Хусусиятҳои навҷавон(қисмати аввал)

190

Марҳилаи навҷавонӣ марҳилаи бисёр муҳим барои навҷавон ва душвору дақиқ барои падару модари ӯст. Лозим аст бо хусуиятҳои навҷавон ошно шуд то бо ӯ муомилаи дуруст кард. Инак намунае аз он хусусиятҳо пешкаши шумо мегардад.
1. Навҷавонӣ синни шахсиятёбӣ ва шахсиятталабӣ аст. Навҷавон мехоҳад худро фарди муҳим нишон диҳад.
2. Навҷавонӣ синни худнамоӣ аст. Навҷавон мехоҳад ва ҳамеша пофишорӣ мекунад, ки корҳои худро ба рухи дигарон бикашад.
3. Навҷавонӣ синни бебокӣ ва иқдом аст. Навҷавон дар бисёре аз маворид дил ба дарё мезанад, дар ҳоле ки дар бораи он хуб фикр накардааст.
4. Навҷавонӣ синни хабарофаринӣ аст. Навҷавон ҳозир аст гоҳе фидокорӣ ва аз худгузаштагӣ нишон диҳад.
5. Навҷавонӣ синни харобкорӣ аст. Навҷавон мумкин аст ба худ ё дигарон осеб бирасонад.
6. Навҷавонӣ синни ғурур ва баландпарвозӣ аст. Навҷавон ормону орзуҳои бузург дар сар дорад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.