси даврони ҳомиладорӣ, то замоне, ки беш аз ҳад ба онҳо напардозед муносиб ва амн ҳастанд.

Агар то кунун ҳаргиз варзиш накарда бошам, бояд муроқиби чӣ мавориде бошам?

То замоне, ки пизишк ё доятон манъе барои варзиш дар назар нагирифта бошад, метавонед барномаҳои варзишиии сабук ё мутавасситро идома диҳед. Варзишҳои кам фишору сабук ҳамчун пиёдагардӣ ё шиноро интихоб кунеду муддат замони тамрини худро кутоҳ дар назар гиред. Ҳамчунин метавонед дар дарсҳои вижаи даврони ҳомиладорӣ ширкат намоед, то итминон ҳосил кунед, ки варзишҳо ва тамринҳо барои шумо комилан амну муносиб ҳастанд.

Оё бояд барномаи варзишии худро дар давраҳои мухталифи ҳомиладорӣ тағйир диҳам?

Бале. Ҳатто агар шумо қабл аз ҳомиладорӣ низ варзиш мекардед, табиатан алоқа хоҳед дошт то ҳаҷму шиддати барномаи варзишии худро коҳиш диҳед то бо раҳими дар ҳоли рушди шумо созгор бошад. Илова бар ин бояд қоидаҳои куллии варзиш барои хонумҳои ҳомиладорро низ риоя кунед. Ба вижа дар се моҳаи аввали ҳомиладорӣ лозим аст, ки аз гарм шудани беш аз ҳадди бадан ҷилавгирӣ кунед. Пас аз се моҳаи аввал низ бояд аз тамринҳо ё варзҳое, ки лозим аст барои муддати тулонӣ бар рӯйи пушти худ дароз бикашед ё дар як макони собит истед, даст кашед, зеро сабаб хоҳанд шуд, ки хун расонӣ ба раҳиму кудак коҳиш ёбад.

Кадом намуди варзиш барои ҳомиладорӣ тавсия дода намешавад?

Варзиҳое, ки эҳтимол ба замин афтодани шадид дар онҳо зиёд бошад, ё ҳатто эҳтимоли аз даст додани таъодул дар онҳо вуҷуд дошта бошад, гузинаҳои муносибе барои хонумҳои ҳомиладор нахоҳанд буд. Ин варзишҳо шомили асбсаворӣ, жимнастик ва анвои лижаронӣ ҳастанд. Илова бар ин аксари пизишкону дояҳо тавсия мекунанд, ки пас аз се моҳаи дувум, ҳатто агар як дучарха савори бо маҳорат ҳастед, дучарха савориро канор гузоред; зеро эҳтимоли афтодан дар он вуҷуд дорад. Бо ин ҳол метавонед аз дучархаҳои собит то замоне, ки алоқаманд бошед истифода кунед.

Ман аз куҷо донам, ки барномаи машқи ман хеле вазнин аст ё не?

Ба таври куллӣ барномаи варзишӣ набояд сабаби хастагии шадид дар шумо шавад. ба вазъияти бадании худ тавваҷӯҳ кунед ва дар сурате, ки эҳсоси хастагӣ кардед, тамринро мутаваққиф кунед. Аз онҷое, ки кислородаи камтаре барои тамринҳои аэробикӣ дар ихтиёри андомҳои шумо қарор мегирад, дар даврони ҳомиладорӣ, зарабони қалби шумо бояд ҳадди аксар ۶۰% бештар аз ҳолат оддӣ шавад. Бархе аз хонумҳо хоҳиш доранд, ки зарбони қалби худро дар ҳангоми варзиш кантрол кунанд, аммо шумо ҳаргиз набояд танҳо бар зарабони қалби худ такя кунед, зеро мизони зарабони қалб дар тӯли даврони ҳомиладорӣ тағйироти васиъе дорад. Як қонуни куллӣ ин аст, ки: Агар наметавонед дар тӯли тамрин, як муколамаи оддиро ба роҳатӣ анҷом диҳед, суръати тамрини худро кам кунед.

Дар сурате, ки яке аз ин маворидро мушоҳида кардед, фавран варзишро бас кунед: чархзадани сар, сахт шудани нафаскашӣ, эҳсоси сустӣ ё беҳушӣ, хунрезии маҳбал, эҳсоси душворӣ дар роҳ рафтан, дарди шикам ё исти ғайри маъмулии ҳаракати кудак. Тавваҷӯҳ дошта бошед, ки бештар кудаки шумо дар тӯли тамрини шумо, бисёр сокиту ором хоҳад буд.

Пас аз таваллуди фарзанд, кадом варзишҳоро метавонам анҷом диҳам?

Аксари модарон дуст доранд бидонанд, ки чӣ замоне метавонанд анҷоми тамринҳои варзиширо барои коҳиши вазну бозёбии таносуби андоми худ шурӯъ кунанд. Шояд бозгардондани бадан ба ҳолати табиӣ муҳимтарин хостаи шумо пас аз таваллуди фарзанд бошад, аммо шумо бояд ин корро ба оромӣ оғоз кунед. Якум, бояд донед, ки аз лиҳози физикӣ бадани шумо омодаи оғози фаъолият мебошад. Онгоҳ метавонед кори бозёбии андоми қаблии худро бо анҷоми теъдоде аз тамринҳои кашишӣ ва истиқоматӣ оғоз кунед. Ҳар замон, ки омодагии кофӣ дар шумо эҷод шуд, метавонед теъдоде аз тамринҳои варзишии дигарро низ оғоз кунед. Агар таваллуди фарзанди шумо аз тариқи ҷарроҳӣ буда аст, метавонед ҳар замон, ки эҳсоси омодагӣ кардед, тамринҳои орому сабуки шикаму ронро оғоз кунед, ки ин амр сабаби афзоиши суръати беҳбуди шумо хоҳад шуд.

Агар хунрезии нав аз маҳбалро мушоҳида кардед, эҳтимолан фаъолияти бадании беш аз ҳад анҷом додаед ва бояд истироҳати бештаре бикунед.

Пас аз таваллуди фарзандам, ман аз сабаби корҳои бисёр варзиш карда наметавонам. Шумо ба ман чӣ пешниҳод мекунед?

Пайдо кардани вақти кофӣ барои варзиш кардан низ барои як модар, ки таваллуди фарзанд карда аст, сахт хоҳад буд. Аммо роҳое вуҷуд дорад, ки кудаки худро ҳам дар фаъолияти варзишӣ ба ҳамроҳи худ бибаред, ва ё инки замонеро барои анҷоми ҳаракатҳои варзишӣ дар ҳангоми анҷоми корҳои рӯзмарраи кудаки худ пайдо кунед. Ҳатто як пиёдагардии сариъи рӯзона ба тарафи парки наздики маҳали истиқомататон, бо ҳамроҳ бурдани колискаи кудак, метавонад ба шумо кумак кунад то вазъияти бадании беҳтаре пайдо кунед. Ё анҷоми тамриноти ҳаракати пойҳо ҳангоме, ки бо кудаки худ бозӣ мекунед. Ҳар кас баста ба шеваи зиндагии худ метавонад як ё чанд тамрини варзишии содаро батаври рӯзона ё ҳафтагӣ дар барномаи худ гунҷонад.

Оё варзиш ба ман дар ҳангоми ҳомиладорӣ кумак мекунад(қисмати аввал)

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.