Мехоҳам кӯдаки солим дошта бошам

43

Мехоҳам кӯдаки солим дошта бошам

Кӯдаки солим чӣ хусусиятҳое дорад?

Барои он ки кӯдакамон солим бошад, бояд чӣ кор кунем?

Дар ҷавоби ин савол ки як кӯдаки солим чӣ хусусиятҳое дорад, бояд гуфт, ки саломатии кӯдаки шумо аз ҷиҳати ҷисмонӣ равонӣ ва иҷтимоӣ мавриди назар аст.

Кӯдак бояд аз рушди муносибе бархурдор бошад, то битавонад дар ҳамаи абъод пешрафт кунад.

Ба ҳамин хотир, барои ин ки фарзанди солиме дошта бошед, лозим аст, ки ба тамоми ин абъод ва ҷиҳатҳо таваҷҷӯҳ кунед.

Кӯдаки солим чӣ хусусиятҳое дорад?

Кӯдаки солим кӯдакест, ки дартамоми ҷанбаҳои зиндагӣ, равоноӣ ва иҷтимоӣ аз рушди муносибе бархурдор бошад ва битавонад ҳар як аз мароҳили рушдро бо муваффақият пушти сар гузорад ва аз паси тамоми буҳронҳои мавҷуди давраҳои мухталиф гузар кунад.

Хусусиятҳои ҷисмонии кӯдаки солим

Одатан падару модарҳо ба саломатии ҷисмонии фарзанди худ аҳамияти бештаре медиҳанд ва дар ин бора огоҳиҳои бештаре доранд.

Ба таври куллӣ метавон дар мавриди вижагиҳои ҷисмонии кӯдаки солим ба мавориди зер ишора намуд:

Доштани иштиҳои кофӣ барои дарёфти маводди ғизоии мавриди ниёзи бадан;

Доштани дандонҳо ва даҳони солим. Вазъияти солими даҳону дандон нишондиҳандаи дарёфти кофии маводди маъдании зарурӣ, монанди анвои витоминҳо аст;

Доштани пӯсти солим ва беҳбуд ба мавқеи он ҳангоми захму ҷароҳат. Камбуди витоминҳо С, А ва Е, маъмулан ба эҷоди мушкилоти пӯстӣ дар кӯдак меанҷомад.

Гармии муносиби бадан – таби одӣӣ – дамо ва таби муносиби бадан бахусус дарнавзодон ва кӯдакони зери ду сол бисёр аҳамият дорад. Ба таври табиӣ таби бадан бояд байни 36 ва 37 дараҷа бошад. Дамои беш аз ҳадди табиӣ ва таб дар кӯдакон бояд зуд дармон шавад, чаро ки пойдор будани ин вазъият метавонад ба мушкилоти хатарноке монанди ташаннуҷи (беҳушӣ ва аз ҳол рафтан) кӯдак бианҷомад.

Вазъияти муносиби рушди муйҳо. Рушди муйҳо метавонад аломати хубии вазъияти саломатии кӯдаки шумо бошад чаро ки хурду хуроки муносиб ба тарзи возеҳе бар вазъияти муйҳо таъсир мегузорад. Дар натиҷа, кӯдаконе ки кам хурок мехуранд ва маводди ғизоии камтаре дарёфт мекунанд маъмулан муйҳои кампушттар, нозуктар ва шикандадатаре хоҳанд дошт.

Доштани ҳаракоти табиӣ ва набуди таъхир дар дастёбӣ ба хусусиятҳои рушдӣ, назири роҳ рафтан, давидан, ҳарф занад ва ғайра…

Дар навиштаҳои баъдӣ, ба милок ва меъёрҳои саломатии равонӣ ва иҷтимоии кӯдак ба таври муфассал суҳбат хоҳем дошт.

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.